casino malaysia
casino malaysia
Ахбори Институт

wrapper

фото    Нашрияи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» маҷаллаи академӣ буда, дар он натиҷаҳои таҳқиқоти рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ нашр мегарданд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳои илмӣ ва тақризҳо ташкил медиҳанд. Маҷалла дар як сол чаҳор маротиба нашр мегардад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумораи он ба табъ мерасад. Номгӯ ва мавзӯоти фарогири маҷалла бо самтҳои илмӣ ва гурӯҳи тахассусҳои кормандони илмӣ мувофиқ буда, бо феҳрасти (Номенклатураи) тахассусҳои илмие, ки аз рӯи он дарёфти дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия аз 20-уми феврали соли 2015 №114 тасдиқ карда шудааст (дар Вазорати адлияи Федератсияи Руссия 21 апрели соли 2015 №36946 ба қайд гирифта шудааст), мутобиқат менамояд.  
    Нашрия ҳамаи маводҳоеро, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, бо мақсади муайян намудани мувофиқати мавзӯи мавод бо феҳристи мавзӯоти маҷалла ва ба хотири додани баҳои экспертӣ, тақриз медиҳад. Ҳамаи муқарризон дар соҳаи мавзӯоти маҷалла мутахассисони варзида мебошанд ва дорои мақолаҳои илмии муовиқ бо мавзӯҳои маҷалла ҳастанд. Ҳайати таҳририяи маҷалла ба муаллифон нусхаи тақриз ва ё тақризи манфие, ки дар он сабабҳои чоп нагардидани мақола дар маҷалла нишон дода шудааст, ирсол менамояд.  
    Маҷалла дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ба қайд гирифта шудааст ва марҳила ба марҳила ба Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) дар бораи мақолаҳои нашршудаи шумораҳои маҷалла маълумот пешниҳод менамояд. Бойгонии электронии маҷалла ҳам дар сомонаи расмии маҷалла ва ҳам дар Индекси русии иқтибосоварии илмӣ (Китобхонаи илмии электронӣ eLIBRARY.RU) ҷойгир карда шудааст. Дар сомонаи расмии маҷалла ҳамаи маводҳо дастраси хонандагон мебошанд.
    Ҳайати таҳририя аз 2 академик, 3 аъзо-корреспондент, 10 доктори илм ва 2 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо аз ҳисоби кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ интихоб гардидаанд. Ҳамаи аъзоёни ҳайати таҳририя мутахассисони варзида мебошанд.
    Ҳамаи мақолаҳое, ки дар маҷалла чоп мегарданд, дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда буда, ба талаботи маҷалла мувофиқат менамоянд.
    Ҳамаи мақолаҳои чопшаванда дорои шарҳи мухтасари мазмуни мавод ва калидвожаҳо мебошанд.
    Маҷалла дорои рақами стандартии байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN0235-005X).
  
    Самтҳои илмию таҳқиқотӣ ва мавзӯоти маҷалла:
     Дар соҳаи илмҳои фалсафӣ: онтология ва назарияи маърифат, таърихи фалсафа, фалсафаи илм ва техника, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафа ва таърихи дин, антропологияи фалсафӣ, фалсафаи дин ва диншиносӣ.
    Дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ: назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мунитсипалӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи шахсии байналхалқӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ.
    Дар соҳаи илмҳои сиёсӣ: назария ва фалсафаи сиёсат, таърих ва методологияи илмҳои сиёсӣ, институтҳои сиёсӣ, равандҳои сиёсӣ, технологияҳои сиёсӣ, масоили сиёсии муносибатҳои байналхалқӣ, масоили сиёсии рушди минтақавӣ ва глобалӣ, низоъшиносӣ. 
 
фото
 


Маҷалла айни замон сомонаи расмии худро дорад, ки дар он бойгонии маҷалла, қоидаҳои қабули мақола, тартиби тақриздиҳӣ ва дигар маълумотҳо дар бораи маҷалла ҷойгир карда шудааст. 
www.izvestiya.ifppanrt.tj 








  
фото
Редаксияи маҷалла ба таври муназзам шумораҳои чопнамудаи худро дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ – Российский индекс научного цитирования) ворид менамояд.

Шумораҳои чопнамудаи маҷаллаи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар РИНЦ:

https://www.elibrary.ru/contents.asp?titleid=41310 

Номи маҷалла моҳи августи соли 2020 иваз шуд ва аз ин рӯ, дар РИНЦ низ бо номи нав ворид мешавад.

Шумораҳои чопнамудаи маҷаллаи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар РИНЦ:

https://www.elibrary.ru/contents.asp?titleid=75387

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia