casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Изучение опыта межтаджикского мира и его значение для обеспечения мира

 
Анализ показывает, что конфликты, конфликтные ситуации и споры между государствами обострились в конце XX в. — начале XXI в., и по всей вероятности, не исчезнут и в будущем. Поэтому нам необходимо тщательно изучить и всесторонне исследовать причины и факторы, способствовавшие развязыванию таких вооруженных конфликтов в мире и в том числе гражданскую войну в Таджикистане. Муфассал ...

Як қадам дар роҳи татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот

Дар таърихи 14 июни соли ҷорӣ дар Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Рўзи дарҳои кушод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, ки бо иқдоми Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон доир шуд, ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов дар қатори институту марказҳои дигари академӣ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои илмии худро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, меҳмонон бо 15 ҷилди осори Ибни Сино бо забони тоҷикӣ, 7 ҷилд бо забони русӣ, китобҳои таърихи фалсафаи тоҷик (5 ҷилд бо забони тоҷикӣ ва 3 ҷилд бо забони русӣ), таҳқиқоту монографияҳои олимони варзидаи Институт, шумораҳои охирини маҷаллаи илмии он ва дигар маводи нашршуда шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар доираи баргузории Рўзи дарҳои кушод инчунин конференсияи илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон» гузашта, дар он вазифаҳо барои татбиқи амалии дастовардҳои илмӣ вазифаҳо мушаххас карда шуданд. Аз ҷумла, роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов тасмим гирифт, ки минбаъд дар таҳияи дастуру роҳнамоҳо барои кори амалӣ бо ҷавонону наврасон дар самти мубориза бо ҳодисаҳои номатлуби ифротгароӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ, тарғиби худшиносиву арзишҳои миллӣ, китобҳои дарсӣ аз соҳаҳои мухталифи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ва амсоли он бештар саҳм гузорад.
Дар анҷоми конференсия ба магистрантону докторантони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, ки дар озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия ва қонунгузории конститутсионии ҷумҳурӣ» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ғолиб омаданд, диплому туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Муфассал ...

Модели сулҳофарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили таҳкимбахши ваҳдати миллӣ

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Тавре аз истилоҳи «президент» бармеояд, дар силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ президент мансабдори олии интихобии кишвар маҳсуб меёбад. Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки масъулиятнокӣ ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст. Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia