casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ҷашни Тиргон ва бовару оинҳои он

       Бояд тазаккур дод нахуст, ки ҷашни Тиргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ориёитаборон маҳсуб меёфтааст. Чанд соли охир Ҷашни Тиргон низ дар феҳристи ҷашнҳои миллӣ сабти ном гардида, ҳама сола онро таҷлил мекунанд.
         Дар хусуси пайдоиши ҷашни Тиргон ду ривоят дар кутуби муаррихину донишварон сабт гаридидааст. Нахуст мардум ба ин бовар Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки дар ин рӯз “Тиштар”- фариштаи борон бо “Упуш”- деви хушксолӣ набард мекунад ва бо ёрии Аҳуро ба ин дев пирӯз мешавад. Ва мардум солгарди ин пирӯзиро ҳар сол ҷашн мегирифтанд. Бовари дуввум дар миёни мардум ин будааст, ки солҳои тӯлони миёни Афросиёб- шоҳи Турон ва Манучеҳр- шоҳи Эрон ҷанг будааст ва ин ҷанг мардумро дилгиру афгор карда, дар ин миён Ораши камонгир, ки ҳамчун паҳлавону далеру ғаюр дар он замон дар сарзамини Эрон маъруфу машҳур будааст, барои хатм ҷанг болои куҳи Давоман мебарояд ва барои марзи Турону Эронро муайян кардан бо камон тир партоб мекунад. Чӣ гунае, ки дар ривоятҳо омадааст, Ораш бо тамоми нерӯ камонро гирифта, тирро партоб мекунад, ки худ пора-пора мешавад ва тир омада дар соҳили дарёи Ҷайҳун қарор мегирад, марзи Эрону Турон аз рӯи ин нишона ҷудо мегардад. Мардум барои ин амали накӯи Ораш ин рӯзро ҷашн мегиранд. Муфассал ...

Маҷмуаи “Баррасиҳои мероси ниёкон”-и Аҳмад Ҳоҷизода

Маҷмуаи “Баррасиҳои мероси ниёкон”-и Аҳмад Ҳоҷизода, ходими пешбари илмии Маркази синошиносӣ рӯзҳои наздик ба нашр расид. Дар маҷмуа мақолаҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф гирдоварӣ шудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои мухталифи осори донишмандони бузурги гузаштаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар маҷмуа бештар осори Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Аз нигоҳи сохтор, китоб ба ду қисм тақсим мешавад, дар қисмати аввал пажӯҳишҳои арзишманди Аҳмад Ҳоҷизода дар самти омӯзиши мероси ниёкон, гирдоварӣ шудааст. Дар қисмати дуюм, меҳрномаҳои ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони Аҳмад Ҳоҷизода, ки ба хотири гиромидошти 80 солагии эшон навиштаанд, ҷой дода шудааст.
Муфассал ...

МАҶМУАИ “НАЗАРЕ ПЕРОМУНИ АНДЕШАҲОИ ФАЛСАФӢ”-И АСКАРДАЕВ КИШВАР

Маҷмуаи “Назаре перомуни андешаҳои фалсафӣ”-и Аскардаев Кишвар, ходими калони илмии Маркази синошиносӣ ба нашр расид. Дар маҷмуа андешаҳои ҷараёни фикрӣ-озодандешии фалсафаи “Асҳоби ҳаюло” мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст. Асҳоби ҳаюло ҷараёни фалсафиес, ки пайравонаш ба асолати нахустмодда (ҳаюло) муътақиданд. Ин китоб метавонад барои рушди озодфикрӣ ва рушди фалсафаи тоҷик муосидат кунад ва барои оммаи хонандагон пешкаш мегардад.
Аз нигоҳи сохтор, китоб ба ду қисм тақсим мешавад, дар қисмати аввал пажӯҳишҳои арзишманди Аскардев Кишвар дар самти фалсафа, хоссатан фалсафаи ҳаюло гирдоварӣ шудааст. Дар қисмати дуюм, меҳрномаҳои ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони Аскардаев Кишвар, ки ба хотири гиромидошти 75 солагии эшон навиштаанд, ҷой дода шудааст.
Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia