casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

         Доир ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамакнун тӯли 33 аст, бо ба даст омадани он Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардида, ҳадафҳои созандаи худро, ки на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми мардуми сайёра фоидаовар аст, амалӣ менамояд, метавон садҳо китоб навишт. Зеро ҳарчи тоҷик имрӯз дорад аз баракати Истиқлолият аст. Яке аз муҳимтарин дастоварди Истиқлолият баланд гардидани ҳувияти миллии мардуми мо, ки барои як миллати ободу сарҷамъ будани тоҷик бисёр зарур буду ҳаст. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳувияти худро сайқал додан ва ҳифз намудани мардуми тоҷик шароиту фазои созгор ба миён овард. Имконият шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик баъд аз нооромию парокандагиҳои зиёд рӯ ба фарҳангу худшиносии миллӣ биёрад, таърихи гузаштаи худро дар фазои соҳибихтиёрӣ биёмӯзад. Пешвои муаззами миллат дар ин маврид хеле олӣ баён намудаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Аз ин ҷост, ки Истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама барои аз ҳама чизи муҳим дар ҳаёти мамлакат ташаккули худогоҳии миллӣ, шароит фароҳам овард. Масъалаи ҳувият дар давлатдорӣ ва ҳифзи он нақши калиди дорад. Хусусияти равонии инсон, ҳар як шаҳрванд барои муттаҳидӣ, ҳамватанӣ як марому як ҳадаф доштан, рӯҳи як миллат будан бисёр муҳим аст, ки ҳувияти миллӣ ҳамаи ин хусусиятро дорад. Барои дарки масъала, хуб сарфаҳм рафтан ба мазмун ва муҳтавои калимаи «ҳувият», ки дар донишномаҳо дарҷ гардидааст, шояд басанда аст: «Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оиди мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоҳир месозанд». Ҳамин ҳувиятро Истиқлолияти деринтизору бо заҳматҳои зиёд ба дастовардаи миллати тоҷик ташаккул медиҳад. Он хиради азалие, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дошт, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар соҳиб гардид. Миллати тоҷик ба мушкилотҳое, ки дучор гардид дар гузашта, ҳамаи онро бо қувваю тавонии худ бартараф намуд, ҳамеша соҳиби тақдири худ дар он давраҳои мушкил буд, ки нишони як миллати бузург буданаш аст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат иброз дошта буданд: «Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯ ба рӯ гардид. Вале мардуми кишвари мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиҳони фоҷиабор гузаштанд ва ба аҳли башар нишон доданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд, Ватани хешро аз ҳар гуна мушкилоту озмоишҳо раҳо бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд».  Воқеан, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастури Пешвои миллат чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардиданд, ба монанди «Фурӯѓи субҳи доноӣ…», «Илм-фурӯѓи маърифат», «Тоҷикон – оинаи тахрихи миллат», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва садҳо чорабиниҳои дигар, ки маҳз файзи Истиқлолият аст ва тоҷиконро ба асли худ ошно месозад. Муфассал ...
Хондан 102 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Заминаҳои таърихӣ - сиёсии ташаккул ёфтани принсипи эҳтироми ҳатмии ҳуқуқи соҳибхтиёрии ҳар як халқ

 Дар давраи инқилоби Фаронса консептсияҳои халқ ва давлати миллӣ тартиб дода шуданд, ки онҳо минбаъд барои ташаккули консептсияи нави муносибатҳои байналмилалӣ асос гардиданд. Минбаъд, дар охири асри XIX ҳаракати худмуайянкунии халқҳо ба вуҷуд омад, он бар ғояи доштани ҳуқуқи ҳар як халқ ба давлат ва истиклолияти худ асос ёфтааст.
Дар ин қарина инчунин Эъломияи машҳури принсипҳои Барномаи Вилсон (1918), ки аз ҷониби Президенти Амрико Вудро Вилсон дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ таҳия шуда буд, қобили таваҷҷӯҳ аст. Он 14 моддаро дарбар мегирад, ки аз чунин ғояҳои асосӣ иборат аст: Муфассал ...
Хондан 75 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Заминаҳои таърихӣ - сиёсии ташаккул ёфтани принсипи эҳтироми ҳатмии ҳуқуқи соҳибхтиёрии ҳар як халқ

 Дар давраи инқилоби Фаронса консептсияҳои халқ ва давлати миллӣ тартиб дода шуданд, ки онҳо минбаъд барои ташаккули консептсияи нави муносибатҳои байналмилалӣ асос гардиданд. Минбаъд, дар охири асри XIX ҳаракати худмуайянкунии халқҳо ба вуҷуд омад, он бар ғояи доштани ҳуқуқи ҳар як халқ ба давлат ва истиклолияти худ асос ёфтааст.
Дар ин қарина инчунин Эъломияи машҳури принсипҳои Барномаи Вилсон (1918), ки аз ҷониби Президенти Амрико Вудро Вилсон дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ таҳия шуда буд, қобили таваҷҷӯҳ аст. Он 14 моддаро дарбар мегирад, ки аз чунин ғояҳои асосӣ иборат аст: Муфассал ...
Хондан 72 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ

 Дар таърихи навини Тоҷикистон се рӯйдоди муҳим дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ба саодати комил расидани миллат нақши муҳим бозидааст: ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, баргузории иҷлосияи   таърихии XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихии худро вусъат бахшида, истиқбол аз онҳо шукуҳу шаҳомати хосаро касб кардааст. Арзишмандии ин санаҳои муҳимми таърихӣ дар он аст, ки рӯз аз рӯз заминаҳои ҳуқуқии ҳифзу нигаҳдории худро устувор гардонида, таҷлили ботантанаи онҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадаааст. Ва имрӯз ҳамчун ҷашнҳои давлатӣ бо ба инобат гирифтани тамоми рукнҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба анъанаву расму оини ниёкон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва эҳёи суннатҳои гузашта таҷлил карда мешавад. Муфассал ...
Хондан 69 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia