casino malaysia
casino malaysia
Абунасри Форобӣ (870-950)   Симпозиуми байналмилалии “Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон” (29 октябри соли 2024, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 33)

wrapper

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов барои иштирок дар кори Симпозиуми байналмилалии “Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон”, ки 16 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват менамояд.
Барои иштирок дар симпозиум олимону мутахассисон, магистрантону аспирантон-унвонҷӯён, докторантони PhD аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷаи дуру наздик даъват карда мешаванд. Шакли иштирок онлайн ва офлайн мебошад. Харољоти сафар аз њисоби иштирокдорони Симпозиум пардохт мешавад.
Дар симпозиум баррасии чунин масоили мубрами соҳаҳои гуногуни илми муосир дар самтҳои мазкур дар назар аст:
  1. Даврони зиндагӣ ва муҳити маънавии мутафаккир
  2. Саҳми Абунасри Форобӣ дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳон
  3. Саҳми Абунасри Форобӣ дар рушди фалсафа
  4. Форобӣ ва замони муосир
Мақолаҳо барои маҷмуаи маводи симпозиум то 15 сентябри соли 2024 қабул карда мешаванд. Забони кории симпозиум – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ. Иштирок дар кори симпозиум ба ҳайси гузоришгар ва ё шунаванда мумкин аст. Зум барои иштироки онлайн на дертар аз 15 октябри соли 2024 пешниҳод гардида, тафтиши он 15 октябри 2024 соати 14 00 анҷом мепазирад.
Аз иштирокдорони симпозиум хоҳиш менамоем, ки ба Кумитаи тадорукот шакли бақайдгириро то 15 сентябри соли 2024 бо нишонии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фиристанд.
Шакли бақайдгирии иштирокчӣ:
  1. Ному насаб (пурра)________________________________________
  2. Ҷои таҳсил ё кор: __________________________________________
  3.  Мансаб (барои донишҷуён  - курс), _________________________
  4. Телефонҳо барои тамос: ____________________________________
  5.  Нишонии почтаи электронӣ (E-mail): ________________________
  6. Секция симпозиум: _______________________________________
  7. Шакли иширок: __________________________________________
Барои магистрон, аспирантону унвонҷӯён, докторантони PhD
  1. Ному насаб ва унвони илмии роҳбари илмӣ.
  2. Фиристодани мақола барои нашр дар маҷмуаи мавод ба нишонии масъули бахш.
  3. Мақола барои нашр бе маълумотнома (ҳисоботи) антиплагиат (ҳудуди камтарини нудрати мақола 75%) қабул намешавад.
 
Қоидаи таҳияи мақола:
Ҳаҷми мақола – аз 5-6 саҳифаи формати А4, дар муҳаррири нашри Microsoft Word бо шрифти Times New Roman, кегли 12 бо фосилаи байни сатрҳои 1 ҳуруфчинишуда. Ҳудуди саҳифа: абзатс – 10 мм; майдон 20 мм аз ҳар тараф. Росткунии матн бо пробел ва табулятсия иҷозат дода намешавад. Забони матн: тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ.
Таҳияи унвони мақола: мавзуъ, ному насаи муаллиф(он) бо вергул ҷудо шуда, дар маркази саҳифа бо ҳарфи сиёҳи ғафс ҷойгир мешавад; номи муассисаи олӣ бо курсив дар марказ; аннотатсия, калидвожаҳо.  Баъди як фосила сатри холӣ, матн ҷойгир карда мешавад.
Расм ва ҷадвалҳо бо шрифти Times New Roman, кегли 12 фосилаи байнисатрии 1 ҳуруфчинӣ мешавад. Расм, диаграмма ва ҷадвалзо бо истифодаи рангҳои сиёҳу сафед таҳия мешаванд. Истифодаи ранг ва файли маҷоз иҷозат дода намешавад. Ҳамаи расму ҷадвалҳо бояд унвон дошта бошанд. Расмҳои сканшуда иҷозат дода намешаванд.
Руйхати адабиёт аз сарчашмаҳои дастрас тартиб дода мешавад. Сарчашмаҳо бояд бо ГОСТ Р 7.0.5–2008 мутобиқ буда, бо шрифти Times New Roman, кегли 12 фосилаи байнисатрии 1 ҳуруфчиинӣ шаванд. Ҳаволаҳо ба адабиёт дар матн бояд дар қавсҳои рост [1, с.16] нишон дода шаванд. Қайдҳои зерматнӣ мамнуанд. Мақолаҳои хатои зиёддошта, ба талаботи мазкур ҷавобгу набуда ба маҷмуа дохил карда намешаванд. Мақолаҳои гузориш аз антиплагиат гузаронида шуда, аз назари коршиносон мегузаранд. Кумитаи тадорукот ҳуқуқи қабул накардани маводи ба мавзуъ ва қоидаҳои таҳияи мақола ҷавобгу набударо ба зимма мегирад.
Маводи ба Кумитаи тадорукот ворид шуда дар маҷмуаи маводи симпозиум ба шакли электронӣ нашр мешаванд.
Нишонии Кумитаи тадорукот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хб. Рудакӣ 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ.
Шахсони масъул: Маҳмадҷонова Муҳиба Талатҷоновна, доктори илмҳои фалсафа, профессор, тел.: моб. +8(992) 918877009; 2210728 кор. – This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it., Шамсов Муборакшо Саловудинович – мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, +992 918849669; This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
 
 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia