casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Бобоҷон Ғафуров таҳқиқгарӣ бузурги анъанаҳои давлатдории тоҷикон, ва фарҳангу тамаддуни башарӣ аст.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд. Муфассал ...

Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ омили муҳимтарини амнияти кишвар

 

   Ҷаҳонишавӣ раванди замони муосирро бисёр мураккаб, пурасрор ва пур аз ихтилофу низоъ гардонид. Имрӯзҳо дар фазои маҷозии олам падидаву ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ки рӯз то рӯз ҳаётро дар сайёраи Замин беш аз пеш ба таҳдиду хатар рӯбарӯ сохта, рӯзгори тамоми инсониятро тира ва умеду бовариро аз дилҳои инсонҳо нисбат ба ояндаи нек рабуда, авзои давлатҳоро бӯҳронитар гардонидааст. Нуктаи хеле муҳиме, ки дар паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор хотирнишон мегардад, ин муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошад ва яке аз мушкилоти асосӣ, хатаровар ва тафриқаандози низоҳои диниву мазҳабӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХ1 ба ҳисоб меравад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 вобаста бо пешрафти ҷомеа ва пайваста тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқии кишвар мебошад. Муфассал ...

МАХМАДБЕКЗОДА МОЁНШО ШОДМОН

МАХМАДБЕКЗОДА МОЁНШО ШОДМОН
Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени доктора наук
Дата публикации объявления: 14.05.2024 г.
Дата защиты: 30.08.2024 г., в 13:00 часов Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia