casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ - стратегияи мукаммали Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

wrapper

Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатии кишвар нақши ҳалкунанда бозид. Аксаран ваҳдатро ҳамчун як ҳолати ба даст омадани суботи устувор дар ҷомеа ва давлат мефаҳманд.Дар марҳалаи ибтидоии ташаккули давлатдории нав нақш ва аҳамияти ваҳдати миллӣ дар ноил шудан ба сулҳу ваҳдати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бебаҳо мебошад. Дар амалияи ҷаҳонӣ шояд ин ягона ҳолате бошад, ки ҷонибҳои даргир ба хотири ҳифзи якпорчагӣ, тамомияти арзӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳдоштани миллати тоҷик гирди мизи музокирот ҷамъ омаданд ва билохира Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расониданд. Ин санаи таърихӣ оғози раванди созандагӣ дар Тоҷикистон аст. Мо бо камоли дилпурӣ гуфта метавонем, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон дарси беназир дар масъалаи ҳалли низоъҳои ҳамсон мебошад.
Таҷрибаи идоракунӣ дар давоми зиёда аз се даҳсолаи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии роҳбари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалиятҳо баҳри ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ расонида истодаанд. Дар робита ба ин метавон аз якчанд стратегияҳои комилан нав, ки дар раванди давлатсозии муосири мо истифода шудаанд, ёдовар гашт.
Стратегияи нахустини мукаммал ин баровардани кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба решакан намудани зуҳуроти зўроварӣ ва хушунату куштор, рўҳияи ноумедӣ, нобоварӣ ба ҳокимият, парокандагии ғоявӣ, бадбинӣ, бозгардонидани гурезагони иҷборӣ, куллан тағйир додани имиҷи давлат дар арсаи байналмилалӣ асос ёфта буд, самаранокии худро собит намуда, нишон дод, ки барои муваффақ гаштан дар самтҳои дигар, пеш аз ҳама, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ зарур мебошад. Ин аст, ки ҳамчун нишондиҳандаи рушди устувор суботи сиёсӣ қабул гашта, дар заминаи он таҳкими муносибатҳои созанда ва пешрафти иқтисодӣ имконпазир мегардад. Ин стратегия муносибати комилан нави сиёсиро, ки ба созиш ва гузаштҳо асос ёфта, принсипи ҳалкунанда дар он таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ буд, ба ҷомеа муаррифӣ намуда, стреотипҳои мавҷудаи сиёсиро вобаста ба муносибатҳои ҳокимият ва идоракунӣ дарҳам зад. Яъне, ин талаботи ҷомеа, ки дар ҳамон вақту ҳамон макон татбиқи он зарур ва ногузир буд, аз ҷониби сарвари сиёсӣ ба хубӣ дарк карда шуда, механизми татбиқи он самаранок фаъолият намуд.
Натиҷаи татбиқи ин стратегия таҳкими ҳокимияти сиёсӣ, раҳоӣ аз буҳрони сиёсии марговар, афзудани боварии ҷомеа ба ҳокимияти сиёсӣ, таъмини ҳамгироии иҷтимоии ҷомеа, ташаккули низоми сифатан ва мазмунан нави муносибатҳо дар доираи низоми сиёсии навтаъсис ва шинохту эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Татбиқи ин стратегия бори дигар собит сохт, ки сарвари давлат дар стратегияи умумии давлатсозии худ, пеш аз ҳама, ба принсипҳои эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, ки омилҳои муҳим дар идоракунии самарабахш маҳсуб меёбанд, такя менамояд.Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории миллӣ ва ба даст овардани сулҳу субот дар мамлакат ва таҳкими минбаъдаи Истиқлолияти давлатии кишвар нақши ҳалкунанда бозид. Охирин яке аз стратегияҳои мукаммали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барои баровардани кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. 

Муродов С.А., номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia