casino malaysia
casino malaysia
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин

wrapper

  Шуъбаи  мазкур дар  Институти  фалсафа,  сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ яке  аз шуъбаҳои аввалин ва хеле  собиқадор  ба шумор меравад. Таъсиси ин шуъба дар соли 1960  аввалин иқдом  барои омӯзиши илмии паҳлуҳои  гуногуни  дин дар фазои  кишвар буд ва  шуъба  тавонист  дар давоми фаъолияташ  таҳқиқотҳои  муҳимеро ба анҷом расонида, инчунин  як  зумра файласуфону  олимони диншиносро тарбия кунад.  Он дар  аввал  «Шуъбаи  атеизми  илмӣ»,  аз соли 1992  «Шуъбаи  таърихи дин ва озодфикрӣ», аз соли  1994   «Шуъбаи  таърих ва фалсафаи дин»  ва аз моҳи ноябри 2014  «Шуъбаи  масъалаҳои фалсафии дин»  номида  мешавад. Доираи таҳқиқоти шуъба имрӯз асосан омӯзиши дин  ҳамчун  падидаи иҷтимоиву  тарихӣ,  хусусияти шуури диниву мазҳабии  шаҳрвандони кишвар,  омӯзиши мероси диниву фалсафии  гузаштагонамон, таҳлили  вазъу  ҳолати воқеии диндорӣ ва пешгӯии он, инчунин ҷойгоҳи андешаи динӣ дар ҷаҳонбинии мардуми минтақа,  дурнамо ва имконияти  наздик намудани арзишҳои  диниву миллии  ҷомеаро  бар асоси манофеи  давлати миллӣ ва дунявӣ   дар бар мегирад.
Мавзуҳои илмию таҳқиқотии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин дар тули 15 соли охир:
  1. Солҳои 2001-2005 «Муносибати байниҳамдигарии дин ва давлат: ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ».
  2. Солҳои 2006-2010 «Асосҳои назариявӣ ва амалии ислоҳи шуури динӣ дар шароити Тоҷикистон».
  3. Солҳои 2011-2015 «Ҷаҳоншавӣ (глобализатсия) ва ислом ва  таъсири он ба ҳаёти динии ҷомеаи Тоҷикистон».
  4. Солҳои 2016-2020 «Таҳлили фалсафӣ-диншиносии мақом ва нақши дин дар давлати дунявӣ»
  Натиҷаҳои зерини илмӣ дар панҷсолаи охир ба даст омадаанд:  
 Дунявияти давлат дар фарҳанги исломӣ ва давлатдории гузаштаи тоҷикон собиқаи таърихӣ дорад. Дин ва ташкилотҳои он (масҷид, уламои динӣ, фақеҳон ва ѓайра) дар низоми давлатдории ҷомеаҳои бо ном исломӣ аслан чун омили маънавиву машваратӣ баромад доштанд, на чун омили усуливу машруиятдиҳандаи давлат. Таълимотҳои гузаштаи иҷтимоиву сиёсии ҷомеаҳои исломӣ ва тоҷикон зуҳуроти муътадили дунявие буданд, ки онро метавон “секуляризми  исломӣ” номид. Аз ин рў, модели муосири дунявии давлати Тоҷикистон дар ҷои холӣ ташаккул наёфта, бо таълимотҳои гузаштаи иҷтимоиву анъанаи ҷомеадории мардумамон ихтилоф надорад, созгор бо аҳдофи давлати миллист, омили суботи муҳити динии суннатии ҷомеа мебошад.Таҳлили муқоисавӣ-таърихии усули дунявияти давлат нишон медиҳад, ки дар сарчашмаҳои исломӣ ва дар таълимоти фалсафиву иҷтимоии минбаъдаи олами ислом низ таъкид ба хусусият ва маншаи динӣ доштани давлат ҷой надорад.

Намунаи  таҳқиқотҳои  шуъба ва таълифоти асосӣ, ки ба  мавзуҳои нақшавӣ робита доранд ба таври зайл аст:

Китобҳо ва монографияҳо:

  1. Абдуллоев Ш. Исломи муосир. Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ.(Бо илова ва тавзеҳоти нав).-Душанбе.-2018.604 с.
  2. Абдуллоев Ш. Фалсафаи Қуръон (Фалсафаи ҳаёт ва одамият). - Душанбе.- 2018. 466 с.
  3. Закиров Н.М. Реформаторская концепция Ахмада Дониша. –Душанбе, 2017. -162 с.
  4. Мирзоев Ғ. дар омода намудани “Барномаи таълими фанни “Диншиносӣ” барои донишгоҳҳои олӣ” дар  факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  саҳм гирифт.
  5. Мирзоев Ғ. дар омода намудани “Барномаи таълими фанни “Диншиносӣ” барои донишгоҳҳои олӣ” дар  факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  саҳм гирифт.

Мақолаҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ:

  1. Абдуллоев Ш. Конференсияи илмӣ-амалии “Дунявият дар фарҳанги исломӣ”; Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит. 04. 2018.
  2. Абдуллоев Ш. ”Зороастризм в контексте мировой цивилизации (сравнительный религиоведческий анализ) / Маводи маҷмўаи мақолаҳои “Дар бораи этногенезиси тоҷикон”. Институти таърих ва бостоншиносии ба номи А. Дониш.- 2018.
  3. Виркани М. «Место и чтения на тему «Христианство и ислам»; Комитет по делам религий, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве РТ и Душанбинская и Таджикистанская епархия Русской Православной Церкви. г.Душанбе, 8-9 июня 2018г.
  4. Виркани М. Ду мақола: а) Ибодат; б) Ибодатгоҳ / Барои Энсиклопедияи Миллии Тоҷик; ҷ.6.
  5. Виркани М. Мафҳумҳои ифодакунандаи ҷанбаҳои ҳастии инсон дар Қуръон // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ. -2017.- №4.-С. 27-32 (бо забони русӣ)
  6. Закиров Н.М. Вазъи динӣ дар Осиёи Миёна: хусусиятҳо, таърих ва замони муосир. Таҳдидҳои экстремизми динӣ //Ахбори ИФСҲ АИ ҶТ. -2018, №3.
  7. Зокиров Н. М. “Эътиқоди  динӣ  дар  замони сулҳ ва ҷанг: масъалаи терроризм ва экстремизм байналмилалии “Ҳуқуқи башар ва муколамаи динҳо”.- Доха, Қатар. 20-22 –юми феврали 2018.”// 13-умин Конфронси
  8. Мирзоев Г. Дж. Ислам в контексте духовной культуры таджиков / Сборник статьей “Об этногенезисе таджикского народа”; Институт истории, археологии и этнографии им. Ахмада Дониша АН РТ. 2018.
  9. Мирзоев Ғ. Ҷ. Мушкилоти занони аморати Бухоро дар андешаҳои иҷтимоӣ-ислоҳотҷўии Аҳмади Дониш / Аҳмади Дониш ва афкори ҷамъиятиву сиёсии Осиёи Марказӣ дар нимаи дувуми асри XIX- ибтидои асри XX.- Душанбе: “Дониш”, 2018.-С. 321-334.
  10. Мирзоев Ғ. Ҷ. “Принсипҳои умумиинсонии башардўстиву адолат ва таълимоти “уммати исломӣ” дар тафсирҳои муосир” (Общечеловеческие принципы гуманизма и справедливости и концепция “исламской уммы” в современных религиозных толкованиях) //Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи   АИ ҶТ.- 2017.- №4, (1).-С. 37-43. Ба забони русӣ (дар ҳаммуаллифӣ)
  11. Мирзоев Ғ. Ҷ. Мақолаи “Ислом” дар ҳаҷми 1-ҷузъи чопӣ / Барои Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик; ҷ. 6  омода  ва супорида шуд, ки дар арафаи чоп аст.
  12. Мирзоев Ғ.Ҷ. “Масоили маърифат ва ё донисташавии  ашё  дар фалсафаи   Абўбакри  Розӣ» // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи  АИ ҶТ, № 3,2016; -С.64-69.
  13. Мирзоев Ғ.Ҷ. “Заминаҳои паҳншавии ифротгароии динӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз он” // Конференсияи илмӣ-амалии “Масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир”; Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино. ш. Душанбе, 6. значение воды в христианстве и исламе» //3-е Международные Иоанновские 06. 2018
  14. Мирзоев Ғ.Ҷ. “Нақши ходимони дин дар татбиқсози зинаҳои баъдинаи қонуни танзим ”// Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзўи “Рисолати танзим ва масоили муосири иҷтимоии ҷомеа”; Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  06.2018
  15. Мирзоев Ғ.Ҷ. “Соотношение религиозного и национального элемента в общественном сознании таджиков”//Ежегодный журнал ОБСЕ в Институте исследования проблем мира и политики безопасности при университете Гамбурга; 2016г. / IFSH (ed.); Гамбургский универститет Германии;  стр. 117-123.  (на англ.яз.)
  16. Мирзоев Ғ.Ҷ. “Соотношение религиозного и национального элемента в общественном сознании таджиков”//Ежегодный журнал ОБСЕ в Институте изучения мира и политики безопасности при Гамбургском универститете, 2016 / IFSH (ed.);  Гамбургский универститет Германии;  стр. 117-123.(на англ.яз.)
  17. Мирзоев Ғ.Ҷ. “Таносуби тафаккури динӣ ва миллӣ чун унсурҳои фарҳангӣ”// Маҷалаи “Дин ва ҷомеа”, №4, майи 2017, 0,75 ҷузъи чопӣ.
  18. Мирзоев Ғ.Ҷ. « Ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар шаклгирии миллати муосир ва ваҳдати миллӣ» // Баромад ва суханронӣ дар байни вакилон ва намояндагони кумитаҳои Шўрои Олии ҶТ; ш. Душанбе, 01.03.2018.
  19. Мирзоев Ғ.Ҷ. «Омилҳои барангезонандаи ифротгароии  салафӣ  ва воситаҳои  пешгирӣ аз онҳо » //Ахбори  АИ ҶТ,  Шуъбаи  фанҳои ҷомеашиносӣ, 2016; №1(241), С. 52-58.3.
  20. Мирзоев Ғ.Ҷ. «Шуури динии исломӣ ва худшиносии миллӣ: мушкилот ва дурнамо» /Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии тоҷикистон(маҷмўи мақолоти Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).-Душанбе: “Андалеб Р”, 2016.-Саҳ.87-96.
  21. Мирзоев Ғ.Ҷ.«Асли дунявияти давлат  ва фарҳанги исломӣ»//Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи  АИ ҶТ, № 4,2015; -С.23-27.
  22. Носиров Р.Ҳ. Баъзе хусусиятҳои усули давлатдории дунявӣ дар кишварҳои Шарқ (дар мисоли Ҳиндустон) // Ахбори ИФСҲ  АИ ҶТ. -2018, №3.
Ҳайати кормандони Шуъба:
 

Мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин

Ному насаб: Мирзоев Ғаффор Ҷабборович

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултаи шарқшиносӣ, бахши  забон ва адабиёти арабро соли 1989  бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1989 то соли 1991 ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар ҳайати Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ифои вазифа намудааст. Соли 1992  ба сифати лаборанти калони Институти  фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба кор шуруъ карда, охири ҳамин сол ба ба аспирантураи  ҳамин  институти илмӣ  дохил мешавад ва то соли 1996 дар он таҳсил менамояд. Аз соли 1996 то соли 1999 дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ чун ходими илмӣ  ва  ҳамзамон дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз фанни таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи тибб, илми ахлоқ ва ғайраҳо  дарс додааст. Аз соли 2000-ум то 2002-юм дар ширкати  «Мосэнергомонтаж»-и Россия дар Ҷумҳурии Ироқ  ба сифати тарҷумони  забони арабӣ ва русӣ кор кардааст.

  Аз соли 2002 минбаъд дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар вазифаҳои ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ кор кардааст. Аз соли 2010 –ум вазифаи мудири ин шуъбаро ба уҳда дорад. Ҳамчунин, аз соли 2009  то соли 2014 раиси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқро низ бар  дӯш дошт.

  Соли 2009 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)» аз рӯи ихтисоси 09.00.14- диншиносӣ, фалсафаи фарҳанг ва инсоншиносии фалсафӣ ҳимоя намуд. Намунаи асосии таҳқиқотҳояш инҳо мебошанд:

1) «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)». – Душанбе, 2009. –152 с.

2)  «Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон».– Душанбе: «Дониш», 2011. –122 с.

3)  «Таърихи динҳо» (Китоби дарсӣ  барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону увонҷӯён). –Душанбе: «Дониш», 2014. –375 с. (ҳаммуаллифӣ)

4) «Олами ислом  ва ҷаҳонишавӣ: муқовимат ва ҳамгироӣ» //  Паёми Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон. –2014. – № 3-4. –С. 245-252.

5) «Нақш ва ҷойгоҳи дин дар ҳаёти  муҳоҷирони меҳнатӣ» // Ахбори АИ ҶТ, силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ. –2014. –№1-2. –С.46-53.

6) «Таносуби арзишҳои динӣ ва  миллӣ дар ҳуввияти тоҷикон» // Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. –2012. –№2-3. –С.62-68. 

  Дар давоми фаолияти илмӣ ва амалияш чандин маротиба ба граммотаву ифтихорномаҳо, аз он ҷумла ба «Ифтихорномаи Академияи илмҳои ҶТ» сарфароз шудааст. Айни замон, дар баробари мудири шуъба будан, вазифаи котиби илмии Шӯрои диссертационии Д047.019.02 аз рӯи ихтисоси: 09.00.14-ро ба  ӯҳда дорад.

Самҳои таҳқиқот: диншиносӣ, фалсафаи фарҳанг ва инсоншиносии фалсафӣ, масоили назариявии диншиносӣ ва фалсафаи дин.

Суроғаи электронӣ (е-майл): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Ходими пешбари илмӣ

Ному насаб: Шерзот Абдуллоев (Абдуллозода)

Вазифа: ходими пешбари илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Соли 1970 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, факултаи шарқшиносӣ, шўъбаи забон ва адабиёти арабро хатм намуда, то соли 1972 дар Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои ҶТ ба ҳайси лаборанти калони илмӣ кор карда, баъдан аз соли 1972 то соли 1976 дар ДДТ аз фанни таърих ва  назарияи дин дарс додааст. Ш.Абдуллозода солҳои 1976-1979 ба сифати мутарҷим дар Эрон кор кардааст. Ў соли 1979 ба шўъбаи рўзонаи аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ дохил шуда, онро соли 1983 хатм карда, худи ҳамон сол рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Оқибатҳои иҷтимоии инқилоби илмию техникӣ аз дидгоҳи илоҳиёти исломӣ» бомуваффақият дифоъ намудааст. Номбурда аз соли 1983 то соли 1992 сарходими илмӣ  ва аз соли 1992 то соли 2009 мудири Шўъбаи таърих ва фалсафаи дини Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 то имрўз муовини раиси Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ мебошад. То имрўз зиёда аз 70 номгў китобу рисола, мақолаҳо навишта ба табъ расонидааст. Аз ҷумлаи муҳимтарин асарҳои ба табъ расидаи Ш. Абдуллозода инҳоро номбар кардан мумкин аст:

  • Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология, Ирфон: Душанбе, 1990.
  • Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ (Афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотии Аҳмади Дониш). Душанбе: Дониш. 1994.
  • Муқаддима ба исломшиносӣ. Душанбе: Ирфон. 1998.
  • Асосҳои диншиносӣ. Душанбе: Дониш. 2001.

Самҳои таҳқиқот: фалсафаи бунёдии дин, фалсафаи усули ақоиди адён, фалсафаи иҷтимоии адён, коркарди назарияи исломшиносии муосир, таърихи наҳзатҳои ислоҳи шуури динию мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ ва олами исломӣ; масоили исломи муосир, оқибатҳои иҷтимоии инқилоби илмию технулужии асри 20 аз дидгоҳи уламои ислом; истеъмори фарҳангии ғарб ва ислом; масъалаи инсон дар адён: гуманизми динӣ, гуманизми фалсафии Қуръон, гуманизми иҷтимоии Қуръон, гуманизми ахлоқии Қуръон; масоили ислоҳи шуури динӣ ва танзими маросимҳои динию миллӣ дар Тоҷикистон

Суроғаи электронӣ (е-майл):

 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Виркани Музаффар

Вазифа: ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ:

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми факултаи таърих, шуъбаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) дар соли 1998 бо ихтисоси файласуф.

  Солҳои 1996-98 ба ҳайси лаборанти калони шўъбаи таърихи дин ва назарияи озодфикрии Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, солҳои 1998-1999 муаллими таҷрибаомўз дар Академияи Байналхалқии Экологию Гуманитарӣ (МЭГА)-и ҷумҳурии Қазоқистон, аз с. 2004 ҳамчун муаллими калони кафедраи «Фалсафа ва фарҳанг»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Дар шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ солҳои 2004-09 ҳамчун ходими хурди илмӣ, аз соли 2009 то инҷониб ҳамчун ходими калони илмӣ кор мекунад. Дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ, семинару конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар онҳо бо маърўзаҳо баромад намудааст. Аз тариқи ВАО низ роҷеъ ба масоили рўзи ҷомеа фикрҳои худро баён мекунад. Ў муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Самҳои таҳқиқот: фалсафаи дин ва диншиносӣ, дин ва сиёсат, таъйини мақоми инсон дар ислом ва ҳаракатҳои ислоҳи шуури динии ҷомеа, муносибати давлати дунявӣ ва дин.

Суроғаи электронӣ (е-майл): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. 


Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia