casino malaysia
casino malaysia
Маҷмуаи “Баррасиҳои мероси ниёкон”-и Аҳмад Ҳоҷизода

wrapper

Маҷмуаи “Баррасиҳои мероси ниёкон”-и Аҳмад Ҳоҷизода, ходими пешбари илмии Маркази синошиносӣ рӯзҳои наздик ба нашр расид. Дар маҷмуа мақолаҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф гирдоварӣ шудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои мухталифи осори донишмандони бузурги гузаштаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар маҷмуа бештар осори Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Аз нигоҳи сохтор, китоб ба ду қисм тақсим мешавад, дар қисмати аввал пажӯҳишҳои арзишманди Аҳмад Ҳоҷизода дар самти омӯзиши мероси ниёкон, гирдоварӣ шудааст. Дар қисмати дуюм, меҳрномаҳои ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони Аҳмад Ҳоҷизода, ки ба хотири гиромидошти 80 солагии эшон навиштаанд, ҷой дода шудааст.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia