casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ барои пешгирӣ аз ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ

         Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 авзои ҷаҳони муосир,  хатару таҳдидҳои гуногун ба амнияти давлат ва ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем». Муфассал ...

Чорабинии навбатӣ дар доираи Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

     Рӯзи 12 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии навбатӣ - Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» бахшида ба 35-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Буризода  Э.Б. – д.и.ҳ., проф., “Таърих ва таълимоти ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ”; Нематов А.Р. – д.и.ҳ., Рустамзода М.Р. –н.и.ҳ., “Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ”; Бобоҷонзода И.Ҳ. – д.и.ҳ., проф., “Масоили ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ”; Қодирзода Т.Қ. – н.и.ҳ., “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва ғ.

Муфассал ...

Идомаи Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

         Рӯзи 11 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии чоруми илмӣ - мизи мудаввар дар мавзуи «Сиёсат, ҷомеа ва амният» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Муҳаммад А.Н. - д.и.с., профессор, сарходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, «Технологияи сиёсӣ ва хусусиятҳои хоси он дар замони муосир»; Искандаров А.И., д.и.с., профессор, мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, «Безопасность в Центральной Азии»; Муродов С.А.,  мудири шуъба, номзади илмҳои сиёсӣ, “Элементҳои асосии системаи таъмини амнияти миллӣ”; Сангинов Н.Н. - н.и.с., ходими калони илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, "Гибридные войны" и их влияние на национальную безопасность Республики Таджикистан»; Мамадназарова А.Р., ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, «Интеграция государств Центральной Азии: возможности, трудности и перспективы» ва ғ.
         Рӯзи 12 апрели соли 2024 баргузории Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома ёфта, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» бахшида ба 35 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia