casino malaysia
casino malaysia
Одаму либос, хонаву палос

wrapper

Тоҷикон як мақоле хубе доранд, ки «Одаму либос, хонаву палос», яъне одам бо либосаш зебост ва хона – бо гилему палосаш. Ин суханони халқӣ ба пуррагӣ ба талаботи илман асоснок ба либоси одам мувофиқат доранд, зеро либос ду вазифаи асосӣ – утилитарӣ (амалӣ) ва эстетикӣ, зебоишиносиро иҷро мекунад. Дар асоси ин либосро ба чунин навъҳо тақсим кардаанд: кӯдаконаву бачагона, мардона ва занона. Инчунин, вобаста ба мавсими сол либосҳо тобистонаву зимистона, байнимавсимӣ ва барои ҳама мавсимҳо тақсим мешаванд.
Ин таснифи болозикр нишон медиҳад, ки дар пӯшидани либос меъёрҳои умумимуайяншуда вуҷуд доранд, ки риоя накардани онҳо аз тарафи ҷомеа қабул карда намешавад. Масалан, пӯшидани либоси кӯдакона аз ҷониби шахси калонсол, ё либоси занона аз ҷониби мард, ё худ пӯшидани либоси зимистона дар тобистон на танҳо дар ҷомеа қобили қабул нест, балки боиси тамасхур дар нисбати чунин шахс мегардад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки пӯшидани ҳар гуна либос фазо ва вақти худро дорад, ки дар нисбати либоси миллӣ низ ба кор меравад. Барои мисол метавон саволе гузошт, ки агар дар кишвари мо ба ҷойи либоси миллӣ шахсе либоси ягон қавми африқоӣ, ё худ «сара»-и ҳиндувонро агарчӣ зебост, ба бар кунад, ба чӣ муносибате аз ҷониби атрофиён рӯ ба рӯ мегардад? Ҷавоб яктост: танҳо хандаву тамасхур дар нисбати худ.
Либос на танҳо аз рӯйи синну сол ва ҷинсу иқлим, балки аз рӯи таъйиноташ низ фарқ мекунад. Инҷо бештар ба чунин таснифи либосҳо таваҷҷуҳи асосӣ карда шудааст: 1) маишӣ (либоси хонагӣ, корӣ, ҳамарӯза, идона, варзишӣ, миллӣ); 2) корӣ (либосҳои махсус, тиббӣ, техникӣ, ҳарбӣ). Ҳангоми пӯшидани чунин либосҳо низ одамон вобаста ба фазову вақт амал мекунанд. Масалан, касе ба ҳашар ба ҷойи либоси корӣ бо либоси идона, ё худ, бо либоси хонагӣ ба меҳмонӣ намеравад, бо либоси варзишӣ ба муаассисаи таълимӣ низ касе ҳозир намешавад ва ғайра. Аммо, мутаассифона, баъзе мардони мо худро шахси диндору бо тақво нишон доданӣ шуда, дар як қатор ҳолатҳо ба кӯча ё ба масҷид бо зоҳирпарастии ошкоро бо либоси хонагӣ, хусусан бо шалворҳои ба миллати мо хос набуда мераванд, ки на танҳо ба меъёрҳои эстетикию зебоишиносӣ, балки ба меъёрҳои ахлоқии миллати мо низ мутобиқат намекунад.
Оид ба либос сухан гуфта, либоси миллии тоҷикии занонаро махсусан таъкид кардан зарур аст. Чунонки маълум аст, ҳар гуна либос дар тули таърих вобаста аз тарзи ҳаёти ҳар як халқу миллат ва иқлими зисти он ба вуҷуд меояд. Либоси миллии занона барои тоҷикон низ чунин таърих дошта, ба тамоми талаботи иқлимӣ, амалӣ, динию фарҳангии миллати мо ҷавобгӯ аст. Аз ин рӯ, дар иқлими дигар, дар фазову вақти муосир ба бар кардани либоси миллатҳои дигар аз ҷониби баъзе занон ин на танҳо нишонаи бегонапарастист, балки вайрон кардани ҳама гуна талаботи эстетикӣ ва тандурустиро низ аз ҷониби онҳо нишон медиҳад.
Вобаста ба либоси миллии тоҷикӣ андешаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки баъзан бо ҳам мухолифат мекунанд. Аммо, хушбахтона, уламои соҳаи дин тавонистанд, ки ба ин баҳсҳо хотима гузоранд. Аз ҷумла, Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон чунин хулосаҳоро пешниҳод намудааст, ки куллан на танҳо аз нигоҳи динӣ, балки аз мавқеи илму талаботи тандурустӣ ва фарҳангӣ низ асосноканд.
         Аввалан, уламои мазкур, чунонки болотар дар бораи таърихи пайдоиши либос сухан гуфтем,  таъкид намуаанд, ки ҳар қавму қабила ва халқ аз қадим сарулибоси хоси худро доштааст ва занони тоҷик тайи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ будаанд.
         Дуюм, либоси миллии тоҷикӣ барои занон ҳамеша аз рӯймол, курта ва пойҷома иборат буда аст, ки комилан ҷавобгӯйи талаботи мазҳаби ҳанафӣ мебошад.
         Сеюм, пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ ба мазҳаби мо мухолифате надорад, аммо либосҳои танг ва сиёҳи занона тавсия дода намешавад, зеро он аз назари мазҳаби ҳанафӣ ҳатмӣ набуда, ба миллати мо ва шароити иқлимии зисти он мутобиқат надорад.
         Дар маҷмуъ, либоси миллии тоҷикон, аз нигоҳи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ буда, хотима бахшидан ба баҳсҳо дар ин самт барои оромӣ, ободӣ, бародарӣ ва рушди ҷомеа ва миллат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, риояи талабот ба либоси миллӣ аз ҷониби бонувони тоҷик на танҳо нишонаи миллатдӯстии онњо, балки саҳми онҳо дар таҳкими ваҳдати миллат хоҳад буд.
 
 
Хуршед Зиёӣ доктори илмҳои фалсафа,
профессор, муовини директор оид ба
илм ва таълими ИФСҲ ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia