casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

   Мактуби иттилоотӣ

 

                                                                                     Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови       
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 11 июни соли 2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифати ҳуқуқӣ» бахшида ба Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 85 - солагии академик Фозил Тоҳиров баргузор менамояд.
 
Дар конференсия масъалаҳои мубрамми илмҳои ҳуқуқшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, рушди конститутсионӣ, аз ҷумла саҳми муҳаққиқони тоҷик дар пайдоиш, ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ аз ҷумла:
  1. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихшиносӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар;
  2. Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар омузиши таърихи илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун заминаи ташаккули маърифати ҳуқуқӣ;
  3. Афкори сиёсӣ-ҳуқуқии мутафаккирони тоҷик дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ;
  4. Ҷойгоҳи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;
  5. Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Илмҳои хусусии ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи амалии маърифати ҳуқуқӣ;
  7. Масоили рушди илмҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони муосир;
  8. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи маърифати ҳуқуқӣ;
  9. Нақши қонунгузории мурофиавӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи судӣ;
  10. Масоил, тамоюли муосир ва дурнамои рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
  11. Рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  12. Масоили ҳуқуқи байналмилалӣ дар осори академик Фозил Тоҳиров;
  13. Ташаккули илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он: пайдоиши масоили нав, самт ва соҳаҳои нави ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.
 
    Матни маърузаҳо бояд дар шакли мақола пешниҳод гардида, аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дошта бошанд, чунки маҷмӯаи мақолаҳо чоп карда мешавад.
     Барои иштирок дар кори конференсия то 31 майи соли 2024 мавзуи маърузаҳо ва то 20 июн ҳамин сол матни мақолаҳо пешниҳод карда мешавад. Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.; Суроға: ш.Душанбе, х. Рудакӣ, бинои 19 (бахши ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ) ва бинои 33 (бинои асосӣ)
    Забони кории конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
  Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонӣ: 2-21-65-85; 2-21-65-72, 2-21-56-89; (+992) 907-82-90-91 дар тамос бошед.
Ашхоси масъул: Абдуҷалилов А., Бобоҷонзода И.Х., Буризода Э.Б., Зоир Ҷ.М., Раҷабов С.А., Мирзоева СМ.С., Саидзода М., Нуралиева Н., Шарифзода М.
Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!
 

Кумитаи  тадорукот

Муфассал ...
Хондан 124 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мактуби иттилоотӣ

          Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рузи 24 майи соли 2024, аз соати 10:00 то 17:00 дар толори Президиуми Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 100-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Мушкилоти фарҳанги муосири бадеии тоҷик» баргузор менамояд.
                                 Дар мизи мудаввар масоили зерин баррасӣ мешавад:
*Усул ва методологияи таҳқиқи фарҳанги бадеӣ;
*Проблемаҳои фалсафӣ ва эстетикии ҳунарҳои зебои муосири миллӣ
*Истиқлолият ва тафаккури нав дар санъати тоҷик;
*Проблемаҳои театр, кино, телевизион, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, рақс, меъморӣ ва ѓайра;
*Фарҳанги муосири бадеӣ ва сиёсати давлатии фарҳанг;
*Дин ва фарҳанги бадеии кишвар;
*Ҷомеашиносии фарҳанги бадеии муосири тоҷик;
*Иштироки занон ва ҷавонон дар рушди санъат;
*Вазъияти эҷодиёти шифоҳии халқ;
*Ҳамгироии фарҳанги бадеии миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ;
*Субкултура (фарҳанги хурд) дар Тоҷикистон;
*Анъана ва навовариҳо дар фарҳанги бадеии муосири кишвар;
*Мушкилоти ҳифзи мероси бадеӣ барои наслҳои оянда;
*Мушкилоти ташаккули шахсияти эҷодкор; фарҳанги «худӣ» ва «бегона»;
*Аз худ кардани мероси фарҳангии миллати дигар;
*Чаро зиёиёни тоҷик рисолати хешро иҷро намекунанд;
*Вазъияти фарҳанги бадеӣ дар вилояту ноҳияҳо ва дигар мавзуъҳои мубрам.
Талаботи пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола
              Матнҳои ирсолшуда бояд таҳриршуда ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- саҳифаи андозааш А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз чор тараф рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи - 14 мм;
- сатри якум- насаб, ном ва номи падари муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор;
- сатри дуюм - номи мақола БО ҲАРФИ КАЛОН бо баробари матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм- матни асосӣ, дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шавад, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи АДАБИЁТ оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, дар шакли [2,15] омода карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;
- ҳаҷми матни мақола  набояд  аз 8 саҳифа бо иловаи расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёти истифодашуда  зиёд бошад.
   
       Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 10 майи соли 2024 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
            Забонҳои кории чорабинӣ тоҷикӣ ва русӣ мебошанд.
              Дар анҷоми мизи мудаввар баҳси умумӣ дар назар аст.
Суроға ва иртибот бо таъсисдиҳандагони мизи мудаввар: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи. А Баҳоваддинови АМИТ, Шуъбаи фалсафаи фарҳанг. Масъулон: Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., тел.: +992 934 599 163; Зиёева  Зебонисо; This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., +992902 00 00 26; Ҷангибекова Садаф Исломбековна: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., тел: +992 935141672.
Муфассал ...
Хондан 210 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Маърифати ҳуқуқӣ - омили тақвияти тартиботи ҳуқуқи ва қонуният

      Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” маълум аст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “”Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30. 12. 2023, № 668, ба имзо расид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони зикршуда дар тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ семинарҳо, мизи мудаввар ва конференсияҳо баргузор шуда истодааст.
Дар доираи ин 19 апрели соли равон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба соли Маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили тақвияти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният” баргузор гардид.
       Нахуст ба кори Конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳамасола тамоми синфи коргар бесаброна баргузории Паёми Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешаванд, чун ки дар ҳар паёмашон Пешвои муаззами миллат оид ба пешравиҳову муваффақиятҳо суханронӣ намуда, барои оянда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид ба халқ ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо медиҳанд. Имсол низ баро баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум маоши тамоми соҳаҳоро баланд намуда, ҳамзамон барои дар фазои тинҷиву амонӣ ва дар иҳотаи адолат умр ба сар бурдани аҳолӣ соли 2024 – ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон доштанд. Ин иқдом мову шумо аҳли илмро водор менамояд, ки барои дар амал тадбиқ намудани амру фармонҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакатамон пешниҳод мешавад, кӯшиш ба харҷ дода, миёни мардум баррасӣ намоем.
        Дар идомаи Конференсия Академик Маҳмудзода М.А. , узви вобастаи АМИТ Раҳимзода М.З., Неъматов А.Р. муовини саркотиб илмии АМИТ, Абдуҷалилов А. Мудири шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ, Зоир Ҷ.М. ва як қатор мудирони шуъбаҳову унвонҷӯёни АМИТ дар мавзуҳои мубрам оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи шафофияти қонун баромад намуда, иштирокдоронро аз муҳтавои асисии соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” номгузорӣ шуданро бохабар намуданд.
Муфассал ...
Хондан 194 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Чорабинии навбатӣ дар доираи Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

     Рӯзи 12 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии навбатӣ - Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» бахшида ба 35-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Буризода  Э.Б. – д.и.ҳ., проф., “Таърих ва таълимоти ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ”; Нематов А.Р. – д.и.ҳ., Рустамзода М.Р. –н.и.ҳ., “Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ”; Бобоҷонзода И.Ҳ. – д.и.ҳ., проф., “Масоили ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ”; Қодирзода Т.Қ. – н.и.ҳ., “Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва ғ.

Муфассал ...
Хондан 352 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia