casino malaysia
casino malaysia
Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

wrapper

  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шуъбаи давлат ва ҳуқуки Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда буд (1992-2005)), Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Буризода Э.Б. ба зимма дорад.
  Он нисбат ба шуъбаҳои дигари бахши ҳуқуқ таърихи тулонитар дорад. Нахустин шуъбаи ҳуқуқшиносии академӣ-Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ дар Институти таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида ба фаъолият шурӯъ мекунад. Соли 1991/92 бо кушиши мақомоти давлатӣ ва Раёсати ҳамонвақтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид намудани бахши фалсафа ва Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ Институти фалсафа ва ҳуқуки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Шуъба дар ҳайати Институти мазкур то соли 2005 фаъолият намуд. Дар таҳқиқоти мавзуоти гуногуни илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос академик Тоҳиров Ф.Т., профессорон Менглиев Ш.М, Раҳимов М.З., Имомов А.И., номзадҳои илм М.С. Ҳайдарова, Буризода Э.Б., Носиров Х.Т., Ғаюров Ш.К., минбаъд Гадоев Б.С., Маликова А.Ҳ. ва дигарон саҳми худро гузоштаанд.
Бо таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ Шуъбаи мустақили таърихи давлат ва ҳуқуқ ба фаъолият шурӯ намуда, заминаи ташкили шӯъбаҳои нав – Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ ва Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ ва муқоисавӣ мегардад. Соли 2010 дар заминаи мутахассони Шуъба, Шуъбаи ҳуқуки исломӣ ташкил гардид, ки то декабри соли 2014 фаъолият мекард ва минбаъд декабри соли 2014 барҳам дода шуда, кормандони он ба Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ интиқол дода шуд.
Дар Шуъба ҳамагӣ 10,5 басти корӣ мавҷуд буда азҷумлаи ходимони илмӣ се нафар доктори илм (мудири Шуъба Э.Б. Буризода,  сарходими илмӣ Маҷидзода Ҷ.З.(0.5 баст), сарходими илмӣ Назарзода Н.Ҷ. .(0.5 баст)) ду нафар ходимони пешбар ( Абдулхонов Ф.М., Расулов Ф.М.), ходими калони илмӣ, н.и.ҳ. (Холинова М.М., Наботов М.А.) ходими хурди илмӣ, (Ҳамидова З.Ҳ. (0.5), Набиев Ф.С., Мирзоалиева М.А., Дилшодзода С.Д. (0.5 баст), Кучарова Б. (0.5 б), мебошанд.
Ҳамагӣ ба кори илмӣ - тадқиқотӣ ва таҳияву нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.
  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2020 оид ба мавзӯи илмии тадқиқотӣ: "Нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории шӯравӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (2018-2022) " Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шуъба як қатор корҳои таҳияву чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ  нашр гардидаанд.
  Аз ҷониби ходимони илмии Шуъба чунин корҳои табъу нашр ба анҷом расонида шудааст: Маҷаллаи Академии ҳуқуқ. 2012-2019 аз ҷониби И.Б. Буриев таҳия гардидааст; Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ Тоҷикистон, 2014-2019 то раками 1., аз ҷониби И.Б. Буриев таҳия шудааст; Буриев И.Б.  Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1. Душанбе, 2014. 268 с. 16,5 ҷ.ч.; Буриев И.Б дар ҳаммуаллифӣ. Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. Душанбе: Дониш, 2014. 837 с. муаллифи боби 1. Рушди ғояҳо ва ниҳодҳои давлатдории таърихии тоҷикон. С.13-63. 3 ҷ.ч.; Зоиров Д.М. Таджики.  От государства Саманидов до суверенной государственности (Историко-правовой анализ). Санкт-Петербург: Рэноме, 2014. 287 с. 17 ҷ.ч.; Зоиров Ҷ.М. Конституции Республики Таджикистан -20 лет. Душанбе: Эрграф, 2014. 152 с. 9,5 п.л.    Ҳамагӣ 46  ҷ.ч. асарҳо нашр намудааст. Тоҳиров Ф.Т. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.)  / Ф.Тохиров // – Душанбе: Дониш, 2019. ­ –1020 с.; Буризода Э.Б., Бобокалонов Ғ.М. Шахсияти бузург ва олими соҳибмактаб (бахшида ба 80-солагии зодрӯзи академик Фозил Тоҳиров)-Душанбе: Матбааи ДМТ, 2019. -64 с. 4 ҷ.ч.; Олими соҳибмактаб. Биобиблиография (бахшида ба 80-солагии академик Фозил Тоҳирович Тоҳиров) / Муҳаррири масъул, проф. Буризода Э.Б. –Душанбе: Нашри Мубориз, 2019. -260 с. 17 ҷ.ч.; Буризода Э.Б.  Фасли 1. Боби 1. Рушди ғоя ва падидаҳои ҳуқуқӣ - конститутсионӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон. –С.14-78 // Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуки давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ.  –Душанбе: Дониш, 2019. – 620 с.; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоили таърихи пайдоиш ва нақши он дар рушди падидаҳои давлату ҳуқуқ (Бахшида ба25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) //Муҳаррири масъул, проф. Э.Б.Буризода. – Душанбе, 2019. -294 с.; Маҷидзода Ҷ.З. , Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ) / Муҳаррири масъул проф. Э.Б. Буризода . –Душанбе: Маориф, 2019. –240 с.; Абдулхонов Ф. М.  Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд /  Таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Раҳмон Озода Эмомалӣ. (Монография).  – Душанбе, 2019  Ҷ. 1 ва 2.  Муаллифи  бобҳои  4. 4.4. – 347-365, боби 4.5. – 365-382; Ҷ.2.  боби 5. 5.1. –С.72-79, Ҷилди 2, боби 5.8.  –139-149, боби 5.9. -149-169.; Муҳаққиқӣ давлатдории миллӣ //Мураттибон Назарзода Ҷ.Н., Абдулхонов Ф.М.  / Муҳаррирони масъул Маҷидзода Ҷ.З.  –Душанбе: Меҳргон, 2019.  188 с. 11ҷ.ч.; Мирзоев С.Б. Сиёсати  сарҳадӣ дар ҶТ. – Душанбе: Матбааи ЭР-Граф, 2019. - 300 с.; Мирзоев С.Б. Сиёсати  зиддикорупптсионӣ дар ҶТ. –Душанбе: Матбааи ЭР-Граф, 2019. - 150 с.
Ходимони илмии Шуъба ҳамасола тақрибан ба миқдори 240-270 ҷ.ч. дар шакли монография, китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, илмию омммавӣ таҳия ва нашр менамоянд.
  Шуъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои бахшида ба  Рузи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам  иштироки фаъолона дошт. Ходимони илмии Шуъба дар кори Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ, рисолаҳои докторӣ аъзо буда, фаъолона иштирок менамоянд. Ходимони илмии Шуъба дар машваратҳои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии АМИ Тоҷикистон иштирок доштанд.
  Ходимони илмии Шуъба ҳамасола иштирокчии зиёда аз 30  конфронс, симпозиум, семинар ва машваратҳо буданд.
Ходимони илмии Шуъба дар тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, Паёми Президенти кишвар фаъолона иштирок дошта, Маҷидзода Ҷ.З. вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буриев И.Б. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардида дар ин самт  фаъолона кор мебаранд.
  Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ яке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор меравад.
 Самтҳои таҳқиқот: таърихи давлати тоҷикон, суннтаҳои давлатдорӣ, давлатдории миллӣ, идомати падидаҳои ҳуқуқӣ, ниҳодҳои давлатдорӣ; падидаи васояту парасторӣ, масоили таърихии рушди кодификатсия, масоили таърихи пайдоиш ва рушди назорати молиявӣ, рушди принсипиҳои ҳуқуқӣ, марҳилаҳои пайдоиш ва рушди ниҳодҳои адолати судӣ ва истеҳсолоти судӣ, таҳавулоти ҳуқӯки зан ва оила дар таърихи тоҷикон ва ғайра.

Ҳайати кормандони Шуъба:

 

Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

Ному насаб: Буризода Эмомалӣ Бозор

Вазифа: Мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои  ҳуқуқ, профессор.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: 

Рисолаи номзадӣ-Мавзӯъ: "Амали ҳуқуқи мусалмонӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ (асри 8–ибтидои асри 20). Душанбе (1998).дар шӯрои диссертатсионии назди ДМТ 4 июни соли 1998 ҳимоя намудааст.

Рисолаи докторӣ-Мавзӯъ: "Ташаккул ва рушди ниҳодҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистони то шӯравӣ". Маскав (2010). Дар Шӯрои дифои диссертасияҳои докторӣ ва номзадии назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия (ш.Москва, ФР) 16 феврали соли 2010 ҳимоя кардааст.  

Самтҳои таҳқиқот: масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат; таърихи ҳуқуқ ва давлат; ниҳодҳои давлатдорӣ ва ҳуқуқ, ниҳодҳои адолати судӣ, назарияи ташкилӣ, геополитика, ҳуқуқи исломӣ, таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ.

 Таҳти роҳбарии Буризода 6 нафар рисолаи номзади илмҳои ҳуқуқ ҳимоя карданд.Узви Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар соҳаи ҳуқуқ (солҳои 2008 то 2016). Узви Комиссияи ташхиси КОА назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон  дар самти ҳуқуқшиносӣ (солҳои 2017-2019)

Узви ду Шӯрои диссертатсионии ВАК-и ФР.  

Муаллифи зиёда аз 290 асари илмӣ, аз ҷумла 6 монография,  2 луғатнома, 1 луғати тафсирӣ, 10 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, корҳои таҳрирӣ, боқимонда мақолаҳои илмию тақризҳо мебошад.

Асарҳои муҳимтарини муаллиф: "Амали ҳуқуқи мусалмонӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ (асри VIII – ибтидои асри ХХ". (Душанбе, 1999. 206 с. ба забони русӣ); "Баъзе масоили мақоми ҳуқуқии мансабдорони давлатӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ" (Душанбе: Ирфон, 2005.); Ташаккул ва рушди ниҳодҳои давлатдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон (марҳилаи тошуравӣ). (Душанбе: Ирфон, 2008. 294 с.); Ниҳодҳои судии давлатдории тошуравии Тоҷикистон (Душанбе: Ирфон, 2010. 188 с.) ва китобҳои дарсии "Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон қисми 1" ба забони тоҷикӣ (Душанбе, 2000, 2007, 2013, 2014, 2020) ба забони русӣ (Душанбе, 2007) "Таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ" (Душанбе, 2002), " Масоили назарияи умумии ҳуқук ва давлат" (Душанбе, 2003).

Буриев И.Б. узви Шӯрои муттаҳидаи дифои диссертатсияҳои номзадӣ ва доктории назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ДМТ ва ДРТС (аз соли 2008 то 2016) аз рӯи ихтисосҳои 12.00.01 ва 12.00.03 буд. Узви комиссияи ташхиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самти ҳуқӯкшиносӣ (с.2017-2019).

Узви ду Шурои амалкунандаи ҳимояи диссертатсияҳои докторӣ дар ИФСҲ-и АМИ Тоҷикистон мебошад. 

Ҳамзамон ба ҳайси муовини Сармуҳаррири "Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ" (ҳоло "Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон") (аз с.2003 то 2019), Муовини Сармуҳаррири "Маҷаллаи Академии ҳуқуқ" (аз соли 2012 то имруз), узви ҳайати таҳририяи "Ахбори Шуъбаи илмҳои ҷомеъашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" (с.1996 то имруз) фаъолият мебарад. 

Мукофотҳо:

Ҷоизаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2000).

Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ барои олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ (2000).

Ифтихорномаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005).

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).

Медали «Хизмати шоиста» (2016).

Ифтихорномаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018).

Тамос:

Тел. корӣ:  (992-372) 221-65-85;

Тел. ҳамро:  (992) 907 82 90 91;

Суроғаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

 Сарходими илмӣ

Ному насаб: Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир

Вазифа: Сарходими илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқуқ, соли 1997, аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология. Соли 2004 доктори илмҳои ҳуқуқ аз рӯи ихтисосҳои назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ; таърихи илм дар бораи ҳуқуқи давлат ва ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипиалӣ.

Апрели соли 2011 узви вобастаи Академияи илмҳои амнияти умумии дастаҷамъона.

Ноябри соли 2011 Академики Академияи илмҳои умумиҷаҳонии дастаҷамъона.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин соли 1983.

Факултети ташкили идоракунии Академияи ВКД Федератсияи Россия соли 1993 хатм кардааст.

17 августи соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 бо унвони фахрии корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми августи 2012 таҳти № 1321 бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда аз 30 монографияҳо ва 130  мақолаҳои илмӣ.

Дар давраи фаъолияти илмӣ 4-нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, як нафар доктори илм тайёр намудааст. Муқарризи расмии 15- нафар аспирант, унвонҷӯй ва  4-нафар  доктори илм; муқарризи ғайрирасмии дар дифои 16 - нафар унвонҷӯ буданд.
 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб:
Холинова Мижгона Муборакшоевна

Вазифа: ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2008 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ.  Солҳои 2012-2016 унвонҷӯи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Диссертатсияи номзадиро дар мавзӯъи «Таҳаввулоти институти васояту парасторӣ дар таърихи ҳуқуқи тоҷикон» 08 феврали соли 2019  дар Шӯрои диссертатсионии назди ДМТ бомуваффақият ҳимоя намуд.  Муаллифи зиёда аз 27 мақолаи илмӣ.

Барои хизматҳои шоиста дар рушди илм дар соли 2018 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда аст. Ҳамчунин бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст(соли 2017) .

Самтҳои таҳқиқот: таърихи давлат ва ҳуқуқ, пайдоиш ва рушди падидаҳои ҳуқуқи оилавӣ, таърихи ҳуқуқи оилавӣ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи гражданӣ.

Суроғаи электронӣ: mizhogona This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.


 

Ходими пешбари илмӣ

Ному насаб: Расулов Фотеҳ Мирқозиевич

Вазифа: Ходими пешбари илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Донишгоҳи миллии  Тоҷикистонро дар соли 2006 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва Донишгоҳи Русиявию Тоҷикистон (Славянӣ)-ро соли 2015 бо ихтисоси молия ва қарз хатм намудаст. 

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи  «Рушди қонунгузории назорати молиявӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-2014)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рўйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ), таҳти роҳбарии академик Ф.Тоҳиров таҳқиқот анҷом додааст.

Соли 2019 барои хизматҳои шоиста дар рушди илм бо нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Муаллифи як монография ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои илмии феҳристи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВАК-и назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ба қайд гирифташуда мебошад.

Самти таҳқиқот: назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, аз ҷумла дар самти таърихи ҳуқуқ ва қонунгузории молиявӣ, назорати молиявӣ, назарияи ҳуқуқ выа давлат.

Суроғаи электронӣ:  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ходими хурди илмӣ

Ному насаб:
Мирзоалиева Малика Амирхоновна

Вазифа: ходими хурди илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: унвонҷӯ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон дар соли 2019 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ.

Унвонҷӯи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИ Тоҷикистон аз соли 2019.

Айни ҳол  таҳқиқоти рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Таҳаввулоти таърихӣ ва пешомади рушди падидаи узуфрукт дар Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рўи ихтисоси 12.00.01 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқӣ), таҳти роҳбарии дотсент Ҳамроев Ш.С. ва профессор Буризода Э.Б. бурда истодааст. 

Муаллифи чор мақолаи илмӣ.

Самти таҳқиқот: таърихи давлат ва ҳуқуқ, пайдоиш ва рушди падидаи узуфрукт, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи гражданӣ.

Суроғаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Ходими хурди илмӣ

Ному насаб: Кучарова Балхия Давлатмуродовна

Вазифа: ходими хурди илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2013 бо ихтисоси ҳуқуқшинос. Солҳои 2014-2018  аспиранти  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинов АМИТ.

Рисолаи  номзадиро дар мавзӯи «Рушди ниҳоди ҳокимияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон: таҳқиқоти таърихи ҳуқуқӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рўи ихтисоси 12.00.01 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқӣ), таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ Маҷидзода Ҷ.З.  таҳия намуда истодааст. Муаллифи панҷ  мақолаи илмӣ.

Самти таҳқиқот: таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи ниҳоди ҳокимияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон, назарияи давлат ва ҳуқуқ.

 

Ходими хурди илмӣ

Ному насаб: Назриева Шаҳноз Ҷурабековна

Вазифа: ходими хурди илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: унвонҷӯ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2006 бо ихтисоси ҳуқуқшинос.

Унвонҷӯи Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови  АМИ Тоҷикистон  соли 2018.

Айни ҳол  таҳқиқоти рисолаи номзадиро дар мавзўи «Ташаккули судҳои халқии давлатдории тоҷикон  дар  асрҳои XIX ва аввали  асри XX» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рўи ихтисоси 12.00.01. Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқӣ) таҳти роҳбарии дотсент Абдулхонов Ф.М.  бурда истодааст. 

Муаллифи се мақолаи илмӣ.

Самти таҳқиқот: таърихи давлат ва ҳуқуқ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноятӣ.

Суроғаи электронӣ: suhrob79@gmail.com  

 

 Ходими хурди илмӣ

Ному насаб: Набиев Фатҳиддин Суҳробович

Вазифа: Ходими хурди илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ:

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро дар соли 2008 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намуда айни ҳол унвонҷуи Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Айни ҳол дар арафаи ҳимоя диссертатсия дар мавзӯъи «Принсипҳои ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: татқиқоти назариявӣ ва амалӣ» (Принципы права в Республике Таджикистан: теоретико-практическое исследование) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) мебошад.

Муаллифӣ зиёда аз 13 мақолаҳои илми-тадқиқотӣ, дар маҷалаҳои илмии феҳристи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба қайд гирифташуда мебошад.

Муаллифи 8 лоиҳаи қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумла хулосаҳои ҳуқуқии лоиҳаҳои кодекс, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи ваколатнома манфиатҳои шахсони сеюмро дар Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муаррифӣ намудааст.

Соли 2019 барои хизматҳои шоиста дар рушди илм бо ифтихорномаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2019 барои хизматҳои шоиста бо ифтихорномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2020 барои хизматҳои шоиста бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Самти таҳқиқот: назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи гражданӣ.

Суроғаи электорнӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2003-2008

Донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2011

Афсари Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2012

Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2015

Аспиранти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2015

Сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадрҳои Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз 2 феврали соли 2016 то ҳол

Ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

  

 
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia