casino malaysia
casino malaysia
Шуъбаи сотсиология

wrapper

  Дар Тоҷикистон соли 1967 дар назди Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ сектори таҳқиқотҳои сотсиологӣ таъсис ёфт (аз соли 1991 шуъбаи сотсиология). Дар солҳои 1970 -1990 масъалаҳои асосии таҳқиқотии сектори сотсиология таҳлили ҷиҳатҳои назарӣ ва амалии меҳнат дар ҷамъияти сотсиалистӣ, омилҳои моддӣ ва маънавии фаъолияти меҳнатӣ дар истеҳсолоти саноатӣ ва ҳавасмандкунии меҳнат, омилҳои иҷтимоии ташаккули муносибатҳои коллективӣ, х ва г. буданд.   Натиҷаҳои таҳқиқотҳои дар ин давра гузаронидашуда дар чунин асарҳо инъикос ёфтанд: «Масъалаҳои тараққиёти иҷтимоӣ». Муҳарири масҳул Выборнова В.В. Душанбе, 1975. 140 с.; «Фаъолнокии иҷтимоии коргарони корхонаҳои саноатӣ». Муҳаррири масҳул В.В.Выборнова. Душанбе, 1984. 180 с.; «Омилҳои фаъолияти меҳнатӣ». Душанбе, 1976. 10 ҷ.ч.; Выборнова В.В. «Масъалаҳои назариявии инкишофи меҳнати сотсиалистӣ». Душанбе, 1981. 270 с.; Газарян В.Г. «Омилҳои иҷтимоии инкишофи муносибатҳои коллективӣ». Душанбе, 1986. 236 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна» (Хаммуаллиф). М.: Наука, 1989. 15 ҷ.ч. ва даҳо мақолаҳои илмӣ.
  Дар солҳои  90-ӯм вобаста ба тағйиротҳои дар ҷомеа ба вуҷуд омада шуъбаи сотсиология ба омӯзиши масоил вобаста ба дигаргунсозиҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон таҳқиқотҳо амалӣ менамояд. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо дар асарҳои Ш.Шоисматуллоев. «Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон» (ҳаммуалиф), Душанбе, 1992 г. 268 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Роҳои ҳаётии як насл» (ҳаммуаллиф). М.: Наука, 1992. 246 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Насл дар системаи таҳсилот, Душанбе, 1999. 140 с.; Афкори ҷамъиятӣ ва дигаргунсозии ҷамъият. Муҳаррири масҳул Қуватова А.А., Душанбе, 1997. 210 с.
  Дар солҳои 2000 –ӯм шуъбаи сотсиология ба омӯзиши масъалаҳои ҳаётии ҷомеа (солхои 2004 – 2008 дар мавзӯи «Оқибатҳои иҷтимоии дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳо дар Тоҷикистон»; солҳои 2009 – 2013 «Табақабандӣ ва ҷойивакунии иҷтимоӣ дар ҷомеаи тағйиребандаи Тоҷикистон»; солҳои 2014- 2018 дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ фарҳангии азнавсозиҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон»; аз соли 2019 дар мавзӯи «Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: ҳолат, омилҳои рушд, дурнамо» таҳқиқот мебурд ва бурда истодааст. Натиҷаи таҳқиқотҳо дар чунин монографияҳо ва китобҳо ба хонанда пешниҳод шудаанд: Ш.Шоисматуллоев. «Зан ва нашъа», Душанбе, 2000. -67 с.; Ш.Шоисматуллоев. «Маълумоти духтарон», Душанбе, 2003. - 60 с; Ш.Шоисматуллоев. «Зуровари нисбати зан: дирӯз ва имрӯз», Душанбе, 2005, - 247 с.; Ш. Шоисматуллоев. «Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо», Душанбе, 2006.- 320 с.; Р.Ҷ Хайдаров. «Тарққиёти Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавӣ», Душанбе, 2006. - 190 с.; Р.Ҷ. Хайдаров. «Тоҷикистон дар мадори ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ ва геполитики», Душанбе, 2005. 152 с.; Тараққиёти манотиқи кӯҳӣ: масъалаҳо ва дурнамо. Муҳаррири масҳул Ш.Шоисматуллоев, Душанбе, 2006. 62 с.; Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо. Муҳаррири масҳул Ш.Шоисматуллоев, Душанбе, 2011. 210 с.; Ғ. Ғ. Каҳоров.” Синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташакулёбӣ ва рушди оянда”, Душанбе, 2016. 130 с.; Б.А. Насурова “Ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон”. 2017.130 с.; З.К. Қодиров “Ташаккули худидоракунии маҳалӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Душанбе, “Дониш”, 2017. 201 с.; Ш. Шоисматуллоев “Тоҷикистон дар даврони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ”, Душанбе, 2018. 160 с., В.А Баҳромбеков. “Ташаккул ва рушди фарҳанги сиёсӣ дар раванди бунёди давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон”, Душанбе, 2020.151 с.; Ф.С. Миров “Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ”, Душанбе, 2020. 160 с.; Ш. Шоисматуллоев, Х.У. Идиев, В.А .Баҳромбеков, Ф.С. Миров. Сотсиология.  Китоби дарсӣ, Душанбе: “Ирфон”, 2019. – 520 с.; Баҳромбеков В., Миров Ф. Сотсиология. Китоби дарсӣ, Душанбе: «Ирфон», 2019. – 350 с.

Ҳайати кормандони Шуъба:
 

Мудири Шуъбаи сотсиология

Ному насаб: Шоисматуллоев Шоназар

Вазифа: мудири шуъба

Дараҷа ва унвони илмӣ: узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор

  Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1968 бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти рус. Солҳои 1970-1971 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоии АИ ИҶСС; 1971 – 1974 аспиранти Институти Таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС; 1988 – 1989 курси такмили ихтисоси Институти сотсиологияи АИ ИҶСС; 1993 – 1997 докторанти Институти сотсиологияи АИ Федератсияи Россия. Соли 1977 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоии интихоби касб» дар шурои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси 09.00.09. – Сотсиологияи таҷрибавӣ. Соли 2000 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Ҷойивазкунии иҷтимои байни наслӣ ва таҳавуллоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сотсиолгия аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ. Соли 2003 дотсент аз рӯи ихтисос, соли 2005 профессор аз рӯи ихтисос, соли 2008 узви вобастаи АИ ҶТ.

  Масълаҳои асосии таҳқиқотҳои илмии Ш. Шоисматуллоев омӯзиши худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, системаи таълимоти ҳамагонӣ ва касбӣ, инкишоф ва тағйирёбии сохтори иҷтимоӣ, табақабандии иҷтимоӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, нобаробарии гендерӣ ва ғайра мебошанд. Шоисматуллоев Ш. муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ аст.

  Дар асарҳои «Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна». – М.: Наука, 1989. – 255 с.; «Характери интернатсионалии худмуайнкунии ҳаётии ҷавонон». – Душанбе, 1992. – 268 с. ва «Роҳҳои ҳаётии як насл». - М.: Наука, 1992. – 246 с., ки бо ҳаммуаллифӣ бо сотсиологҳои маъруфи Москва, Екатеренбург, Барнаул, Эстония, Латвия, Литва, Белоруссия, Украина навишта шудаанд, хусусиятҳои хоси сохтори иҷтимоии ҷумҳурияҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, имкониятҳо ва маҳдудиятҳои касбӣ, сатҳ ва сифат, тарзи ҳаёт ва ғайраҳо таҳлил шуда, таъсири онҳо ба худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас нишон дода шудааст. Ин асарҳо ва мақолаҳои бисёри дигар дар асоси натиҷаҳои ду марҳилаи лоиҳаи илмӣ -таҳқиқотии муқоисавии умумиитифоқии лонгитюдӣ бо номи «Роҳҳои наслҳо», ки дар атрофии он таҳқиқотчиён аз Россия, Украина, Белоруссия, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, Казоқистон ва Тоҷикистон муттаҳид шуда буданд, навишта шудаанд. Аз соли 1985 то 1998 чаҳор марҳилаи ин лоиҳа мувофиқ ба шароитҳои хоси лаҳзаҳои барқароршавии иҷтимоӣ, хусусиятҳои синнусолии давраҳои ҳаётӣ – аз хатми мактаби миёна то ёфтани мақоми устувори иҷтимоӣ, камолоти иҷтимоии насл (30 сола) пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёна дар солҳои 1983-85 дар амал тадбиқ шуданд.  Ш. Шоисматуллоев аъзои шурои ҳамоҳангсозии лоиҳа ва роҳбари таҳқиқотҳо дар Тоҷикистон буд.

  Дар асоси натиҷаҳои марҳилаҳои 3-ум ва 4-уми ин лоиҳа асарҳои      «Насл дар системаи таълимот» (Душанбе, 1999. – 140 с.), диссертатсияи докторӣ бо номи «Ҷойивазкунии байни наслӣ ва таҳавуллоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ»  (Москва, 2000) ва «Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо» (Душанбе, 2006. – 320 с.) ба чоп расидаанд, ки дар онҳо равандҳои тараққиёти сохтори иҷтимоӣ- синфӣ, иҷтимоӣ-ҳудудӣ,  иҷтимоӣ- демографӣ дар Тоҷикистон, системаи талимоти умумӣ ва касбӣ дар даврони шуравӣ, равандҳои дигаргунисозиҳои баъдишуравӣ, ҷойивазкунии иҷтимоӣ, худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии ҷавонон таҳлил ва баррасӣ шудаанд.

  Асарҳои «Зан ва нашъа» (Душанбе, 2000. – 67 с.), «Маълумоти духтарон» (Душанбе, 2002. – 60 с.) ва «Зӯроварӣ нисбати зан: дирӯз ва имрӯз» (Душанбе, 2005. – 247 с.) ба таҳқиқоти  масъалаҳои мавқеъ ва нақши зан дар оила ва ҷамъият, тақсимоти меҳнат дар оила ва шуғли занон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ, зуроварӣ нисбати зан, маълумоти духтарон, ба интиқол ва паҳн кардани маводи мухаддир ва ғайраҳо бахшида шудаанд.

  Масаълаҳои ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар Тоҷикистон, роҳҳои бартараф кардани камбизоатӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ, дигаргунсозии сохтори иҷтимоии ҷомеаи тоҷикистонӣ, таъсири оқибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии дигаргунсозиҳо ба тағйирёбии табақабандии иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили мувозинат ва қобилияти ҳаётии миллат, истиқлолият ва ягонагии ҳудудии давлат, ташкили иҷтимоии муносибатҳои гендерӣ дар асарҳои «Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо» ( в соавторстве,Душанбе, 2011. – 210 с.), «Тоҷикистон дар замони истиқлолият: дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ (Душанбе, 2018. – 160 с.) ва мақолаҳои илмии солҳои охири Ш. Шоисматуллоев баррасӣ шудаанд.   

 Суроға электронӣ (e-mail): afkor@mail.ru

Сарходими илмӣ

Ному насаб:
Қаҳҳоров  Ғаюр Ғафурович   

Вазифа:  Сарходими илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими  илмӣ ва касбӣ: Университети Давлатии Тоҷикистон, факултети таъриху ҷамъиятшиносиро соли  1978  хатм намудам. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Ҷойивазкунии иҷтимоӣ дар байни ҷавонони коргари Тоҷикистон” дар институти сотсиологияи Академияи илмҳои СССР соли 1987 бо ихтисосӣ сотсиологияи таҷрибавӣ 09-00-09 дифоъ намудам. Моҳи октябри соли 2017 рисолаи докториро дар мавзӯи “Табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон” бо ихтисосӣ фалсафаи иҷтимоӣ 09-00-11 ҳимоя намудам.

  Муаллифи монографияҳои “Социальная стратификация таджикистанского общества” ( Душанбе, 2011. 298 с.):  “Синфи миёна дар ҶТ:: ташаккул ва рушди оянда” (Душанбе, 2016. 146 с)  зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

  Соли 2018 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудам.

Самтҳои таҳқиқот: Табақабандии иҷтимоӣ, синфи миёна, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ғ.

 

Ходими пешбари илмӣ

Ному насаб: Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна

Вазифа: ходими пешбари илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:  Соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факультети фалсафаро  бо ихтисоси психология хатм намудааст. Соли 2009 аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  хатм кардааст.  Соли 2012 диссертатсияро дар мавзӯи «Масъалаҳои иҷтимоии ташаккулёбии ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон»  барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз руи ихтисоси  09.00.11- фалсафаи иҷтимоӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи монография «Ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон» ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ.

Самтҳои тадқиқот: Омӯзиши масъалаҳои ҷавонон, оила ва таълимот.

Суроға электронӣ (e-mail): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Қодиров Зоҳир Қодирович

Вазифа: ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:  Соли 2008 Донишгоҳи давлати Хору­ғ ба номи М.Назаршоев, факултети таърих ва ҳуқуқро  бо ихтисоси асосҳои давлат ва ҳуқуқ хатм намудааст. Соли 2013 аспирантураро дар Институти фалсафа, сиёсашиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ хатм кардааст. Соли 2016 диссертатсияро дар мавзӯи «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз руи ихтисоси  09.00.11 фалсафаи иҷтимоӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи монография «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва зиёда аз 35 мақолаи илмӣ мебошад.

Самтҳои таҳқиқот: Омӯзиши масъалаҳои худидоракунии маҳаллӣ ва институтҳои иҷтимоӣ.

Суроға электронӣ (e-mail): This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Баҳромбеков Вафобек Амадбекович

Вазифа: ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  (собиқ ДДТ ба номи В.И.Ленин) дар соли 1991  бо ихтисоси филолог- журналист. Хатми аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1996. Соли 2007 ҳимояи  диссертатсия дар мавзӯи «Барқароршавӣ ва ташаккули маданияти сиёсӣ дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд  ва  демократӣ дар Тоҷикистон»   барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ. Муаллифи монографияи «Барқароршавӣ ва ташаккули маданияти сиёсӣ дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд  ва  демократӣ дар Тоҷикистон»», 7-то китобҳои илмӣ-методӣ ва зиёда 30-то мақолаҳои илмӣ.

Самтҳои таҳқиқот: омӯзиши фарҳанги сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, институтҳои иҷтимоӣ, таърихи сотсиология, сотсиологияи идоракунӣ

Суроғаи электронӣ (e-mail): daler04@ mail.ru

 

Ходими калони илмӣ

Ному насаб: Миров Фирӯз Сафаралиевич

Вазифа: ходими калони илмӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2003 бо ихтисоси философ. Хатми аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2007. Соли 2016 ҳимояи диссертатсия дар мавзӯи «Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ. Муаллифи монографияи «Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ», 7-то китобҳои илмӣ-методӣ ва зиёда 30-то мақолаҳои илмӣ.

Самтҳои тадқиқот: омӯзиши институтҳои иҷтимоӣ, шахс ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ

Суроға электронӣ (e-mail): mirov.firuz.s@gmail.com

Ходими илмӣ

Ному насаб: Беков Дидавар Комилҷонович

Вазифа: ходими илмӣ

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Хатми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 2012 бо ихтисоси сотсиолог. Хатми аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – оммавӣ.

Самтҳои тадқиқот: Омӯзиш ва таҳқиқи  масоили ташаккул ва рушди зиёиён дар Тоҷикистон.

Суроғаи  электронӣ  (e-mail):  This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia