casino malaysia
casino malaysia
Меҳргон – мероси ниёгон

wrapper

Тақвими ниёгони фарзонаамон моломоли ҷашну маросимҳои гуногуни сунатию динию табиӣ мебошад. Фарзи мисол ғайри  Гоҳанборҳо – 6 ҷашни сол, Наврӯзу Тиргон ва Сада боз ҳар моҳ, яъне 12 ҷашни дигар таҷлил мешуд. Тартиби ин ҷашнҳо чунин буд:  тақвими мазкур аз 12 моҳи сирӯзӣ иборат буд, дар қатори моҳҳо: Фарвардин, Урдибиҳшт, Хурдод, Шаҳривар, Меҳр... рӯзҳо ҳам номи алоҳида  доштанд:  Ҳурмуз, Баҳман, Урдибишт...Меҳр ва ғайра. Дар сурати номи моҳ ва номи рӯз бо ҳам омадан ҷашн меоростанд.
Мергон низ яке аз зеботарин ҷашнҳои ориёӣ маҳсуб меёфт ва рӯзи Меҳри моҳи Меҳр (дар таърихи 14-ум) ҷашн гирифта мешуд. Агар ба тақвими имрӯза қиёс кунем ба 8-уми октябр рост меояд.. Меҳргон аслан ҷашни фасли поиз ё тирамоҳ буду ҳаст. Аҷдоди фарҳангпарварамон баъди ғундоштани ҳосил ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз табиати афсункор гирди ҳам омада, ҷашн ороставу  ниёишу арҷгузорӣ аз Офаридгору неъматҳои волояш мекарданд.
Бо шарофати истиқлоли миллӣ ва бо ибтикори эҳёгари Тамаддуни Ориё – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои ид” дар шумули дигар иду ҷашнвораҳо ба  тақвими миллӣ ворид гардид. Ва инак чанд сол мешавад Меҳргон дар саросари кишварамон бо шукуҳу ҷалол таҷлил меёбад. Сарвари давлат дар соли нахустин расмӣ гадидани ин ҷашни бостонӣ таъкид намуда буд:
“Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиямон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносию худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзию накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад.”
Таърихи тавлид, ҳикмату фалсафа ва тасвири ин ҷашни зебои табиат дар осори классиконамон зиёд ба чашм мерасад. Фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, дар асари мондагори “Ат-тафҳим” нигоштааст:
“Меҳгон шонздаҳум рӯз аст аз Меҳрмоҳ ва номаш Меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Бевараспи ҷоду он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад.”
Масъуди Саъди Салмон низ хелк зебо ин ҷаши меҳрборро ба риштаи назм кашидааст:
 
     Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
                          Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба рӯзи Меҳру ҷашни Меҳргон.
Шарти адаб мебуд таъкид кунем, ки Меҳргон дар ашъори бузургоне ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Сайдои Насафӣ, ва Носири Хисравв низ бо назокату  фасоҳату балоғати том тасвиру тамҷиду тавсиф гардидааст. Мавриди зикр аст, ки шоиру нависандагони муосир низ анъанаи классиконро давом дода, Меҳргонро бо сувари хаёл сутудаанд. Барои тақвияти андеша чанд мисраъе аз устод Гулрухсор:
     Фасли меҳри Меҳргон буд,
        Меҳр дил буд, меҳр ҷон буд.
Ранги зарди тироамоҳӣ
  Сурху сабзу арғувон буд.
Ишқ меҳроби таҷалло
                                              Ишқ султони ҷаҳон буд.
                                              Ишқ наврӯзии поиз,
Қалбҳо наврӯзгон буд.
Мо надонистем ҳайҳот,
  Ганҷ ганҷи шойгон буд.
                                               Дар сабӯи мастии мо,
Аз булӯри осмон буд.
Ситоиши Меҳр дар китоби муқаддасу донишномаи ақвоми Ориё – “Авесто” низ иникос гардида, ки мавзӯи суҳбати дигар аст.
Ба ҷои хулоса мехоҳам суханони волою ҳикматдору таҳрикдиҳандаи Ҷаноби Олиро, ки дар яке аз маҳфилҳои бонуфуз ироа шудааст, иқтибос биоварам:
“Бо густариш додани чунин ойину ҷашнҳои миллати бостониямон, аз ҷумла Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди давлат, ободии Ватан дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи миллат ва барои аз имрӯза беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.”
Дар хатми матлаб Меҳргонро ба ҳамаи  ҳамватанон таҳният гуфта, тамнно менамоям, ки Тоҷикистони азиз монанди ҷашни Меҳргон гуногунрангу зебо бимонад.
 
Ходими илмӣ, Талбаков Абдуқодир (Ориёмеҳр Зардушт)
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia