casino malaysia
casino malaysia
  “Мактубот”-и Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун сарчашмаи илмӣ

wrapper

 “Мактубот”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҷмуи номаҳои ӯст, ки бо хоҳиши дӯстону пайвандонаш барои амирон, вазирон, ҳокимони замон, донишмандону орифон ва фарзандонаш иншо гардидаанд. Номаҳои Мавлоно Ҷалолуддин дорои арзишҳои баланди илмӣ ва адабӣ буда, ҳамчун сарчашмаи адабӣ ва намунаи ҷолиби номанигорӣ мебошанд. Ҷалолуддини Румӣ андаруни ин номаҳо миқдоре аз оёту ҳадис, ҳикоятҳои дилпазир, ашъори арабиву форсӣ, амсолу ҳикам, луѓоту ибороти ҷолибро мавриди истифода қарор додааст, ки сабаб гардидаанд, ки ин номаҳо ба “манзалаи сарчашмаи муҳимми сухансанҷии форсӣ истиқбол карда шаванд”. Бахусус, пораҳои зиёди шеърӣ, ки дар номаҳои Мавлоно ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ оварда шудаанд, машҳуранд ва шоирону адибони баъдӣ дар мактубҳои худ аз онҳо истифода кардаанд. Дар номаҳои Мавлоно Ҷалолуддин ашъори зиёд истифода шуда, он ба намунаи насри содаву фасеҳ иншо гардидааст, ки ҳамчун ёдгори вижаи адабӣ ва номанигорӣ дар Осиёи Саѓири замони мусаннифи он мебошад.
Қисми асосии номаҳои Мавлоноро дар сарчашмаҳову тазкираҳо ва нигоштаҳои донишмандоне, ки роҷеъ ба рӯзгору осори ин шахсияти бузург таҳқиқот анҷом додаанд аз 144 адад иборат донистаанд.        Абдулҳусайни Зарринкӯб теъдоди номаҳоро 144 адад ва донишмандони тоҷик Абдулманнони Насриддин ва Сорбон Азизов 150 адад донистаанд. Вале таҳиягарони нашри тоҷикии “Мактубот”-и Мавлоно дар асоси нусхаҳои хаттии мавҷуд дар Туркия ва осори худи Мавлоно миқдори мактубҳоро 154 адад муайян кардаанд.
 Матни “Мактубот”и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ соли 2017 бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нашри дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарафи муҳаққиқони эронӣ Юсуф Ҷамшедпур ва Ѓуломҳусайн Аминӣ дар соли 1356-и ҳиҷрӣ (1978-и м.) анҷомёфта, бо кӯшиш ва ҳиммати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуѓзода (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон) ба чоп расидааст. Вале афсус, ки ин матни чопшуда ѓалатҳои зиёд дорад, ки ҳангоми баргардон рух задааст ва мо кӯшиш намудем, ки ин ѓалатҳоро ҳангоми истифодаамон то ҷои имкон ислоҳ кунем ва шакли дурусти мактубҳоро ба кор барем.
“Мактубот”-и Мавлоно Ҷалолуддини Румиро метавон аз чанд ҷиҳат ҳамчун сарчашмаи илмӣ ҳисобид:
  1. Дар лобалои “Мактубот” чандин саҳифаҳои рӯзгори худи Мавлоно ва Султон Валад баён гардидаанд, ки барои таҳқиқ ва пажуҳиши масъалаҳои рӯзгори онҳо хеле муфиданд ва маводи арзишманд медиҳанд.
  2. Дар таркиби мактубҳои Мавлоно миқдори зиёд аз ашъори худи ӯ ва шоирони дигар, аз ҷумла, Ҳаким Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Хоқонӣ, Абусаиди Абулхайр, Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, ва аз “Валаднома”-и Султон Валад оварда шудаанд, ки дар равиши нигоштани мактубҳо вобаста ба ҷолибтар гардидани андешаҳои Мавлоно истифода шудаанд.
  3. Дар “Мактубот” 115 байт шеър ба забони арабӣ ва 256 байт ба забони тоҷикӣ, дар қолаби байт, рубоӣ, қитъа, ѓазал ва маснавӣ оварда шудаанд, ки моҳияти баланди адабии асарро нишон медиҳанд.
  4. Дар мактубҳо чанд адад ҳикоёти дилнишин ва панду мавъиза омадаанд, ки ба насри равон ва мусаҷҷаъ иншо шудаанд.
  5. Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ андаруни ин номаҳо миқдоре аз оёту ҳадис ва ашъори арабиро мавриди истифода қарор додааст, ки бар тақвияти андешаҳои адабии ӯ ба кор рафтаанд.
  6. Мактубҳои Мавлоно аз хоҳишҳои шахсии орифон, шогирдон, хешовандон ва муридони ӯ ба амирону вазирон ва ҳокимони замонаш навишта шуда, доир ба вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии он замон маводу мадраки зарурӣ медиҳанд.
  7. Дар мактубҳое, ки ба шахсиятҳои барҷастаи тариқати Мавлавия, аз ҷумла Салоҳиддини Заркӯб, Ҳусомуддин Ҳасани Чалабӣ, Султон Валад, Чалабии Ориф, Шамсуддини Обид ва дигар ҳамсафону пайравони Мавлоно навишта шудаанд, матолиби арзишманди адабӣ ҷой доранд ва оид ба паҳлуҳои рӯзгор ва завқу маҳорати онҳо маводи хуб дода метавонанд.
  8. Аз миқдори умумии мактубҳои Мавлоно 7 адад номаҳои манзум низ ҷой доранд, ки аз таркиби “Девони кабир” баргирифта ва асосан ба Шамси Табрезӣ нигаронида шудаанд, ки барои таҳқиқи масъалаҳои муносибати ин ду шахсияти бузурги илмӣ ва ирфонӣ маводи ҷолиби адабӣ медиҳанд.
  9. Дар таркиби “Мактубот”-и Мавлоно, дар мактубҳои рақамҳои 3, 8, 43, 126 шарҳе аз мазомини ҳикоёти “Маснавии маънавӣ” истифода гардидаанд, ки хусусияти сарчашмаи адабиро доранд ва дар таҳқиқи робита ва интисоби андешаву афкори Мавлоно дар асарҳояш хеле муҳимманд.
Ҳамаи 144 мактуби Мавлоно, ки қисмати асосии “Мактубот”-ро ташкил мекунанд, бо ҷумлаи арабии “Аллоҳу муфаттиҳул абвоб”, яъне “Худованд кушояндаи дарҳост” сар шуда, баъзе мактубҳо бо як байти тоҷикӣ ё чаҳор мисраъ ба забони тоҷикӣ ва як байти арабӣ, инчунин бо як ё ду ҷумлаи арабӣ оѓоз мешаванд. Аксари мактубҳо ба забони тоҷикӣ навишта шуда, дар хилоли онҳо ибораҳо, ҷумлаҳо, ашъори арабӣ, оёту ҳадисҳо истифода шудаанд ва мактубҳо бо калимаву ибораҳои “омин ё раббалоламин”, “иншоаллоҳи таоло” ва “вассалом” ба охир мерасанд. Ва баъзе мактубҳо чунин калимаву ибораҳоро дар охир надоранд. Чаҳор мактуби Мавлоно, рақамҳои 13, 14, 40 ва 64 пурра ба забони арабӣ навишта шудаанд. Аксарияти номаҳои Мавлоно сабти таърихи нигориш надоранд ва бе қисмати имзоянд ва аз ҷумлаи имзоҳои Мавлоно чунинанд: “катабаҳу волидуҳу Балхӣ қавлуҳу, вассалом” ва “алмуфтахару би дуоҳӣ, Муҳаммад бин Муҳаммад бин Алҳусайн Албалхӣ”. Ягона номаи Мавлоно, ки таърихи китобат дорад ва он нома аз китоби “Русум-ур расоил ва нуҷум-ул фазоил” аз китобхонаи Ҳоҷӣ Салимоѓо дар Искадор, дар феҳристи Нуварбону (Туркия), ки қайди он бо рақами 122 аст, гирифта шудааст ва таърихи китобаташ 10 раҷабул асамми 796 аст.
Ҳоло барои намуна мактуби рақами 7-и китобро ба таври фишурда аз номи Мавлоно Ҷалолуддин ба завҷаи Султон Валад Фотимахотун, (келини Мавлоно), ки миёни эшон ранҷиши хотире ба вуҷуд омада буд ва Мавлоно ба дасти худ номае дар узрхоҳӣ ба Фотимахотун навиштааст, меорем: “Худойро, ҷалла ҷалолаҳу ба гувоҳӣ меоварам ва савганд мехурам ба зоти қадими Ҳақ таоло, ки ҳар чи хотири он фарзанди мухлис аз он хаста шавад, даҳ чандон ѓами шумо ѓами мост ва андешаи шумо андешаи мост ва ҳуқуқи эҳсону худовандиҳои султонулмашоих мушаррафи анворулҳақоиқ Салоҳулҳақ ваддин, қаддасаллоҳу рӯҳаҳу бар гардани ин доъӣ вомест, ки ба ҳеҷ шукрею хидмате натавон гузоридан, шукри онро ҳам хазинаи Ҳақ таъоло тавонад хостан. Таваққуи ман аз он фарзанд он аст, ки аз ин падар хеҷ пӯшида надорад ва аз ҳар ки ранҷад, то миннат дорам ва ба қадри имкон бикӯшам, иншоаллоҳ, ҳеҷ тақсир накунам, агар фарзанди азиз Баҳоуддин дар озори шумо кӯшад ва сумма ҳаққо, ки дил аз ӯ барканам ва саломи ӯро ҷавоб нагӯям ва ба ҷанозаи ман наёяд, нахоҳам ва ҳамчунин ѓайри ӯ ҳар ки бошад. Аммо хоҳам, ки ҳеҷ ѓам нахурӣ ва ѓамгин набошӣ, ки Ҳақ таоло, ҷалла ҷалолаҳу дар ёрии шумост ва бандагони Худо дар ёрии шумоанд. Ҳар кӣ дар ҳаққи шумо нуқсон гӯяд, дарё ба даҳони саг наёлояд ва тунги шакар ба заҳмати магас беқиммат нашавад. Ва яқин дорам, ки агар сад ҳазор савганд бихуранд, ки мо мазлумем, ман эшонро золим донам, ки дар ҳаққи шумо муҳиббу дуогӯ набошанд, эшонро мазлум надонам, савганду узр қабул накунам, валлоҳу биллоҳи толло, ки ҳеҷ узрею ѓадре ва савганду макре ва гиряе аз бадгӯён қабул накунам... Аллоҳ, Аллоҳ, аз ин падар хеҷ пинҳон мадореду аҳволро як ба як ба ман бигӯед, то ба қадри имкон ба ёрии Худо муованат кунам. Шумо ҳайкали амони ҳаққед дар олам аз осори он султон, ки ба баракати шумо руҳи поки ӯ аз он олам сад ҳазор иноят кунад ба сабаби шумо. Бар аҳли замин ҳаргиз холӣ мабод осори шумову насли шумо мунқатиъ мабод, то рӯзи қиёмат ва ѓамгин мабод дили шумову фарзандони шумо. Омин, ё раббал оламин! Байт:
Анвори Салоҳуддин барангехта бод,
Дар дидаву ҷони ошиқон рехта бод.
Ҳар ҷон, ки латиф гашту аз лутф гузашт,
Бо хоки Салоҳуддин барангехта бод [10, с. 30-31]. 
Аз ин мактуб, ки ҳамчун мисол овардем, ба хубӣ ба назар мерасад, ки он ба забони равони тоҷикӣ навишта шуда, ба истиснои чанд вожаи арабӣ, дигар ҳама маънӣ ва ҳадафи муаллиф фаҳмо ва равшан аст.
 
 
 
Қурбонзода Р.Қ. - доктори илмҳои филология, профессор
 
 
Нормаҳмедов Ирфон – унвонҷӯй
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia