casino malaysia
casino malaysia
Шахсиятҳо

wrapper

Шахсиятҳо

Саҳми профессор Шоназар Шоисматуллоев дар рушди илми сотсиологияи ватанӣ

  Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш нагашта, ҳамеша дар ёдҳо боқӣ мемонад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми тамоми олам гардидааст. Ин бузургон бо таҳлилу баррасиҳои амиқи худ дар соҳаҳои алоҳидаи илм саҳми сазовор гузоштаанд. Охири асри XX ва аввали асри XXl низ дорои чунин бузургон ва абармардони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.    Муфассал ...
Хондан 147 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Садоқату ҷасорат мароми зиндагиаш буд

  Дар бораи фаъолияти олими муътабар Суҳроб Шарипов бисёр навиштаанд. Зеро номбурда дар дилхоҳ мақоме, ки фаъолият дошт, худро шахси ботаҳаммулу кордон, далеру нотарс нишон дода буд. Ӯ баробари ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқи худ машғул будан, роҳу равиши фаъолиятро бо назардош­ти пешрафти ҷомеа ҷустуҷӯ мекард. Сохти нави ҷамъиятӣ ва воқеияти солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки кишварамон вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маҷрои нав дошта бошад ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шавад. Муфассал ...
Хондан 324 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Суҳроб Шарипов ва саҳми ӯ дар рушди фалсафаи сиёсӣ дар Тоҷикистон

   19 январи соли 2023 аз даргузашти  муҳаққиқ ва сиёсатмадори тоҷик  шодравон Суҳроб Ибронович Шарипов  8 сипарӣ мегардад. Бо вуҷуди  умри  кӯтоҳи пурфайзи  худ  доктори илмҳои сиёсӣ  Суҳроб Шарипов дар рушди афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ дар фазои  илмиии  Тоҷикистон  саҳми арзанда  гузошта, мероси илмии ӯ барои рушди минбаъдаи илмҳои  ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафа  заминаи бунёдӣ маҳсуб меёбад. Суҳроб Шарипов яке  аз аввалин муҳаққиқоне  дар  Тоҷикистон аст,ки ба масъалаҳои мубрами фалсафаи сиёсӣ  машғул гардида,   монография ва мақолҳои илмӣ эҷод намудааст.

Муфассал ...
Хондан 345 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Геополитика ё худ дар маънии ин ки қудрат барои қудрати дигар мушкил эҷод мекунад...

  Давлат чист? Чаро бидуни қудрат созвораи иҷтимоӣ тақвият намеёбад? Ё худ барои чӣ мубаллиғини Шӯравӣ бо мафҳуми “геополитика” ошно набуданд? Барои посух ёфтан ба суолҳои матраҳшуда осори илмии яке аз уламои ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви ҳақиқии Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии дастаҷамъона, генерал-майори милитсия, собиқ Раиси Академияи ВКД ҶТ ва айни замон сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоирро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Номбурда дар китоби “ТОҶИКОН, аз давлати Сомониён то давлатдории соҳибистиқлол” вижагиҳои хоси ҳукумат ва қудратдории тоҷиконро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки давлат чун падидаи иҷтимоӣ фақат тағйирёбии силсилаҳои ҳоким набуда, балки бо дарназардошти муҳтавои хеш тамоми ақшори дар иҷтимоъ муттаҳидшударо дар бар мегирад. Муфассал ...
Хондан 395 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia