casino malaysia
casino malaysia
Симпозиуми байналмилалии «саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон»

wrapper

         16 октябри соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

  Симпозиумро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки Абунасри Форобӣ аз бузургони фалсафа ва донишмандони асримиёнагӣ, намояндаи мактаби машшоияи шарқӣ буда, ақидаҳо, назарияҳо ва консепсияҳои илмии ӯ гуногунҷанбаанд.  Бо вуҷуди ин, донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати таҳқиқи масъалаҳо ва нуктаҳои норавшани таълимоти Форобӣ таҳқиқоти бунёдӣ анҷом медиҳанд ва ба ин васила, аз як тараф, дар рушди илмҳои гуногуни табиатшиносӣ ва инсоншиносию ҷомеашиносӣ саҳм мегузоранд ва аз тарафи дигар, насли имрӯзаро аз афкори пешқадами мутафаккироне ба мисли Абунасри  Форобӣ воқиф мегардонанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории Симпозиуми байналмилалии ин аст, ки афкору ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоию фарҳангии файласуфи нобиға - Абунасри Форобиро, ки дархури талаботи даврони мост, ҷустуҷӯ ва пайдо кунем, онҳоро дар хизмати тамоми мардуми сокини минтақаи хеле фароху гуногунфарҳанги Осиёи Марказӣ гузорем.

Симпозиум кори худро дар ду бахш – “Даврон ва муҳити маънавии Абунасри Форобӣ” ва “Саҳми  Абунасри Форобӣ дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ. Абунасри Форобӣ ва даврони муосир” гузаронида, дар он зиёда аз 60 маъруза баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Боиси зикр аст, ки дар Симпозиум муҳаққиқон аз 5 давлати хориҷии дуру наздик, аз ҷумла, Фаронса, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар доираи Симопозиуми мазкур тибқи муқаррароти амалкунанда созишномаи ҳамкорӣ байни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урганҷ (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба имзо расонида шуд.

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia