casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ваҳдат ва рушди давлатдории тоҷикон

      Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ  бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар хезониданд. Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита ру наметофтанд. Дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар буҳрони амиқи душворҳал ғyттавар шуда буд. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери даргирҳо монда қурбон шуданашон аз имкон дур набуд, ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу  яроқнокро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад. Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва нерӯҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодӣ ба амнияти  давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуданд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд. Муфассал ...

Эмомали Рахмон – архитектор национального единства в Таджикистане

 

Национальное единство является фундаментальной основой для стабильности и процветания любого государства. Оно подразумевает сплоченность народа, наличие общих ценностей и целей, а также единство в многообразии. То – есть национальное единство является ключевым фактором, обеспечивающим устойчивость и процветание любого государства. Оно представляет собой гармоничное слияние различных этнических, культурных и социально-экономических групп в одно целое, объединенное общими целями и ценностями. В условиях современных глобальных вызовов и внутренних противоречий, национальное единство становится краеугольным камнем, на котором строится стабильность и развитие нации. Муфассал ...

Дастурамали таҳия ва иҷрои кори илмӣ барои магистрон ва докторони PhD

Кӯмак ба олимони ҷавон ҷиҳати таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти олимони ИФСҲ- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза баҳри тақвият бахшидани корҳо дар ин самт як қатор чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз, санаи 11-уми июни соли ҷорӣ ба магистрони ихтисоси 240102 - ҳуқуқшиносии ИФСҲ - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби муҳаққиқи хориҷӣ, доктори илмҳои фалсафа Азизи Мухаммед Башир доир ба таҳия ва иҷрои мақолаҳо ва кори илмӣ семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд. Семинарро номзади илмҳои педагогӣ С.Абдумуминзода оғоз намуда, иброз дошт, ки омӯзиши роҳу равиши таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ барои магистрон мубрам буда, ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони варзида ба мақсад мувофиқ аст.
Доктори илмҳои фалсафа Азизи Мухаммед Башир дар семинари омӯзишӣ доир ба нозукиҳои таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ ибрози андеша намуда, бо мисолҳо аз интихоби мавзӯи кори илмӣ то таҳияи он, сохтори таҳияи рисолаҳои илмиро шарҳу тавзеҳ дод.
Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia