casino malaysia
casino malaysia
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид

wrapper

04 октябри соли 2024 бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид.
Дар кори Конфронс ходимони илмӣ-сиёсӣ, коршиносони варзида, олимону донишмандон ва меҳмонон аз бахшҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-амалии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна сухан ронда, зарурати таҳқиқоти бунёдии масоили  фалсафии онро дар Тоҷикистон таъкид намуданд.
Мавзуи мавқеъ, нуфуз ва ташаккули симои маънавии занони Шарқ яке аз масоили асоситарини таҳқиқоти Мунзифа Қаҳҳоровна мебошад. Яке аз асарҳои ӯ низ бо номи “Симои маънавии занони Шарқи Советӣ”, ки соли 1969 тавассути нашриёти “Ирфон” дастраси хонандагони сершумор гардид, моҳияти ҷамъкунандаи афкору ақоиди ӯ, ки дар тули солҳо дар нисбати зан эҷод гардида буданд, ба шумор меравад.
Кароматулло Олимов –д.и.ф. профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Ифтихори илм ва маорифи Тоҷикистон”;
Маҳмадизода Нозим д.и.ф., профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи – “Ҳидоятгари олами илм”;
 Саидова Гулхумор Зинатовна н.и.ф. дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Зан-омӯзгор ва олимаи нуктасанҷ”;
Суханронии Раҷабова Зарина Солеҳҷоновна –н.и.и. дотсент, фарзанди профессор Мунзифа Ғаффорова.
 қайд гардид, ки китоби умри бобаракати ў серпањлўю пур аз сањифањои рангин аст. Зиёда аз 10 сол дар вазифањои масъули комсомолї њизбию давлатї, ягона бонуи тољик аст, ки солњои зиёди даврони Шуравӣ ду донишгоњи муътабари љумњуриро сарварӣ намудааст: Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоњи давлатии омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко-и ш. Душанбе (њозира ДДОТ ба номи Садриддин Айнї).
М.Ќ.Ѓаффорова ташкилотчии бомањорат ва масъулиятшинос- солњои зиёд вакили Шўрои Олии Љумњурї, аъзои исполкоми љамъияти робитањои дўстї ва мадании СССР бо мамлакатњои хориљї, аъзои Правленияи љамъияти фалсафии СССР, аъзои Шўрои илмї – техникии Вазорати маорифи СССР, аъзои Комитети занони Шўравї, раиси Шуъбаи љумњуриявии љамъияти робитањои дўстї ва мадании СССР – Бангладеш, муовини раиси Кумитаи якдилии халќњои Осиё ва Африка ва ѓайра буданд.
Њукумати Љумњурии Тољикистон сањми хизмати арзандаи устодро ба инобат гирифта ўро бо мукофотњои давлатї ќадр намудааст: «Ходими хизматнишондодаи илми Љумњурии Тољикистон», ду ордени «Байраќи сурхи мењнатї», ордени «Дўстии халќњо», ордени «Дўстї»-и Љумњурии Тољикистон, медалњои «Барои мењнати бошуљоат дар љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945», «800-солагии Москав» ва дигар медалњо, ифтихорномањои давлатї, нишонањои фахрии «Аълочии маорифи СССР», «Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон», «Аълочии фарњанги Тољикистон», «Мураббияи љавонон».
Мунзифа Ѓаффорова зани хастанопазир буданд. То  лањзањои вопасини умри хеш  дар пешбурди  илму  фарњанги  љумњурї кўшиши зиёд ба харљ додааст, ки ин хизматҳои шоёни ӯ барои ин миллат мондагор хоҳад монд.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia