Меҳргон – ҷашне дар фарҳанги ориёӣ андар гиромидошти фазилатҳои инсонии меҳру паймон
- Сешанбе, Окт 15 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Дар солшумории куҳани мардумони ориёитабор моҳи Меҳр баъд аз моҳи Шаҳривар ояд. Шаҳривар - аз вожаи авестоии хшасара - маънои подшоҳӣ, шаҳриёрӣ ва ваирия – орзушуда, хосташударо дошта, яке аз фариштагонест, ки бахшандаи неру ва тавоноӣ мебошад.
Шаҳриваргон бошад, дар фарҳанги ориёӣ ҷашни хоссаи моҳи Шаҳривар, ҷашни оташ дар ситоиш ва сутудани шаҳриёри орзушуда ва кишвари хосташуда, ки ҷорикунандаи адолат ва таъмингари баробарии иҷтимоӣ дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ маҳсуб меёбад, мебошад.
Донишманди варзида ва маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва таърихнигор Гардезӣ шаҳриваргонро Озарҷашн унвон медиҳанд. Ба он хотир, ки ҷашн ба охирҳои рӯзҳои тобистон, давраи тағйир ёфтани боду ҳаво, фаро расидани фасли сармо (мавсиме, ки ба одамон барои оташ афрӯхтан майл пайдо мешавад) рост меояд.
Умуман, гузаштагонамон Шаҳриваргонро нишоне аз сипаригардии тобистон ва оғоз шудани рӯзҳои сардӣ мешуморанд. Барои кишоварзон ва боғпарварон арсаи ғун кардани дастоварди ба ранҷ ва заҳмат парварида, ҷашни сари хирман, ки давраи бод кардани коҳ ва ҷудо намудани зироати донагӣ аз он мебошад, маҳсуб меёбад. Ҳосили фаровон табъи кишоварз ва боғбононро болида, руҳашонро шод мегардонид. Ба ин васила ин айём барояшон ҷашн аст, вакти тарабу шодӣ, хурсандӣ.
Дигар таомули хос ин ҷашн он аст, ки тавонмандон ба қишри бенавои аҳолӣ кумак мерасониданд, ба онҳо ғизо медоданд то онҳо хушнуд шаванд. Чунки хушнудии раият ин хушнудии шаҳриёрони куҳани мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт.
Аз ин хусусиятгириҳо маълум мегардад, ки дар фарҳанги ориёӣ Меҳргон низ аз ҷиҳати мазмун ва тамоилгирӣ барои мардумони ориёитабор идомаи мантиқии ҷашни Шаҳриваргон мебошад. Дар баробари «Наврӯз» он аз ҷашни бузурге ба ҳисоб мерафт, ки ориёитаборон онро бошукуҳ ва дар сатҳи барҷаста таҷлил карда, барои баргузории он муддати зиёде вақт ҷудо менамуданд. Яъне, агар ҷашни «Наврӯз» барои онҳо паёмовари фасли баҳору сипаришавии мавсими зимистон, ҳамқадаму ҳамрози сарсабзию хуррамӣ маҳсуб меёфт, пас «Меҳргон» дар нимаи дуюми сол, даврае, ки гармои тафсони тобистон ҳарорати худро паст карда, ҳавои мусоид ва файзбахши тирамоҳ ҷойи онро иваз менамуд, таҷлил карда мешуд.
Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон иртибот ба фариштаи меҳр дорад, ки ӯро дар китоби муқаддаси «Авесто» Митро меноманд. Мувофиқ ба боварҳои мардумӣ ин ҷашн рӯзе барпо карда мешуд, ки подшоҳи пешдодӣ - Фариддун бар парварандаи неруи нопок ва зишти аҳриманӣ - Заҳҳок пирӯз омада, дар кӯҳи Дамованд ӯро ба банд мекашад ва тоҷи шаҳриёрии Эронзаминро бар сар мениҳад. Ё худ ориёитаборон Митроро ба сифати «Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз милод ҳамчун Худои Офтоб шинохтаанд. Ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд».
Вобаста ба тамоилгирӣ ва расму анъанаҳои фарҳанги ориёӣ хусусиятгириҳои хосси ин ҷашни аҷдодӣ - «Меҳргон»-ро месазад дар чанд нуктаи муҳим мушаххас намуд:
- Таърихан, гузаштагонамон ин ҷашнро рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр мутобиқ ба солшумории куҳан ва даҳуми моҳи меҳрмоҳ бо солшумории имрӯза (дуюми октябр) таҷлил мекарданд. Файласуфи дақиқназари тоҷик Абурайҳони Берунӣ низ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» ин далели таърихиро нисбати баргузории ҷашни мазкур эътироф карда, ироа медорад, ки «Рӯзи шонздаҳуми меҳр, ки «рӯзи меҳр» аст ҷашни бузург ва баршинохта ба номи «Меҳргон» созвор бо номи он мебошад, ки маънояш «меҳрубонии равон» аст, баргузор карда мешуд». Инчунин, дар сарчашмаҳои маҳфузмонда ин мафҳум синоними вожаи Офтоб фаҳмида мешуд. Маъниҳои меҳр, муҳаббат, самимият, рамзи дӯстию бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ ва ғайраро ифода мекард.
- Меҳргон чун дигар ҷашнҳои суннатӣ, ба вижа «Наврӯз» ойин, фарҳанги хосси барпонамоии худро дошт. Таҷлили он шаш рӯз давом карда, рӯзи аввали онро «Меҳргони омма» ва рӯзи охиринашро «Меҳргони хосса» меномиданд.
- Суннатҳои ҷашни мазкурро бо зикри якчанд таомули хусусияти инсонгароидошта месазад ба таври зайл мушаххас намуд:
- аввалан, мардумон дар ин рӯз либоси нав ба бар карда, худро зебову ороста мегардониданд. Бо ин васила на фақат либосҳои миллии худро муаррифӣ менамуданд, балки тавассути ба бар кардани либосҳои миллӣ мардумро аз майл ба фарҳанги бегона, боз медоштанд;
- дуюм, ба хотири амалигардии орзӯҳои нек, болидагардонии табъи якдигар ба ҳам ҳадяҳо медоданд, хушнудии якдигарро металабиданд. Ин амал аз тинати соф, ҳамдилӣ ва ҳамдигардӯстдории мардум далолат мекард. Зеро кинаву кудурат ва ташвиқи амалҳои зишт хосси ориёиҳо набуд;
- сеюм, хони идона ороста, онро бо ҳафт дона муруд, хушаи ангури сафед, себ, биҳӣ, нилуфар, шакар ва лимӯ оро медоданд, ки ҳар як анвоъи меваҷот рамз ва хосиятҳои худро дошта, ифодакунандаи арзишҳои фарҳанги ноби ориёӣ буданд.
Ба дигар шакл, рӯзи «Меҳргон» мардум дастархоне аз матоъи сурх ороста мекарданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол парварида оро медоданд. Аз ҳафт анвоъи зироат: гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепӯхтанд. Гоҳо шумораи навъи зироатҳо ба дувоздаҳ ҳам мерасид.
Рӯйи дастурхон гузоштани анвоъи гуногуни шириниҳо, шохаҳои гулу растаниҳо маъноҳои рамзии ҳаётбахш, ҳикмати хосси худро доштанд. Масалан, шакар маънои ширин гузаронидани умри инсонро ифода мекард, хурмо аз серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ баҳраманд гаштани мардум далолат мекард, чормағз – аз сахт будани тан, пурмағзӣ, ки натиҷааш баёни андешаи солим аст, гувоҳӣ медод. Ҷоми тилоӣ таҷассумкунандаи қудрат, покӣ, баракат, анор - серфарзандӣ, равғани зайтун-хушбӯйӣ ва ғайраро тақозо доштанд;
- чаҳорум, агар дар рӯзи баргузории ҷашни «Меҳргон» дар хонае аз мардуми ориёитабор тифли навзод чашм ба арсаи ҳаёт мекушод ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин ҷашн ба номи ӯ вожаи меҳрро зам мекарданд. Аз қабили: Меҳрнӯш, Меҳрин, Меҳрдод, Меҳрнигор, Меҳрангез, Меҳрбону ва ғайра, ки меҳрашон, муҳаббаташон нисбат ба волидайн, марзу хоки ватан, арзиш ва муқаддасоти миллӣ зиёд шавад. Фарзанди ба обруманд ва содиқи ватан ба камол расида, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ мудом талош варзад.
- панҷум, «Меҳргон» иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ки гармиро мутеи сардӣ мегардонад, ҷашни захиранамоии маҳсули яксолаи парваридаи деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундории кишоварз будааст. Аз мероси хаттии ниёкон иттилое аст, ки асосгузори давлати пуриқтидори Сосониён Ардашери Бобакон дар ин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш баста буд ба сар мениҳад ва минбаъд ин фарҳанги тоҷгузорӣ ба рамзи шаҳриёрони Аҷам мубаддал мегардад ва ғайра.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, хусусан дар натиҷаи тохтутози хонҳои саҳронишини чингизию муғулӣ, манғитӣ ва инчунин идеологияи ҳукмрони собиқ шуравӣ таҷлили ин ҷашн шукуҳу шаҳомати худро аз даст дод, ҳатто дар сатҳи давлатӣ баргузорнамоии он манъ карда шуда буд. Аммо дар рагҳои павандкунандаи вуҷуд, тинати мардуми ориёитабор арзишҳои фарҳангӣ ва зиндагиситои он бо вуҷуди бархурдҳо, фишорҳо, таъкибҳо рабуда нагашта, шуълаи оташаш фурӯзон нигоҳ дошта шуд. Хушбахтона, имрӯз дар ҷомеаи муосир, дар арсаи давлатдории миллии тоҷикон ин шуълаи фурӯзоннуҳуфта ба он боис гашт, ки бо шарофатии соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлили ин ҷашни суннатӣ аз нав эҳё гардад. Дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ба риояи рукнҳо ва тамоилгириҳои хосси худ таҷлил карда шавад, бавижа ба қатори ҷашнҳои миллии кишварамон ворид гардад. Дар айёми фасли поиз, фасли ҷамъоварии ҳосили ба ранҷ, вале бо меҳр парварида баргузориаш хусусияти умумимиллӣ касб намояд.
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- АҲМАДЗОДА ДИЛНОЗА ДАВРОНАЛӢ
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- От независимости к процветанию: роль Конституции Таджикистана в построении государства
- Конституция – основа гражданского права. (Размышления о речи Президента Республики Таджикистан на торжественном заседании в честь 30-летия принятия Конституции Республики Таджикистан)
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон