casino malaysia
casino malaysia
МАЪЛУМОТНОМАИ “ҶИЛДИ III -И «ОСОР»-И АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО”

wrapper

Дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Тибқи нақша “Осор”-и дастрасшудаи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳаҷми 16 ҷилд бо забони тоҷикӣ ва 16 ҷилд бо забони русӣ бояд ба нашр расад. Аз ин “Осор” то имрӯз аз 1 то 8 ҷилдҳои “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино, ки бештар осори фалсафии ӯро дар бар мегиранд, аз арабӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Инчунин ҷилдҳои 12-16, ки дарбаргирандаи китоби “Қонуни тиб” мебошанд, аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Ҷилди III «Осор»-и Абӯалӣ ибни Сино бо талошу кӯшишҳои донишмандон ва тарҷумонҳои забардасти ҷумҳурӣ аз қабилӣ М. Диноршоев, С. Сулаймонов, Бобоев Ф., Комилов А., соли 2007 ба нашр расидааст.

Доктори илмҳои филологӣ ва тарҷумони забардасти “Осор”-и Ибни Сино, Сулаймовон С., дар ин ҷилд таҳти унвони “Китоб ан-Наҷот-и Ибни Сино”  муқаддима навиштаанд. Дар муқаддима эшон роҷеъ ба таҳқиқоти донишмандон дар бораи Ибни Сино ва “Китоб ан-Наҷот-и”-и ӯ маълумот додаааст. Китоб ан-Наҷот бахшҳои мантиқ, табииёт, равоншиносӣ, илоҳиёт ва риёзиёт (ҳандаса, ҳисоб, ҳайат, мусиқӣ)-ро дар бар мегирад

Бояд ёдовар шуд, ки бахшҳои “мантиқ”, “табииёт” ва “илоҳиёт”-ро Сироҷов Ф ва Шаҳобиддинов С бо машварат ва маслиҳати Ҳасан Иброҳим Наққош тарҷума кардаанд. Дар тарҷумаи бахши “мантиқ” Назаров Н иштирок намудааст. Бахшҳои риёзиёт (ҳандаса ва ҳисоб)-ро Ҳусайн Аҳмади Тарбият, “Ҳайат”-ро аз забони русӣ А. Комилов тарҷума кардаанд. Тарҷумаи “мусиқӣ” ва тавзеҳоти бахшҳои мантиқ, табииёт, илоҳиёт ва мусиқиро С. Сулаймонов ба анҷом расчонидааст.

Ҷилди мазкур барои мутахассисифони таърих ва назарияи фалсафа, фалсафаи дин, фарҳангшиносон, равоншиносон, донандагони илми мантиқ, илоҳиётшиносон, ситорашиносон, математикҳо, мусиқишиносон ва доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад.

 

Рамазониён А. Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia