Шуъбаи сиёсатшиносии Институт 26 декабри соли 2003 таъсис гардидааст. Роҳбари шуъба номзади илмҳои сиёсӣ Муродов Субҳон Абдуқодирович мебошад. Шуъбаи мазкур бо таҳқиқи масоили иҷтимоӣ-сиёсии рушди устувори ҷомеаи тоҷик, пажуҳиши равандҳои сиёсӣ ва масоили такомули ниҳодҳои сиёсии ҷомеаи тоҷик, хусусиятҳои раванди сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омӯзиши масоили амнияти миллӣ ва муайян намудани таҳдидҳои нав ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад. Дар шуъба доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар, номзади илмҳои сиесӣ Ҳакимов Раҷаб, номзади илмҳои сиесӣ Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ ва дигарон фаъолият доранд.
Мудири Шуъбаи сиёсатшиносӣ
Ном насаб ва номи падар: Муродов Субҳонҷон Абдуқодирович
Вазифа: Мудири шуъба
Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар соли 2011. Ҳимояи муваффақи диссертатсияи номзадӣ дар мавзуи «Мавқеъ ва нақши институти миёнаравӣ дар ҳалли низоъҳои иҷтимои-сиёсӣ» дар соли 2015 аз руи ихтисоси 23.00.06 - Низоъшиносӣ.
Муаллифи монографияи «Миёнаравӣ дар низоъҳо: таърих, назария ва таҷриба» ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ. Барои хизматҳои шоиста дар рушди илм дар соли 2019 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломи олими ҷавони сол сарфароз гардонида шудааст.
Самтҳои таҳқиқот: Низоъшиносӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғ.
Суроғаи электронӣ (е – майл): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Ном насаб: Ким Виктор Михайлович
Вазифа: ходими хурди илмӣ
Дараҷа ва унвони илмӣ: унвонҷӯ
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва қасбӣ: Хатми Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанбе дар соли 1981. Аз соли 2016 то ҳол унвонҷўи ҳамин Институт. Айни замон ба навиштани рисолаи номзадии хеш дар мавзуи «Равандҳои муосири ташаккулёбии диаспораҳои тоҷик дар контексти муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва диаспораҳо» аз руи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ машғул мебошад. Муаллифи китоби «Аналитический обзор положения национальных меньщинств Республики Таджикистан» ва зиёда аз 10 мақолаи илмӣ.
Самтҳои таҳқиқот: муносибатҳои миллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, идеологияи миллӣ, сиёсати дохилӣ ва ғ.