casino malaysia
casino malaysia
Ҳифзи ҳуқуқҳои кудак дар оила.

wrapper

            Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
     Меъёрҳои  қонунгузории  оилавӣ на танҳо барои  ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ  ҳифз ва мустаҳкам намудани оила равона гашта инчунин ин меъёрҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконро  ҳифз менамояд.
Дар қонунгузории оила ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳалли масъалаҳо ба ихтиёри суд вогузор карда шудааст, ки ин ҳолатҳои вогузори ба ихтиёри суд метавонанд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон таъсир расонад. Чунончӣ суд метавонад бо назардошти манфиати фарзандони ноболиѓ ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумияшон  зиёд кунад ( қ.2 м39 КО ҶТ),суд хуқуқ дорад алиментдиҳандаро аз аз пардохти қарзи алимент пурра  ё қисман озод намояд (м.115 КО ҶТ)
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати кӯдакон дар қонунгузории оила боз як унсури дигар, яъне вақт пешбинӣ шудааст, ки ин унсур  на танҳо манфиати зан -модар инчунин манфиати кӯдакро низ ҳимоя мекунад. Мутобиқи талаботи қисми 1-и м17-и КО ҶТ шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани никоҳ даъво пешниҳод намояд.
      Маҳдудкунӣ танҳо бо мақсади ҳимояи саломатии зан ва тифли навзод пешбинӣ шудааст, зеро бекор намудани ақди никоҳ ба ҳолати равонии занон ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди навзод таъсир мерасонад ва ин ҷараён ба ҳолати равонии кӯдаки навзод низ бетаъсир намемонад.
Тибқи талаботи қонунгузории оилаи ҶТ судҳо ҳангоми баррасии  парвандаҳои  бекор намудани  ақди никоҳ чораҳо барои барқарор намудани оилаи тарафҳо  андешида ба онҳо барои оштӣ шудан муҳлат медиҳад. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки муҳлати оштишавие, ки суд барои тарафҳо муқаррар мекунад самараи дилхоҳ медиҳад, яъне оилаи тарафҳо барқарор гашта онҳо ба маҷрои зиндагии муқаррарӣ бармегарданд мутобиқи талаботи қисми 4-и модаи 65 КО ҶТ ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндаги кардани волидон бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси волидонро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънави ва дигар сифатҳои хосаи волидон, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он (навъи фаъолият, низоми кори волидон, вазъи модди ва оилавии волидон ва ѓайраро) ба инобат мегирад.
Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу уҳдадорӣ мебошанд.
 Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд дар м.м. 7,8-и Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешбинӣ карда шудааст, ки дар сурати вайрон намудани талаботҳои м.8-и қонуни зикргашта, падару модар тибқи талаботи м.90 КҲМ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
     Тарбия дар оила ин кафолати меъёрии ҳуқуқии ҳар як кӯдак аст, ки дар қ. 2, м. 55 КО ҶТ муқаррар гардидааст ва мутобиқи он ҳар як кӯдак ҳуқуқи дар оила зиндагӣ кардан ва тарбия ёфтанро дорад. Кӯдак ҳуқуқи аз тарафи падару модар ғамхорӣ кардан, таъмини манфиатҳои ӯ, инкишофи ҳаматарафа, эҳтироми шарафи инсонии ӯро дорад.
      Ҳар як оила захираи тарбиявии худро дорад, яъне маҷмӯи имкониятҳои моддӣ, миллӣ, равонӣ, педагогӣ, маънавӣ, эҳсосотӣ барои тарбияи кӯдак зарур мебошад.
Барои он ки кӯдак тарбия ёбад, шароити муайянро муҳайё намудан лозим аст: шароити маишии якҷояи оилавӣ; мавҷудияти расму оинҳои оилавӣ; муҳити мусоиди таъсирбахши оила; муошират ва фаъолияти якҷоя; фаҳмидан ва қабул намудани кӯдак; ҳисси қарзӣ ва масъулиятшиносӣ дар тарбияи кӯдакон; фарҳанги педагогии падару модарон (таҳлил карда тавонистан, ба нақша гирифтан, фаъолияти тарбиявиро ташкил намудан, доштани саводнокии равонӣ-педагогӣ, обрӯву эътибори падару модар); ташкили муҳити ҳаётии кӯдак.
Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият доранд (м. 63, КО ҶТ). Қонунгузорӣ эътироф менамояд, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, ки аз тарафи падару модар манфиатҳои ӯ ҳаматарафа таъмин карда шавад. Бинобар ин падару модар на танҳо ҳуқуқ доранд, балки уҳдадоранд, ки ба фарзандон тарбияи шоиста дода, оид ба ҳолати рӯҳӣ, равонӣ ва саломатии ҷисмонии он ғамхорӣ зоҳир намоянд.
      Кӯдак ҳуқуқи тарбия бо падару модар, таъмини манфиатҳо, инкишофи ҳаматарафа, эҳтироми шаъну шарафи инсонии худро доро мебошад. Аз ҷониби падару модар муҳайё намудани шароити мусоид дар оила, ки шаъну шарафи кӯдакро таъмин менамояд, омили зарурии тарбияи кӯдак ба шумор меравад.
Мафҳуми амалӣ намудани ҳуқуқи падару модар дар тарбияи кӯдак, ҳамчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарро дар тарбияи кӯдак фаро мегирад. Мутобиқи м. 65 КО ҶТ ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар набояд бархилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад
       Падару модарон ҳуқуқҳои зеринро бо риояи шарти иҷрои талаботи қ. 2, м. 65 КО ҶТ истифода менамоянд, ки мутобиқи он усулҳои тарбияи кӯдакон ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё сӯистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.
Мутобиқи қ. 2, м. 65 КО ҶТ падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои падару модар барои тарбия дар мухолифат бо манфиати кӯдакон масъулияти ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Масъулиятро дар ин самт ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст: масъулияти оилавӣ-ҳуқуқӣ, масъулияти маъмурӣ ва масъулияти ҷиноятӣ. Хусусиятҳои танзими меъёрии муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, ки бо тарбияи ноболиғ дар оила робита дорад, аз имкониятҳои истифодаи масъулияти оилавӣ-ҳуқуқии дар КО ҶТ пешбинишуда иборат аст. Чунин масъулият дар забони ҳуқуқӣ бо мафҳуми «маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ» ифода карда мешавад, ки оқибати ба пуррагӣ қатъ намудани алоқаи ҳуқуқии кӯдак бо падару модари ӯро ба миён меорад, яъне бо шахсоне, ки ба сифати падар ва модар дар шаҳодатномаи таваллуди ноболиғ навишта шудааст.
       Падару модароне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гаштааст, ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки дар асоси далели хешовандӣ бо кӯдак доштанд,аз даст медиҳанд: аз тарбияи шахсии фарзандони худ, аз муошират бо фарзандон, аз ҳифзу ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, аз парастории минбаъдаи фарзандони ба балоғат расидаи худ, аз ҳуқуқи қонунии меросгирӣ дар ҳолати фавти писар (духтар).
Омӯзиши адабиёти илмӣ ва таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолатҳо мардон бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдид нисбати ҷабрдидагон ё нисбати наздикони онҳо ё бо истифода аз ҳолати нотавонии ҷабрдидагон амалиёти зӯроварии хусусияти шаҳвонидоштаро содир менамоянд. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки ба м. 69 КО ҶТ тағйирот ворид карда шавад ва асосҳои маҳрум кардани ҳуқуқи падарию модарӣ бо пешниҳоди зерин мукаммал карда шавад: «шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти муқобили дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсӣ нисбати шахсони ба синни 16-солагӣ нарасидаанд, гунаҳгор дониста шудаанд».
    Бо сабаби майзадагӣ сӯистифода аз ҳуқуқи падару модарӣ, муносибати бераҳмона нисбати кӯдакон бо ҳама гуна зуҳуроташ: оғоз аз зӯроварии ҷисмонӣ ва анҷом бо равонӣ, ҳам вобаста ва ҳам новобаста ба сӯиқасд ба дахлнопазирии ҷинсӣ рӯй медиҳад. Вале майзадагии ашаддӣ ҳамчун бемории вазнини рӯҳӣ аз шаробнӯшии маишӣ, ки одатан, ҳоло ҷаҳони иродавии инсонро фаро нагирифтааст фарқ мекунад.
Хамин тариқ,  гуфтаҳои болоиро ба инобат гирифта, ба хулоса омадан мумкин аст, ки имрӯз қонунгузории ҶТ масъалаи ҳифзи ҳукуқи  кӯдаконро дар оила  ба танзим даровардааст. Аммо новобаста аз он қонунгузорӣ такмили минбаъдаро талаб мекунад, зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ дорои хусусияти динамикӣ буда, доимо дар инкишоф қарор доранд.
 
 
Саидзода Муҳаббат Шералӣ – Ходими
пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат
 ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
Emall: muxabbat. This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
 
 
 

 

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia