casino malaysia
casino malaysia
Навидҳо

wrapper

Навидҳо

Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 17 сентябри соли равон бо иштироки магистрон ва докторантони PhD - и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи "Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур олимону муҳаққиқон бо гузоришҳои илмии худ баромад намуданд. Чорабиниро директори Институти ФСҲ- и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа Н.Маҳмадизода оғоз намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро барои муҳаққиқони ҷавон, ки дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба пажӯҳиш машғуланд бисёр муфид арзёбӣ намуд.
Дар миззи мудаввар Зоир Ҷурахон Маҷидзода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Неъматов Акмал - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Абдумуминзода Ситора - номзади илмҳои педагогӣ, доктор Башир Азиз бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар қисми музокирот магистрон ва докторантони PhD атрофи мавзуи мизи мудаввар баҳсҳо намуданд.
Муфассал ...
Хондан 90 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар санаи 17 сентябри соли 2024 аз тарафи шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созм

Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. дода шуд. Устод Маҳмадизода Н.Д. нисбати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай бар зидди мубориза ба экстремизм ва терроризм сухан ронда иброз намуданд, ки чунин ҳамкориҳо дар шароити пуртазодди ҷаҳони муосир муҳим ва рузмарраанд. Дар поёни суханронии хеш ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хостанд.
Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи аввали семинар, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. пешниҳод намуданд.          
Профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. дар мавзуи “СҲШ дар таҳкими ҷаҳони бисёрқутба” баромад намуда, иброз доштанд, ки яке аз созмонҳои бонуфуз, ки кишварҳои минтақа ҷиҳати мубориза бо ҳамагуна таҳдидҳои амниятӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба ҳисоб меравад. Созмони мазкур дорои механизмҳои бисёрҷанбаи ҳамкориҳо бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин СҲШ ба яке аз созмонҳои калонтарин ва босуръат рушдёбандаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст.
Дар айни замон, СҲШ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судмандро дар формати 8+4+9 (кишварҳои узви СҲШ+ кишварҳои нозир+ кишварҳои дорои мақоми “шарикони муколама”) ба роҳ монда аст. Соли 2017 пас аз шомил гардидани Ҳиндустону Покистон ва соли 2021 Ҷумҳурии исломии Эрон ва соли 2022 Ҷумҳурии Белорус ба СҲШ аз лиҳози ҷуғрофӣ ҳудуди созмон васеъ гардида, 40% аҳолии ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт ва дар умум 30% ММД ҷаҳон ба ин минтақа мансуб аст. Аз ин лиҳоз, нақш ва мақоми созмон дар фазои қораи Авруосиё афзунтар гардид.
СҲШ блоки ҳарбӣ (ба мисли НАТО) ё форуми доимо амалкунандаи кушод доир ба масъалаҳои амниятӣ (ба мисли АСЕАН) набуда, мавқеи миёнаро ишғол менамояд. СҲШ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СААД, ЕврАзЭС ва АСЕАН ҳамкорињои мутақобиларо ба роҳ мондааст.
Вазифаҳои асосии СҲШ таҳкими сулҳу субот ва амният дар фазои кишварҳои узви созмон, мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм, киберҷиноят ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва шарикии энергетикӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ баҳисоб меравад.
Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи дуюми семинар, н.и.с., дотсент Сафарализода Х.Қ. пешниҳод намуданд.
Дотсент Сафарализода Х.Қ. дар мавзуъи “СҲШ яке аз созмонҳои калидї ҷиҳати мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм” баромад намуда, иброз доштанд, ки муқовимати дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна таҳдидҳои террористӣ ва экстремистӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ мансуб ёфта, бо гузашти беш аз бист сол созмон тавонист дар ин самт таҷрибаи назаррасеро ба даст орад. Дар амал то ба имрӯз диққати асосии кишварҳои узви Созмон бевосита ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир, пеш аз ҳама терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва сепаратизм равона карда шудааст. Доир ба ин масъала Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15.06.2001ба имзо расонида шудааст, ки дар он ҳадафҳо, вазифаҳо ва принсипҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои узви созмонро соҳаи гуногуни баррасишаванда муайян мекунанд, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва сеператизм, мубодилаи иттилоот, иҷрои дархостҳо оид ба чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, табодули таҷриба, иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра.
Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқї ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои замони муосир дар минтақа ба имзо расонида шуданд ва аз ҷониби кишварҳои минтақа ва аъзои созмон мавриди амал қарор дорад.
Дар охири семинар мубоҳиса оид ба маърузаҳои баромадкунандагон сурат гирифт, ки дар онњо ходимони илмии Институт ва унвонљўёну докторантони PhD фаъолона иштирок намуданд. Муфассал ...
Хондан 63 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Антропология гендера в Таджикистане: взгляд изнутри

Монография посвящена малоизученному вопросу антропологии гендера в Таджикистан, исследует роли статусы женщин в становлении и развитии таджикской культуры. В книге читатель найдет скрупулёзный авторский гендерный анализ традиционной и современной таджикской культуры во множестве её проявлений; таджикские мифы, сказки, философия таких великих таджикских мыслителей как Авиценна, Ибн Рушд и др., а также рефлексии на темы таджикского кино, современных культурных мероприятий, образцы повседневного «фольклора» и т.д. В книге проводится обзор достижении периода независимости Республики Таджикистан в сфере гендерного равенстве, а также подробно анализируется уникальный опыт страны в решении «женского вопроса» в Советский период.  

Муфассал ...
Хондан 258 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар монографияи мазкур масъалаҳои меҳварии бавуҷудоӣ, ташаккул ва механизмҳои баландбардории маърифати ҳуқуқӣ бо дарназардошти ғояҳои муосири илмии ватаниву хориҷӣ ва бо баинобатгирии муқарароти қонунгузорӣ ва нишондодҳои ҳуҷатҳои стратегӣ таълиф гардидааст.
    Дар монографияи мазкур хусусияти илмӣ, амалӣ ва омавиро ба худ касб карда, барои кормандони самти илм, амалия ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Муфассал ...
Хондан 262 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia