casino malaysia
casino malaysia
МАЪЛУМОТНОМАИ “ҶИЛДИ II -И «ОСОР»-И АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО”

wrapper

Дар Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Тибқи нақша “Осор”-и дастрасшудаи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳаҷми 16 ҷилд бо забони тоҷикӣ ва 16 ҷилд бо забони русӣ бояд ба нашр расад. Аз ин “Осор” то имрӯз аз 1 то 8 ҷилдҳои “Осор”-и Абӯалӣ ибни Сино, ки бештар осори фалсафии ӯро дар бар мегиранд, аз арабӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Инчунин ҷилдҳои 12-16, ки дарбаргирандаи китоби “Қонуни тиб” мебошанд, аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Ҷилди II «Осор»-и Абӯалӣ ибни Сино бо талошу кӯшишҳои донишмандон ва тарҷумонҳои забардасти ҷумҳурӣ аз қабилӣ М. Диноршоев, Т. Мардонӣ ва С. Сулаймонов, Исоев М., Ҳисориев А., Ниёзов Ё, Исроилов Р ва Бахтиёри аҳлиддин соли 2005 ба нашр расидааст.
Доктори илмҳои филологӣ ва тарҷумони забардасти “Осор”-и Ибни Сино дар ин ҷилд таҳти унвони “Ибни Сино ва ҳикмати машриқияи ӯ”  муқаддима навиштаанд. Хонандаи огоҳ медонад, ки С. Сулаймонов яке аз тарҷумонҳои забардаст ва синошиносӣ бузург аст. Дар муқаддима эшон роҷеъ ба таҳқиқоти донишмандон дар бораи Ибни Сино ва “Ҳикмати машриқия”-и ӯ маълумот дода, ин асарро яке аз дурдонаҳои фалсафаи Шарқ меҳисобад.
Дар китоб  таълифоти зерини Ибни Сино: “Ҳикмати машриқия”, “Китоби Ҳидоя”, “Уюн ал-Ҳикмат” ва рисолаҳои “Ҳудуд”, “Андар ишқ” “Андар ахлоқ”, “Ҳай ибни Яқзон”, “Саломон ва абсол”, “ат-Тайр”, қасидаи “Айния”, “Тафсири Қуръон” аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума, таҳия ва ба нашр расидааст.

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia