Навидҳо

Табрикот ба муносибати иди Наврӯз
Роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳайати кормандони муассисаро ба муносибати фарорасии иди Наврўз – иди миллии тоҷикон, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гаштааст, табрику таҳният гуфта, орзу мекунад, ки фарорасии ин иди оламафрӯз ба табиати куҳандиёри мо таровати тоза, ба хонадони ҳар яки Шумо шодиву нишот ва файзу баркат, ба дили ҳамаи мардуми тоҷик армуғони умеду орзуҳои наҷиб оварад ва барои амалишавии олитарин умеду орзуҳоямон мусоидат кунад. Бигузор борони баҳорӣ ва нурҳои офтоби Наврӯзӣ барои ҳамешагӣ дастархонатонро пурфайз гардонад.
Муфассал ...

Аё модар
Аё Модар, ки қалбат мазҳари ин бекарона, ҳамчу кайҳон, меҳру эҳсон аст,
Аё Модар, дуоят мисли ҷавшан, аз балоҳои замину осмон моро нигаҳбон аст!
Намеғунҷад бузургии ту дар маҳдудаи тафкир.
Ба васфи ту қалам оҷизу ақлу дида ҳайрон аст.
Муфассал ...

Табрикот ба муносибати 8-уми март – иди Модарон
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми кормандони муассисаро аз зумраи бонувони илмпарвар ба муносибати фарорасии Иди Модар - рӯзи 8-уми март табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгору хонаи обод, зиндагии бардавому пур аз шодиву нишот таманно менамояд. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хонадони ҳар яки Шумо ва тамоми занону модарони тоҷик ҳамеша ҳукфармо ва ҳаёти ҳамарӯзаатон ҳамчун гулҳои баҳори имрӯз дар Ватани маҳбубамон фарорасида доимо шукуфон бошад! Бигузор хизматҳои Шумо дар рушди илмҳои фалсафа, сиёсӣ ва ҳуқуқ мавриди арҷгузории наслҳои имрӯзу фардои миллат ва тамоми ҷаҳон бошад!
Муфассал ...

Благодарность
Благодарность
за активное участие
в I Всероссийском научном симпозиуме
«Рясенцевские чтения»
«СОВРЕМЕННОЕ ГРАЖДАНСКОЕ
И СЕМЕЙНОЕ ПРАВО:
ПЕРСПЕКТИВЫ РАЗВИТИЯ
ДОКТРИНЫ, ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
И ПРАВОПРИМЕНИТЕЛЬНОЙ ПРАКТИКИ»
Муфассал ...