casino malaysia
casino malaysia
Тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи Конститутсия   Конститутсия сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва низоми ҳуқуқӣ.

wrapper

 
Сарфи назар аз сафбандии низоми қонунгузорӣ ва мартаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мазмун, таъиноту вазифаҳо, хислатҳои онҳо тибқи мувофиқати онҳо бо Конститутсия муайян мегардад. Низоми қонунгузории миллӣ ва усулҳои асосии ташкилёбии он дар  Конститутсия муқаррар гардида, дар қонуни махсус  дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муфассал танзим карда мешавад.     Ҳамаи онҳо бояд дар танзими муносибатҳои мушахаси ҷамъиятӣ рӯҳи Конститутсияро ба асос гиранд. Ҳамзамон Конститутсия зарурияти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро пешбинӣ карда метавонад, ки ҳолатҳои онро ривоҷ дода тавонанд. Масалан, Конститутсияи ҶТ масъалаҳоеро пешбинӣ кардааст, ки бояд тавассути қонунҳои конститутсионӣ ё қонунҳои ҷорӣ танзим карда шаванд.
Ба ин шумора ҳолатҳои дар қ.4 моддаи 7, қ.3 моддаи 15, қ.4 моддаи 48, қ.4  моддаи 51, қ.5 моддаи 65, қ.5 моддаи 71, қ.4 моддаи 74, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 78, моддаи 83, қ.3 моддаи 84, моддаи 92, қ.3 моддаи 95 муқаррар шуда мисол шуда метавонанд. Сарфи назар аз ҳаҷми танзимёбии муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионии мазкур, қонунҳои ишора шуда  бояд ба мазмун ва рӯҳи Конститутсия  мувофиқ бошанд. Қабул ва амалӣ чунин санадҳо амали меъёрҳои конститутсиониро боздошта  ва ё халадор карда наметавонанд.
 
         Хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия. Ҳар кадом конститутсияи ҳуқуқӣ хусусиятҳои хоси ҳуқуқӣ ва сифатҳои Қонуни асосии давлатро дорад. Конститутсия дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яке аз навъҳои қонун мебошад ва ба он ҳамаи нишонаҳои қонун хос аст. Хусусияти конститутсия пеш аз ҳама дар волоияти ҳуқуқии он инъикос меёбад. Волоияти конститутсия ба ҳамаи қонунҳои ҳадди гуногун таъсир дорад. Мувофиқи Конститутсия ва қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ чор намуди қонунҳои зерин пешбинӣ шудаанд: қонунҳои  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда; қонунҳои конститутсионӣ; қонунҳои ҷорӣ ва кодексҳои ҳуқуқӣ. Дар таҷрибаи қонунгузории ҶТ  ҳанӯз ҳодисаи қабули қонунҳо ба таври раъйпурсии умумихалқӣ ҷой надоранд. Албатта ба ин гурӯҳи қонунҳо, он қонунҳое, ки ҳадафи таѓйиру иловаҳо дохил кардан ба конститутсия доранд, дахл надоранд. Аммо дар ҳолати қабули чунин қонунҳо низ бояд мувофиқати онҳо ба конститутсия ба эътибор гирифта шавад. Мувофиқи тартиби қабул ва қувваи ҳуқуқии худ кодексҳо ва қонунҳои ҷорӣ ҳамвазн буда,  фақат бо таркиб ва мазмуни худ фарқ доранд. Дар робита бо ҳамаи ин қонунҳо усули волоияти ҳуқуқии конститутсия риоя карда шуда, мувофиқати онҳо бо конститутсия таъмин карда шавад. Волоияти ҳуқуқии Конститутсия одатан дар матни он қайд меёбад. Мисол мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи ҶТ  «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад…  Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».
         Амали мустақими меъёрҳои Конститутсия  (муродифи амали бевоситаи конститутсия) – усулест, ки мувофиқи он меъёрҳои Қонуни Асосӣ мустақиман сарфи назар аз мавҷуд будани қонунгузории тафсилдиҳанда амалӣ карда мешаванд. Дар ҳолати риоя нашудани усули мазкур имкони муроҷиат ба суд барои ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ вуҷуд дорад. Дар моддаи 10 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал мекунанд. Барои амали намудани  усули мазкур меъёри конститутсионӣ оид ба танзими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти калон дорад. Дар конститутсияи аксари давлатҳо дар ин хусус меъёрҳои дахлдор вуҷуд доранд. Масалан, дар қисми дуюми моддаи 14 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи  ҳокимияти судӣ  таъмин мегарданд». Дар Қонуни Асосии он давлатҳое, ки дар хусуси амали бевоситаи конститутсия меъёр мавҷуд нест таҷрибаи судӣ онро амалан татбиқ менамояд. Дар ин ҳолат презумпсияи (эҳтимоли) амали мустақими конститутсия риоя карда мешавад. Дар ин хусус дар қарори Суди конститутсионии Федератсияи Русия аз 31 октябри соли 1995 ба судяҳо тавсия карда шудааст, ки дар баррасии маводҳо дар ҳамаи ҳолатҳои зарурӣ Конститутсияи -роФР  ФР-ро ҳамчун санади мустақиман амалкунанда ба асос гиранд.                                   
         Адлияи конститутсионӣ (адолати судии конститутионӣ)         ибораи ҷамъбастиест, ки низоми мақомот ва расму қоидаҳое, ки имкон медиҳад, мувофиқати санадҳои парлумон, мақомоти  воҳидҳои мухторӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои ҳокимияти иҷроия ва шахсони хусусиро ба Қонуни Асосӣ тафтиш намояд. Адлияи конститутсионӣ яке аз шаклҳои асосии  амалӣ намудани назорати конститутсионӣ мебошад. Назорате, ки дар шакли мурофиаи судии конститутсионии аз тарафи мақомоти судии махсус – Суди конститутсионӣ, инчунин мақомоти квазисудӣ – Шӯрои конститутсионӣ ва баъзе дигарҳо, инчунин   худи ин мақомот амалӣ менамоянд.        Дар низоми адолати суди адлияи конститутсионӣ шохаи махсус мебошад, чунки дар он мавзӯи (предмети) баррасӣ, мақомоти махсус, тартиби махсуси мурофиаи судӣ ва  як қатор хусусиятҳо онро аз дигар мақомоти амаликунандаи адолати судӣ тафовут дошта, мавҷуд мебошанд.
         Давраҳои пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон. Пайдоиши падидаи Конститутсия ва рушди он дар Тоҷикистон бо таърихи соҳибдавлат гаштани миллати тоҷик дар давраи ҳокимияти шӯравии сотсиалистӣ рост меояд. То давраи аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт гардидани мулкҳои Осиёи Миёна ва паҳн кардани низоми ҳуқуқии ҳокимияти подшоҳӣ, низоми ҳуқуқӣ дар ин мулкҳо Шариат ба ҳисоб рафта рукнҳои он ба тарзи ҳаёти мардуми тагҷойи роҳ ёфта буд. Аз ин рӯ, зарурият ба низоми ҳуқуқ ва коидаҳои дунявӣ ҷой надошт. Бо ѓалабаи инқилоби пролетарӣ дар Русия ва ташакулёбии ҳуқуқи типи нави сотсиалистӣ доираи амали он ба ҳамаи мулкҳои дар ихтиёри Русия қарор дошта паҳн карда шуд. Минбаъд бо забт шудани Аморати Бухоро ва хонигарии Хива дар Осиёи Миёна мавқеи  шариат бо тадриҷ маҳдуд ва оқибат тамоман бекор карда шуд. Бо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ (соли 1924) ва табдилёбии он ба ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ (соли 1929) низоми қонунгузории шӯравӣ дар Тоҷикистон пурра пойдор ва то татбиқи расмиёти конститутсионӣ расид. Вазъи ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1929 танзим ёфт. Аммо ин воқеа бо ҳодисаи таѓйирбии сохтори давлатии Тоҷикистон рост омад. Кушиши халқи тоҷик ба устувор намудани давлатдории миллии худ тавассути санадҳои давлати иттифоқии шӯравии сотсиалистӣ дар моҳи октябри соли 1929 асоси  ташкилёбии (табдилёбии ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Ин ҳодиса тавассути санадҳои таасисдиҳандаи иттифоқии шӯравӣ ва ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.
         Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929. Конститутсияи мазкур давраи нахустини соҳибдавлат гардидани халқи тоҷикро ҷамъбаст ва тавассути санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии дар Анҷуманҳои якум ва дуюми Шӯроҳои ҷумҳурӣ қабулшуда, расмӣ гардиданд. Мувофиқи супориши Анҷумани якуми таъсискунандаи Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистӣ (декабри соли 1926) ҳукумати  ҷумҳурӣ ба Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии  Шӯроҳо лоиҳаи Конститутсияи аввалинро тайёр ва пешниҳод намуд. Моҳи апрели соли 1929 Конститутсияи мазкур қабул карда шуд ва дар он дар ҳайати ҶШС Узбекистон бо ҳуқуқи мухторӣ қарор доштани Тоҷикистон ва тавассути он ба ҳайати ИҶШС дохил будани он инъикос карда шуд. Дар рӯзи хотимавии кори Анҷумани дуюм баробари қабули Конститутсия инчунин қарор дар бораи қонеъ гардонидани муроҷиати ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон қабул кардани округи маъмурии Хуҷанд тасдиқ ёфт. Қарори мазкур вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷумҳуриро кулан таѓйир дод. Дар ҳамин замина бо анҷомёбии кори Анҷумани дуюм дар ҳудуди ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии тарафдори ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон идома ёфт ва мардум онро бо рӯҳбаландӣ маъқул шумориданд. Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқуллодаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ тавассути Эъломия, Изҳорот ва Қарори табдилёбии ҶМШС Тоҷикистонро  ба Ҷумҳурии иттифоқии шуравии сотсиалистӣ ва бевосита дар ҳайати ИҶШС қарор доштани он  расмӣ гардонид. Ин қарорҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶШС Узбекистон ва ИҶШС дастгирӣ ёфтанд. Бо сабабҳои мазкур расман ба амал даромадани аввалин Конститутсияи Тоҷикистон аз байн бардошта шуд.
         Конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон солҳои 1931, 1937 ва 1978.
Мувофиқи супориши Анҷумани сеюми Шӯроҳо Раёсати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҶШСТ-ро пешниҳод намуд ва он моҳи феврали соли 1931 аз тарафи Анҷумани чоруми умумитоҷикистонии Шуроҳо баррасӣ ва қабул гардид. Аммо таҳрири хотимавии он хеле кашол ёфт. Ва барои таҳрир ва такмили меъёрҳои он комиссияи махсус ташкил ёфт ва фақат моҳи декабри соли 1932 бо қарори Раёсати КИМ матни Конститутсия ба чоп расид. Аммо кори мукаммал гардонидани Конститутсияи мазкур идома ёфта, 16 –уми ноябри соли 1934 Раёсати КИМ-и ҷумҳурӣ комиссия навро барои омода кардани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи мазкур ташкил кард. Таклифҳои комиссия дар ин бора аз тарафи Раёсати КИМ омӯхта шуда, ба Анҷумани 5–уми умумитоҷикистонии Шуроҳо пешниҳод карда шуд. 16 январи соли 1935 таҳрири нави Конститутсияи соли 1931 тасдиқ гардид, ки дар он бисёр меъёр ва ҳолатҳо, таркиби он ба тарзи нав муқаррар гардида буданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамин давра Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва конститутсияҳои дар асоси он қабул гардидаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шуравӣ низ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд. Аммо дар ҳамин асос баъзе олимони шӯравӣ Конститутсияи ҶШС Точикистон соли 1931-ро дар таҳрири соли 1935  Конститутсияи нави ҷумҳурӣ шуморида, идао мекарданд, ки гуё дар ҶШС Тоҷикистон чор Конститутсия қабул шуда бошад. Аммо ин ѓалати маҳз буда, он дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1924 қабул шуда, то дар амал будани он бекор нашуда буд. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 дар таҳрири соли 1935 ҷойи Тоҷикистонро дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муайян карда, ҳуқуқҳои соҳибихтиё-ронаи онро дар ҳайати ИҶШС танзим намуд.
         Конститутсияи дуюми ҶШС Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1936  дар Анҷумани шашуми Шуроҳои ҶШС Тоҷикистон 1-уми марти соли 1937 қабул карда шуд. Дар он раванди ба анҷомрасии давраи гузариш аз сохтори кӯҳнаи ҷамъияти сотсиалистӣ  ба  давраи нави рушди давлатдории миллӣ расмӣ гардид. Мазмун ва таъиноти асосии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 ба ҳамин омилҳо робита дошта, раванди рушди давлатдории миллӣ ва заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи сотсиализмро инъикос гардонид.
         Конститутсияи охирини давраи ҳокимияти шуравии ҶШС Тоҷикистон 14 апрели соли 1978 аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мувофиқи Конститутсияи ИҶШС аз 7 октябри соли 1977 қабул карда шуд. Конститутсияҳои мазкур мувофиқи барнома ва хулосаҳои ҳизби камунист дар бораи давраҳои рушди ҷомеа ва давлати шуравӣ қабул гардиданд. Дар онҳо чунин ҳолатҳо дар бораи аз давраи сотсиализм ба давраи нави рушди он сотсиализми муттарақӣ, давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, таѓйирёбии асосҳоии сиёсӣ, иқтисодӣ, таркиби иҷтимоии давлат ва ҳоказо инъикос гардонида шуданд.
         Конститутсияҳои иттифоқии давраи ҳокимияти шӯравӣ. Бо таъсисёбии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) дар соли 1922 зарурияти қабули аввалин Конститутсияи умумиитифоқӣ ба вуҷуд омад. То он вақт ҳар як давлатҳои нави шӯравӣ конститутсияҳои худро қабул карда, дар асоси он фаъолияти худро ба роҳ мемонданд. Дар байни онҳо конститутстияи аввалини шӯравии сотсиалистӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия соли 1918 ҳамчун  конститутсияи типи нави намунавӣ аҳамияти хоса дошт.  Конститутсияи якуми ИҶШС 6 июли соли 1923 аз тарафи КИМи ИҶШС қабул ва ба амал дароварда шуд. Ва 31 январи соли 1924 онро Анҷумани 2-ми Шӯроҳои ИҶШС тасдиқ кард ва бо ин сабаб он  «Конститутсияи (Қонуни Асосии) Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ» соли 1924 ном гирифт. Таркиби Конститутсияи мазкур аз ду ҳуҷҷати таъсиснамоии ИҶШС: Эъломия ва Шартнома дар бораи ташкилёбии ИҶШС иборат гардид. Дар онҳо ҳамаи асосҳо ва усулҳои  ташкилёбии давлати нави умумииттифоқӣ муқаррар ва танзим ёфта  буданд. Аз ҷумла, дар асоси баробарҳуқуқии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтани давлати умумииттифоқӣ, аз намояндагии баробари ҷумҳуриҳо иборат будани ҳайати мақомоти олии намояндагии иттифоқӣ, ҳуқуқи озодона  аз ҳайати ИҶШС баромадани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ѓайра. Конститутсияи мазкур меъёрҳои ба давраи гузариш аз сохтори куҳнаи капиталистӣ ба сохти нави сотсиалистиро танзим кард.
         Дар мобайни солҳои 1930 аз тарафи ҳизби болшевикон ва ҳукумати шуравӣ хулоса бароварда шуд, ки дар ИҶШС давраи гузариш анҷом ёфт ва акнун  муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ асосан пойдор гардида, дар заминаи худ ривоҷ меёбад.  Бинобар ин, қабули Конститутсияи нави ИҶШС зарур дониста шуд. Анҷумани 8-уми Шӯроҳои ИҶШС 5 декабри соли 1936 Конститутсияи дуюми ИҶШС-ро қабул кард. Дар он муносибатҳои нави ба ҷамъияти сотсиалистӣ хос танзим гардиданд. Муқаррар карда шуд, ки асоси иқтисодии давлатро моликияти сотсиалистӣ ба олот ва воситаҳои истеҳсолот дар шакли моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асоси сиёсии ҳокимияти давлатиро Шӯроҳои вакилони меҳнаткашон ва асоси иҷтимоии давлатро иттифоқи байни коргарон ва деҳқонон ташкил менамоянд. Дар асоси Конститутсия мазкур ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шӯравии сотсиалистӣ соли 1937 конститутсияи худро қабул карданд. Конститутсияҳои мазкур зиёда аз 41 сол амал карданд.
         Конститутсияи сеюми охирини ИҶШС соли 1977 ба як навъ Барномаи ҳизбию давлатӣ шабоҳат пайдо карда, дар он бисёр ҳолатҳои назариявию мафкуравии давраи нави рушди ҷомеаи сотсиалистӣ  ва давлатӣ шӯравӣ танзим карда шуданд. Дар қисми даромади он ки дебоча (преамбула) ном гирифт, музаффариятҳои ИҶШС  дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ қайд ёфта, чандин хулосаҳо дар бораи дурнамои рушди ҷомеа ва давлат қайд ёфтанд. Аз он ҷумла, ягонагии иҷтимоӣ сиёсӣ ва мафкуравии ҷамъияти сотсиалистӣ, табдилёбии давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, барпоёбии ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ, баланд гардидани нақши ҳизби камунисти ҳамчун нерӯи тавонои халқ қайд карда шуд. Дар дебоча тавсифи муфассали  сифатҳои ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ дода шуд, ҳадафи олии давлати шуравӣ барпо кардани ҷамъияти бесинфи камунистӣ, ки дар он худидоракунии чамъиятии камунистӣ ривоҷ меёбад, дода шуд. Ва вазифаҳои дар назди халқи шуравӣ  дар ин марҳила истода номбар карда шуданд. Дар матни Конститутсияи ИҶШС соли 1977 кушиш карда шуда буд, ки ба ҳолатҳои қайдёфта, меъёр ва ҳолатҳои он мувофиқат дошта бошанд. Мувофиқи нақшаи ҳизбию давлатии шуравии сотсиалистӣ конститутсияи мазкур бояд конститутсияи охирин мегардид, зеро ки дар давраи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи камунистӣ, бояд давлат ва мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бекор шуда, ҷойи онҳоро ҷамъияти худидоракунии камунистӣ ва кодекси бинокори камунистӣ ишѓол мекарданд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чордаҳ сол давлати шуравӣ барҳам ёфт ва конститутсияву қонунҳои он бекор шуданд. Ҳамаи понздаҳ адад ҷумҳуриҳои иттифоқии дар ҳайати ИҶШС қарор дошта, соҳибистиқлол гардиданд ва Конститутсияву низоми қонунгузории худро таъсис доданд.
         Конститутсиягароӣ (конституционализм) – тартиботи давлатдорӣ, ки бо Конститутсия асос  ёфтааст. Тарзи идоракунии давлатие, ки тибқи конститутсия маҳдуд гардонида шудааст. Низоми сиёсие, ки ба Конститутсия асос ёфта ва бо усулҳои конститутсионӣ идора карда мешавад. Ҳамчун назарияи сиёсӣ ҳуқуқие мебошад, ки зарурияти барпо кардани сохтори конститутсиониро асоснок менамояд.
         Конститутсиявигардонӣ (конституционализация) - дар матни конститутсия муқаррар кардани ягон ҳолатҳо ва ба онҳо хос донистани нерӯи конститутсионӣ. Ин амал дар таҷриба худ аз худ эътироф гардида, пайдоиши меъёри нави конститутсионӣ боиси мунозира намегардад. Масалан, қисми хулосавӣ, гузаришӣ, хотимавӣ ва интиқолии Конститутсия ҳамон вақт бечуну чаро қисми таркибии он дониста мешавад, ки агар ҷойи он дар низоми таркиби Конститутсия асоснок муайян карда шавад. Дар ҳолати дар қисми асосии матни конститутсия ҷойи он муайян нагардидан, нерӯи конститутсионии он баҳснок шуда метавонад. Дар асоси қисми дуюми моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавҷудият ва фаъолияти адвокатура ҳамчун ниҳоди ҳимояи инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ расмӣ гардонида шудааст.
 
Давом дорад.
 
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор 
Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    
 
Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор,
 Сарходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia