casino malaysia
casino malaysia
Шахсиятҳо

wrapper

Шахсиятҳо

Устоди раҳнамои фалсафаи тоҷик

   Ростӣ, ҷуръат надоштам, ки дар бораи як шахсияти барҷаста - академик, олим ва муҳаққиқи тавоно, устоди аксари муҳаққиқони фалсафа ва таърихи фалсафаи Ҷумҳуриамон муҳтарам Мусо Диноршоев чизе нависам. Чунки дар бораи шахсиятҳои бузург навиштан аз як тараф қудрату тавоноӣ даркор ва аз тарафи дигар ҳамон ахлоқи суннатӣ, ки баҳо додан ба устодони хеш ва дар пеши онҳо худнамоӣ кардан аз рӯи одоби ҳамида нест. Вале ёди солҳои ҷавонӣ, солҳои аввали ба кор омаданам кардаму гуфтам, агар чанд ҷумлае дар бораи ин шахси муҳтарам нанависам, беинсофист. Муфассал ...
Хондан 1179 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Муҳаққиқи шинохтаи ирфон ва фалсафаи ниёгон

  Мо дар ин мақолаи хеш ҳадаф гузоштем, чанд сухане дар бораи фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ-суннатии ҳамкори муҳтарамамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳазратқулов Муҳаммадқул нависем.
  Ҳазратқулов Муҳаммадқул солҳои зиёде шуд, ки дар Шуъбаи таърихи фаласафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд ва аз худ фаъолияти илмии бобаракате боқӣ гузоштанд ва ҳоло ҳам бо серфаъолиятии худ дар навиштани корҳои илмиву фарҳангӣ-суннатӣ ва ҳамчунин ҳамчун муҳаррири масъули ҷилди чаҳорум ва панҷуми «Таърихи фалсафаи тоҷик» дар таҳриру рӯи назм овардани мақолаҳои кормандони Шуъба саҳмгузорӣ карда истодаанд. Ҳазратқулов М. пас аз хатми Донишгоҳи давлатии (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) Тоҷикистон ноябри соли 1967 ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисоси таърихи фалсафа дохил мешавад. Ӯ соли 1974 дар мавзӯи «Фалсафаи Садриддини Шерозӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Фалсафаи ишроқи Шаҳобуддини Суҳравардӣ» дифоъ намудааст.
Хондан 1138 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(5 Овозҳо)

Шахсияти мумтози илмӣ-фарҳангӣ

  Дар ин мақола ёде аз шахсияти бузург ва роҳбари сиёсатмадору оқил,  аъзо-корреспонденти АФ ИҶШС, ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, профессор Муҳаммад Осимӣ (рӯҳашон шод бод) мекунему чанд ҷумлаи ёддоштие дар бораашон ба қалам медиҳем. Муфассал ...
Хондан 984 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia