casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таъмини адолати судӣ.

wrapper

Дар раванди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташакулли маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар кишвари азизамон барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амали шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар нимзоми ҳуқуқии кишвар нақши зиёд дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар баробари дигар дастовардҳои намоён дар умури давлатдорӣ низоми ҳуқуқии кишвар низ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ такмил шуда, дар сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Албатта, таъмини рушди устувор ва таҳаввулоти сохторӣ дар ҳама бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла мақомоти судӣ, дар заминаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба миён омад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуда, бори нахуст ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қонунан муқаррар намуд.
Агар таърихи мавҷудияти судҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ду марҳила—то эълони ваҳдати миллӣ ва даврони баъд аз расидан ба ваҳдат тақсимбандӣ намоем, баръало равшан мегардад, ки маҳз пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти судҳои кишвар тағйироту пешрафтҳои зиёд ҷой доданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишвар боз намуда, дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999, яъне зимни татбиқи талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар натиҷаи раъйпурсии умуми халқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардани асоси қонунӣ гузоштанд. Ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ, ки бо мақсади заминасозии ҳуқуқии раванди сифати нави рушд ва мукаммал гардонии низоми қонунгузории миллӣ анҷом пазируфт, мақом ва эътибори низоми мақомоти судии кишварро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид, ки бевосита самараи ваҳдату ризоияти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар асоси талаботи Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ соли 1995 бобати мукаммалу мустаҳкам кардани мустақилият ва беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардид. Бо қабули асноди зикршуда фаъолияти судҳои иқтисодию ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз гардида, ба самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ асос гузошта шуд.Тағйироти ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа бамиёномадаро Сарвари давлат, воқеъбинона таҳлил намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ»-ро тасвиб намуда, ҳамзамон, дар мамлакат гузарондани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқиро зарур шумурданд. Бо имзои ин фармон имконияти муҳайё намудани шароити моддӣ – техникӣ ба судҳо, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши хизматии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва дар ин замина пойдор гардондани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба миён омад. Ин иқдоми саривақтии Пешвои миллат ба беҳбудии фаъолияти судяҳо, қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок баҳри самаранок баамалбарории адолати иҷтимоӣ дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони бузург бахшида, баъдан замина барои қабул ва марҳила ба марҳила гузарондани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ гашт. Ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва давра ба давра татбиқ намудани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ тақозо мекард, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Бо ҳамин мақсад, 22 июни соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки як қисми он ба мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, мӯҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол зиёд, синни ниҳоии ҳуқуқшиносе, ки ба вазифаи судягӣ пешниҳод мегардад 65-сола муқаррар гардид. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат зимни вохӯрию мулоқотҳояшон бо судяҳо, кормандони масъули мақомоти судӣ ба беҳтар гардидани кори судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок нақши муҳим бозида, дар маҷмӯъ, ба таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳлили ҳамаҷонибаи самту соҳаҳои гуногун ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ, адолати судӣ, таъмини волоият ва риояи қонунҳо таваҷҷуҳ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр карданд, ки
« Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад». Бояд зикр намуд , ки таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкор ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирии содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ Барномаи ислохоти судӣ-ҳуқуқӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Хусусан, дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар шароити мусоиду мувофиқ барои фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ фароҳам гаштанд. Муҳимтарин дастовардҳои ба даст овардаи ин соҳаро метавон ба таври зайл тақсимбандӣ кард:
- дар Конститутсия мустаҳкам ва муқаррар намудани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ;
- ба ҳайси таъиноти асосии ҳокимияти судӣ муқаррар намудани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат;
- дар самти баррасии парвандаҳо ва баҳсҳои ҳуқуқӣ васеъ намудани салоҳияти суд;
- таҳкимбахшии меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар қонунгузории миллӣ доир ба фаъолияти судҳо;
- шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати низоми кафолати мустақилияти судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ;
- муқаррар намудани кафолати дастрасии ҳар як шахс ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ;
- вусъат ёфтани раванди маблағгузории фаъолияти судҳо аз буҷети давлатӣ;
- мукаммал гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мутобиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ;
- таъсиси ниҳоди «коромӯз — судя» дар сохтори ҳокимияти судӣ ва мустаҳкам намудани он дар сатҳи қонунгузорӣ;
- ба салоҳияти суд вогузор намудани масъалаи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар муро¬фиаи судии ҷиноятӣ.
Дар ҷараёни татбиқи Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, бо назардошти рушди чомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электронӣ гузаштани судҳо тадриҷан ташаккул меёбанд.
Ҳоло ба шарофати пойдории сулҳу субот ҳокимияти судӣ имконияти ҳифзи дастовардҳои зикршударо дорад.Бинобар ин қайд кардан ҷоиз аст, ки бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он мекунанд, ки ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва баҳри ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем, зеро равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯз баёнгари он мебошанд, ки давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта метавонанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҳушдор медиҳад, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама, мо бояд ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дуруст дода тавонем.
Ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад.Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.
Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ имконияти хуб фароҳам овард, ки кишвар ба маҷрои осоишта ва сулҳу суботи ҳамешагӣ қадам ниҳода, соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, бахусус судӣ — ҳуқуқӣ ташаккул ёфтанд.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна
ходими илмии шуъбаи таърихи давлат
ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia