Нақши Пешвои миллат дар бузургдошти Мавлоноии Балхӣ
- Панҷшанбе, Сен 26 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бузургдошти шахсият ва фаъолияти фарзандони маъруфи миллати тоҷик аз замонҳои қадим то даврони муосир ба як амри воқеӣ табдил ёфт. Дар саромадии ин амали шоиста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Сабаби асосии ин гуна муносибатро ба таърихи миллат ва намояндагони бузурги он Пешвои муаззами миллат чунин тафсир намудаанд: «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон дар бораашон ҳарф занем».
Бояд тазаккур дод, ки аз арҷгузориҳои Пешвои миллат нисбат ба даҳҳо ва ҳатто садҳо шахсиятҳои бузурги таърихии миллатамон метавон мисол овард. Аммо инҷо ҳамчун намуна чанд андешае оид ба бузургдошти шахсият ва осори шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддин Румии Балхӣ оварда шудааст.
Дар бораи Мавлоно сухан гуфта, мехостем зикр намоем, ки муҳаққиқи маъруфи шуравӣ И. Брагинский, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт ва фарҳанги тоҷик саҳми босазое гузоштааст, дар яке аз мусоҳибаҳои худ бо таассуф изҳор дошта буд, ки бо супориши мақомоти расмии он даврон ӯ рӯйхати асарҳоеро тартиб дода буд, ки мутолиаи онҳо барои тоҷикон манъ буд. Ва миёни онҳо қабл аз ҳама «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҷой дода буданд. Бо ин кори худ, изҳор карда буд И. Брагинский, ман мардуми тоҷикро барои чандин даҳсола аз аслҳои худ канда кардам, ки ҳоло аз он хеле ҳам пушаймонам.
Дар ҳақиқат ҳам, Мавлоно на танҳо шоиру мутафаккири маъруфи тоҷик аст, ки дар тамоми ақсои олам шуҳрат ёфтааст, балки осори ӯ низ баёнгари арзишҳои миллии сирф тоҷикӣ мебошад, ки кандагӣ аз он метавонад як холигиеро дар тафаккури миллати мо ба вуҷуд орад. Ва, хушбахтона, дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳз ба ҳамин хотир бо иқдому дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти Мавлоно дар сатҳи нав ба мардуми тоҷик ва оламиён муаррифӣ карда шуда, тамоми асарҳои манзуму мансури ӯ ба нашр расиданд, зеро ба қавли эшон “Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно - "Маснавии маънавӣ", "Девони кабир", "Фиҳӣ мо фиҳӣ", "Мавоизи маҷолиси саъба" ва "Мактубот" падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони Бузург мебошанд. Каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти 800 сол имрӯз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталифи онҳо мафтун гардонидааст. Беҳуда нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ баъди дусад соли даргузашти ӯ дар хусуси бузургии шахсият ва қимати шоҳкории камназираш чунин гуфтааст:
"Маснавии маънавӣ"-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ».
Бояд тазаккур дод, ки соли 2007 тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар саросари олам 800-умин солгарди мавлуди Мавлоно таҷлил гардид. Ба ин муносибат Пешвои муаззами миллат мақолаашонро бо номи “Мавлоно ва ҷаҳони муосир” дар саҳифаҳои рўзномаи “Љумҳурият” ба нашр расониданд, ки дар натиҷаи таассуроташон аз зиёрати марқади Мавлоно дар шаҳри Қунияи Туркия дар моҳи январи соли 2006 рӯи кор омода буд, зеро маҳз баъди ҳамин зиёрат Сарвари давлатамон изҳор доштанд, ки “мо ба татбиқи барномаи васеъ ва бузурги таҷлили 800-умин солгарди мавлуди Мавлавӣ дар сатҳи давлатӣ ва умумимиллӣ амалан оѓоз намудем”.
Баъдан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2007 оид ба таҷлили мавлуди Мавлоно ба имзо расида, дар рӯзҳои 6-7 сентябри соли 2007 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» доир гардид, ки дар кори он олимону донишмандон аз сӣ кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ин ҷамъомади бузурги илмӣ, ки як навъ ҷамъбасти иҷрои қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар бораи таҷлили 800-солагии мавлуди Мавлоно аз ҷониби ҷаҳониён буд, Пешвои миллат бо суханронии пурмуҳтавое баромад карда, бо ифтихори бузург ҳаёт ва осори ин мутафаккири оламгири тоҷикро ба ширкаткунадагони конференсия муаррифӣ намуданд.
Бо мақсади бузургдошти сартосарии шахсият ва осори Мавлоно бошад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2009, № 664 «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ба тасвиб расида, ҳоло он ҳамасола 30 сентябр дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 асари Пешвои муаззами миллат “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба нашр расид, ки дар баробари асари дигарашон “Чеҳраҳои мондагор” (соли 2016 нашр шудааст) дар шинохти ҳаёт, осор ва таълимоти Мавлоно ҳоло ба як сарчашмаи боэътимоде табдил ёфтааст.
Соли 2022 бошад, бо ҳидояти Сарвари давлатамон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллиамон - Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин номгузорӣ шудааст, “Хонаи Мавлоно” сохта шуда, ҳайкали ӯ дар майдони марказии ноҳия қомат афрохт.
Пешвои муаззами миллат ба осори Мавлоно ва шахсияти ӯ алоқаманди зиёде дошта, дар китоби фавқуззикрашон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” аз ин мутафакири баландпоя ҳамчун “нобиѓаи нотакрор”, “муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ёд намудаанд ва таъкид доштаанд, ки дар ҷараёни омодагӣ ба ҷашни бузурги 800-солагии мавлуди Мавлоно осори ҷовидонаи ӯ ба табъ расида, тадбирҳои зиёди дигари илмию фарҳангӣ андешида шуданд: “Ҳадафи аслии мо аз иҷрои ҳамаи ин чорабиниҳо шинохти амиқ ва беҳтари ганҷинаи афкор ва корномаи инсонгароии Мавлавии Кабир, истифодаи оқилона ва босамари он дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллат ва рушду камоли маънавияти ҳар фарди Ватан буд ва ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт”.
Дар бораи ҳаёти Мавлоно сухан гуфта Пешвои миллат ба баҳсҳо оид ба зодгоҳи ин мутафаккир гӯё як ҳусни анҷом бахшиданд. Дар ин хусус дар китобашон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” Пешвои миллат гуфтаанд, ки падари Мавлоно “Баҳоуддини Валад, ба эътирофи ҳам муаллифони гузашта ва ҳам муаллифони муосир, аслан худ зодаи Балх ва ё гирду атрофи он дар соҳилҳои чапу рости Омӯдарё аст, вале фаъолияти худро дар ҳамин шаҳри қадимаи тоҷикон оѓоз намудааст. Дар Балх зиндагии мутафаккир хеле пурмоҷаро буд. Аз ҷумла дар китоби худ «Маориф» ӯ зикр мекунад, ки баъди соҳиб шудан ба унвони фахрии «Султон-ул-уламо» қозии Балх кӯшишҳое ба харҷ дод, то ин унвонро аз ӯ бигирад ва мардуми шаҳрро ба ин мақсад бар зидди ӯ бархезонд. Баҳоуддини Валад маҷбур шуд, ки тарки Балх намуда, бо оилааш ба соҳили рости Омӯ (Панљ), ба Вахшонзамин кӯч бандад. Муддати нисбатан зиёд, яъне солҳои 1203-1210 ин мутафаккир дар яке аз масҷидҳои ин мавзеъ ба ҳайси воиз хидмат намуд ва дар ҳамин овон писари ӯ Ҷалолиддин, ки минбаъд дар тамоми олам бо номи Мавлонои Румӣ машҳур гашт, ба дунё омад”.
Дар бораи илмпарварӣ, маърифатхоҳӣ ва мақоми ақл ва илму дониш дар таълимоти Мавлоно Пешвои миллат зикр кардаанд: “Чунонки маълум аст, барои Румӣ ва мутафаккирони дигари ҳаммашраби ӯ ҳиссу ақл ҳамчун воситаҳои маърифат бо олами моддӣ маҳдуданд. Олами маънӣ ва зуҳуроти маънавӣ бошад, аз нигоҳи онҳо, маҳз тавассути таҳқиқи олами ботинии инсон ё, ба истилоҳи илми имрӯза, тавассути баррасиҳои равоншиносӣ фаҳмида мешаванд. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавиёт аз диди Мавлоно ин шинохти инсон ё худ худшиносист, ки ҳаргиз нақши ақлро дар маърифат истисно намекунад. Ба ҳамин сабаб таълимоти ирфонии Мавлонои Румӣ вежагиҳои хосаи худро дошта, дар қолабҳои маъмули таъриф ва тафсири тасаввуф чандон ҷой намегирад”.
Мавлоно аз ҷониби Певшои миллат ҳамчун тарғибгари ахлоқи ҳамида ва омӯзгори адаб муаррифӣ гардидааст, ки таълимоти ахлоқии ӯ аз эътирофи озодии иродаи инсонӣ, манбаъи ягона доштани неку бад сарчашма гирифта, аз “тарѓиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ки барои ташаккули Инсони комил мусоидат мекунанд, иборат аст:
Хешро софӣ кун аз авсофи хеш,
То бубинӣ зоти поки софи хеш.
Дар маҷмуъ, Мавлоно аз назари Пешвои миллат “барои тамоми ҷӯяндагони Ҳақиқат таълимот ё мазҳаберо ба вуҷуд овард, ки таҷрибаи фалсафию ирфонии пешиниён ва ҳамзамонони ӯро як навъ ҷамъбаст намуд. Дар ин бора худи мутафаккир иброз доштааст:
Аз Хуросонам кашидӣ то бари юнониён,
То даромезам бад-ишон, то кунам хуш мазҳабе».
Ин «мазҳаби» эҷодкардаи Мавлоно дархури ниёзмандиҳои намояндагони тамоми дину мазҳаб, ирқу нажод, фарҳангу тамаддун, синну сол ва ҷинсият, дорову нодор, умуман кулли инсонияти ташнаи Ҳақиқат аст».
Дар охир, дар бораи пос доштани хотираи дигарон, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва эҳё сохтани таърихи гузаштаи миллат аз ҷониби Пешвои миллат сухан карда, мехостем як байти Мавлоноро дар ин мавзуъ ёдовар шавем:
Поси дилҳо кардану хидматгарӣ
Созадат махдуму бахшад сарварӣ.
Дар ҳақиқат ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути муносибати некбинонаашон ба гузаштагон, қадрдонии шахсияти онҳо ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо барои миллат ба мақоми сарварӣ расидаанд. Аз ин рӯ, дар ҷавоби ин ҳама миллати мо ба қадри шахсият ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати худ мерасад ва итминони комил дорем, ки арҷгузории ҳамаи мо ба хизматҳояшон дар бузургдошти шахсият ва осори фарзандони фарзонаи миллат чун Мавлоно минбаъд боз ҳам афзунтар хоҳад шуд. Чунонки Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд, дар ин роҳ “Бигзор нури истиқлол ва ирфони безаволи Мавлоно барои мо - тоҷикон чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари фатҳу нусратҳои оянда бошад!”
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
муовини директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон