- Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ
- Шуъбаи таърихи фалсафа
- Шуъбаи фалсафаи фарҳанг
- Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
- Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ
- Шуъбаи сотсиология
- Шуъбаи сиёсатшиносӣ
- Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ
- Маркази синошиносӣ
- Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир
- Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ
- Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ
- Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ
- Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ
Дар ИФСҲ АМИТ ҳамчунин Шурои диссертатсионии зерин фаъолият мекунанд:
- Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.01, ки бо қарори КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз соли 2021, барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои фалсафа ва номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисосҳои 5.7.8- фалсафаи антропологӣ, фалсафаи фарҳанг ва 5.7.9-фалсафаи дин ва диншиносӣ ташкил шудааст.Раиси Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.01 узви вобастаи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои фалсафа Музаффарӣ Муҳаммадалӣ мебошанд
-Шӯрои диссертатсионии Д 73.1.006.02, ки бо қарори КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз соли 2021, барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои фалсафа ва номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисосҳои 5.7.2- таърихи фалсафа ва 5.7.7- фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташкил шудааст. Раиси Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.02 муовини Директори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич мебошанд.
-Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005, ки бо қарори КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050100 - Сотсиология (6D05010З - Сотсиологияи иқтисодӣ ва демография; 6D050104 - Сохтори иҷтимой, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ ва 60050105 - Сотсиологияи сиёсӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ ва доктори илмҳои сотсиологӣ аз рӯйи ихтисосҳои 22.00.03 - Сотсиологияи иқтисодӣ ва демография; 22.00.04 - Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ ва 22.00.05 - Сотсиологияи сиёсӣ ташкил шудааст. Раиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-005 узви вобастаи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, профессор,доктори илмҳои сотсиологӣ, мудири Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Шоисматуллоев Шоназар мебошанд