casino malaysia
casino malaysia
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ

wrapper

Воқеан ҳам соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ рисолати хеле бузургро металабад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ аз як ҷониб барои амалӣ гардонидани манфиатҳои миллӣ имконияти зарурӣ фароҳам меояд, аммо аз ҷониби дигар бори вазнини давлатдорӣ ва масъулияти тақдири ояндаи кишвар бар души миллат меафтад. Ба ҳамин хотир, ба даст овардани истиқлолият агар мушкил бошад, нигоҳ доштану ҳифз кардани он аз ин ҳам мушкилтар аст. Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ миллатро имтиҳонҳои сангине интизор аст. Барои мисол мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи душвори ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро паси сар намудем, ки онро муҳаққиқону донишмандони кишвар имтиҳони сангин барои миллат унвон мекунанд. Дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамин гуна мушкилиҳо зуд-зуд ба амал меоянд. Ҳарчанд 33 сол қабл истиқлолият ба даст овардаву имтиҳонҳои сангинеро паси сар намуда бошем ҳам, имрӯзҳо низ таҳдиду хатари хурофотпарастӣ, тундгароии динӣ, экстремизми сиёсӣ ва терроризми байналмилалӣ ба рукнҳои давлатдорӣ ва раванди миллатсозии кишвар таъсири манфӣ расонида истодаанд.
Гузашта аз ин, душманони миллат, хоинони миллат ва бадхоҳони миллат доимо ҳамсафари равандҳои миллатсозию давлатсозӣ ҳастанд, ки инро мо дар тули 33 соли охир доимо мушоҳида мекунем. Яъне, дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба хубӣ эҳсос карда истодаем, ки чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи кишвар барои зарба задан ба пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, барои заиф гардонидани давлатдории миллию истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон чи нақшаҳое ва чи корҳоеро анҷом додаанд ва айни замон низ анҷом дода истодаанд. Барои ҳамин нигоҳ доштани истиқлолият ва ҳифзу ҳимояи он хеле мушкил аст. Аммо як ҳолатро набояд фаромуш созем, ки барои ҳар як миллат, бахусус барои мо тоҷикистониён истиқлолияти давлатӣ болотарин ва баландтарин арзиш аст. Дар илмҳои сиёсӣ, бахусус дар низоми донишҳои амниятшиносӣ истиқлолияти давлатиро манфиати ҳаётан муҳим меноманд. Яъне, манфиате мебошад, ки бақои миллат ва мавҷудияти давлат аз он вобаставу пайваста аст. Вақте ки ин манфиат зери хавфу хатар қарор мегирад, давлату миллат низ осебпазир мегардад. Аз ҳамин хотир истиқлолияти давлатиро манфиати ҳаётан муҳим ва арзиши олӣ бояд шиносем. Арзиши олӣ муаррифӣ гардидани истиқлолияти давлатӣ ба он хотир аст, ки дар шароити мавҷудияти ҳамин гуна соҳибихтиёрӣ миллат тақдири ояндаи хешро дар дасти худ нигоҳ медорад. Ба ибораи дигар, тақдири ояндаи миллат дар дасти худи миллат қарор мегирад. Хушбахтона, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, бахусус бо шарофати сиёсати хирадмандона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷикистониён тақдири ояндаи кишварро дар дасти худ гирифтем. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус ду даҳсолаи охир мо имкон пайдо намудем, ки фарҳанги миллиро эҳё намеоем, бо фарҳанги бегона мубориза барем, бо душманони миллат мубориза барем ва манфиатҳои худро ҳимоя созем. Дар шароити надоштани истиқлолият ҳамин гуна субъектҳоро мо эҳсос намекунем. Фақат дар шароити соҳибистиқлолӣ ҳис мекунем, ки киҳо дӯстони мо ҳастанд, киҳо душманони мост, киҳо дар муқобили мо мубориза мебаранд.
Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «соҳибихтиёрӣ» истифода бурда шудааст. Соҳибихтиёрӣ пурра ифодагари истиқлолияти давлатӣ аст, чун ягон давлате ё миллате дигар наметавонад иродаи хударо ба сари миллати мо бор кунад. Чунин ҳолат барои миллатсозӣ ва давлатсозӣ аҳамияти бениҳоят зиёд дорад. Аммо бояд иқрор шуд, ки дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ нақши шахсиятҳои таърихӣ, бахусус нақши сарварони сиёсӣ бағоят калон аст. Дар илм як воқеияти эътирофшудае аст, ки тибқи он «ҳастии ҷамъиятӣ шуури ҷамъиятиро муайян мекунад». Баъзан вақт ба ин масъала бо шакку шубҳа менигаранд. Аммо он муҳите, ки моро иҳота кардааст, шуури моро муайян мекунад ва ин ҳақиқат дорад. Бисёре аз олимон бар он назаранд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, бахусус эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дарки рисолати таърихӣ аз шуури одамон вобастааст. Шояд дар баъзе мавридҳо ин ҳолат то як андоза ҳақиқат дошта бошад. Аммо дар аксар маврид ин ҳолат баръакс аст. Яъне, мутахассисон ва дар маҷмуъ одамон наметавонанд худ ба худ рушду инкишофро ба вуҷуд оваранд. Бахусус, барои сохтани миллат, барои ташаккул додани шуури миллӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо шахсиятҳое лозиманд, ки дар муҳити ҷомеа таҳаввулоти сохторӣ ва дигаргуниҳои сифатиро ба вуҷуд оваранд. Чунин мавқеъгириҳои фалсафи сиёсиро дар кору пайкор ва шахсияти Пешвои муаззами миллат мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро равандҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, ободкорӣ ва ислоҳоте, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар ҷомеа анҷом пазируфтанд, ҳамагӣ барои тағйири муҳити кишвар буд. Аз як марҳила ба марҳилаи дигари рушду инкишоф ворид намудани мамлакат мақсади ниҳоии Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳар чи зудтар аз мафкураи куҳнаи асримиёнагӣ, хурофотпарастӣ ва анъанагароӣ раҳонидани ҷомеа тавассути созандагӣ, бунёдкорӣ ва ислоҳоти соҳавӣ ба амал бароварда шуд. Бо ин мақсад дар тули ду даҳсолаи охир дар кишвар иншооти бузурги аср рӯйи кор омаданд: аз корхонаҳои саноатӣ сар карда, то сохтани роҳҳову неругоҳҳои барқи обӣ, таъмири мактабҳо, бо назардошти меъмории замони муосир бунёд намудани биноҳои маъмурию маъишӣ ва ғ. ҳамагӣ ба хотири тағйири шуури ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин корҳо ба ташаккули мафкураи миллӣ таъсири амиқ расонидаанд. Яъне, тавассути ҳамин гуна амалкардҳо ҳам Сарвари давлат ва ҳам Ҳукумати мамлакат мехоҳанд дар муҳити Ҷумҳурии Тоҷикистон як муҳити нави миллиро ба вуҷуд оваранд ва ҳам мехоҳанд нишон диҳанд, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ тақдири ояндаи миллатро миллат худаш месозад, ягон миллати дигар дар фикри ояндаи миллат, беҳбудии миллат, рушди давлатдории мо буда наметавонад. Зеро ҳамаи миллатҳо ва давлатҳо манфиатҳои худро доранд ва доимо аз манофеи хеш пуштибонӣ мекунанд.
Аз ҳамин нуқтаи назар ба истиқлолияти давлатӣ низ таҳдиду хатарҳои зиёде метавонанд таъсиррасонӣ кунанд. Ин таҳдидҳо ба раванди миллатсозӣ ва давлатдории миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Зимни арзёбии таҳдиду хатарҳо масъулияти соҳибистиқлолӣ ва рисолати давлатдориро бояд ба инобат гирифт. Дар ин маврид як ҳолатро ёдоварӣ кардан зарур аст. Миллати тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат на танҳо дар дохили мамлакат ҳадафҳои стратегиеро пайгирӣ карда истодаанд, ки ба рушди минбаъдаи кишвар, ояндаи дурашони мамлакат ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум  нигаронида шудаанд, балки дар сиёсати хориҷии худ талош меварзад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ кӯшиш намуда истодааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ симои мароқангез дошта бошад ва имиҷи байналмилалии худро беҳтар созад.
Воқеан ҳам ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам шудани мавқеи минтақавию ҷаҳонии кишвар ва боло рафтани имиҷи хориҷии Тоҷикистон таъсири назаррас доранд. Пеш аз ҳама чаҳор ташаббусе, ки дар мавриди истифодаи об Пешвои муаззами миллат аз солҳои 2000-ум инҷониб гуфта истодаанд ва карда истодаанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуд ва ҳамовозӣ пайдо кард. Бахусус Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббусҳоро ҷонибдорӣ намуда, дастгирӣ карданд. Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Зеро мо дар шароите қарор дорем, ки тағйирёбии иқлим кулли сайёраро азият дода истодааст, бо мушкилиҳои гуногун, бахусус бо мушкилии нарасидани оби ошомиданӣ ва камшавии сарчашмаҳои обӣ рӯ ба рӯ карда истодааст ва дар оянда низ метавонад ин тамоюлот дар баъзе минтақаҳо боиси сар задани низоъҳо шаванд.
Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне пешниҳод шуданд, ки ҳанӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи хавфу хатари тағйирёбии иқлим хеле кам суҳбат мекарданд ва ба ин масъалаи мубрам он қадар таваҷҷуҳи зиёд намедоданд. Баъди солҳои 2012 ин масъала дар рӯзномаи сиёсии ҳаёти байналмилалӣ ворид шуд ва кишварҳои гуногун бо дарки ҷиддияти масъала дар бораи пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим тадбирҳои гуногун андешиданд. Сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ҳанӯз аз солҳои 2000-ум дар атрофи ояндаи истифодаи сарчашмаҳои обӣ фикр карданд ва ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд. Дар ин маврид як ҳолатро махсус бояд таъкид кард, ки чунин мавқеъгириҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ташаббускор аҳамияти зиёди байналмилалӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари болооб аст. Қариб 60% обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аммо чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фикри зарару зиёни кишварҳои поёноб ҳам ҳастанд, бахусус дар фикри хушкшавии баҳри Арал ва наҷоти он низ мебошад. Зеро миллати тоҷик аз қадимулайём миллати фарҳангӣ буд. Бузургони миллат дар тули таърих ба тамаддуни башарият хизматҳои арзанда кардаанд, дар рушди тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷониби ниёгони мо ғояҳои инсондӯстӣ, башардӯстона, таълимоти ахлоқӣ, ки барои ба ҳам омадану муттаҳид шудани мардум заруранд, хеле зиёд пешниҳод шудаанд. Умуман, миллати тоҷик дар тули таърих дар ҳалли проблемаҳои башарият саҳми калон доранд. Аз Ибни Сино сар карда то Ҷалолиддини Балхӣ, Форобӣ, Берунӣ, Умари Хайём ва ғ. бо корнамоиҳои ғоявии худ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Бояд гуфт, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат идомаи анъанаҳои фарҳангиест, ки Сарвари давлат онҳоро рӯйи кор оварда истодаанд. Дар ин маврид Саъдии Шерозӣ бамаврид қайд намуда буданд, ки: «Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офараниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор». Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ҳамин анъанаро идома дода истодаанд. Яъне, проблемаҳои як миллати дигар миллати тоҷикро ҳам ором намегузорад. Мушкилии як миллат мушкилии башарият тасаввур мегардад. Ин гуна бархӯрд ва ин гуна муносибат дидгоҳи башардӯстона мебошад. Чунин мавқеъгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад ва миллати тоҷикро тавре муаррифӣ месозад, ки он нисбат ба тақдири дигарон бетараф нест. Ин буд, ки Президенти кишвар дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ сиёсати фарҳангии хоссаеро пеш гирифтанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷик ба Феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Чунин иқдом барои муаррифӣ кардани миллат тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хеле аҳамияти калон дорад. Имрӯз миллати тоҷикро на танҳо бо ташаббусҳои байналмилалӣ, балки бо фарҳанги бою ғаниаш ҳам мешиносанд. Ҳамаи ин ташаббусҳо дар замони соҳибистиқлолӣ имконпазир шуд. Замоне ки мо истиқлолият надоштем, ин корҳоро карда наметавонистем. Аммо танҳо истиқлолияти давлатӣ буд, ки ба мо имкон дод миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ кунем, мавқеи миллатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам созем ва барои ҳимояи манфиатҳои милли кишвар, амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ, бахусус барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибае, ки бар пояи манофеи тарафайн ба роҳ монда шудааст, шароити хуб фароҳам оварем. Ҳамаи инҳо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳастанд ва ҳамаи инҳо бо шарофати озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ имконпазир гардид. Дар баробари ҳами ин дар шароити соҳибистиқлолӣ сарвари сиёсии хирадсолор ва фарҳангсолор низ зарур аст, то ки корбурди имкониятҳои истиқлолиятро таъмин намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шахсият дар симои Пешвои муаззами миллат зоҳир гардид ва имкониятҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ба манфиати рушди ояндаи давлат истифода карда тавонистанд.  
 
Сафарализода Х.Қ. – номзади илмҳои
сиёсӣ, дотсент, ходими пешбари илмии
шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа,
 сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia