casino malaysia
casino malaysia
Шахсиятҳо

wrapper

Шахсиятҳо

Хаёлбек Додихудоев - основоположник исследований по философии исмаилизма  в Таджикистане

Есть люди, жизненный путь которых отражает эпоху, в парадигмах которой они жили и творили. Такие люди, по известным меркам, являются личностями уникальными в человеческом измерении, и высокоодаренными в интеллектуальном. Додихудоев Хаёлбек относится к той когорте учёных-философов, советского и постсоветского времени, которые широтой своей мысли до сих пор светят яркой звездой на небосклоне истории таджикской философии. В наше сложное время человека оценивают по-разному, - по уровню знания, по поступкам, по регалиям. Если кратко, в двух предложениях ответить на вопрос о том, кто есть Х. Додихудов, то можно сказать следующее:

  Додихудоев Х. Д. -  главный научный сотрудник  Отдела истории  философии Института философии, политологии и права  им.А.Баховаддинова НАНТ, доктор философских наук, профессор, член- корр. Национальной академии наук Таджикистана, Отличник науки и просвещения Таджикистана.  Он родился 9 мая, 1936 года в к.к. Поршинев Шугнанского района ГБАО. Окончил исторический факультет Таджикского государственного университета им. В.И.Ленина. Им опубликованы более 150 научных работ, в том числе монографии «Очерки исмаилизма» и «Философия крестьянского бунта», «Исмаилизм и свободомыслие мусульманского Востока, «Традиции и цивилизации» (в 2-х томах), «Философский исмаилизм» и др. По его трудам ведутся семинары и коллоквиум в Душанбе, Москве, С.-Петербурге, Лондоне, и разных университетах США.

Муфассал ...
Хондан 712 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Шахсияти нодир

  Инсонҳо тавлид меёбанд, меомӯзанд, бузург мешаванд, интихоби касб намуда, месозанд, эҷод ва ё кашф мекунанд, дар ягон шакле (хуб, олӣ, мутавассит ва ё дар ҳоли фақру бечорагӣ) зиндагӣ ташкил медиҳанд. Баъзан бо меҳнати ҳалоли хеш шоёни аҳсани иҷтимоъ, муҳити зист ва маҳали кор гардида, аз худ эҳсоси ризоят менамоянд ва ғайраҳо. Аммо дар баъзе ҳолатҳо инсонҳое ҳастанд, ки ҳарчанд ки заҳмат кашанду корҳои хуб ва зиёдеро анҷом диҳанд, вале аз чашм меафтанду гӯё   касе онҳоро намебинаду дарк намекунад. Қисмате аз чунин инсонҳо рӯҳафтодаву дилмонда ва қисме ба идома додани кори хеш машғул гардида, барояшон таваҷҷӯҳи касе ин қадар арзише надорад. Ва аммо бахше аз инсонҳо, ки худ ба арзиши заҳмати кори хубу неки дигарон қоил ҳастанд, онвақт худ низ аз шахси муқобили хеш интизори  ин аъмолро доранд. Муфассал ...
Хондан 912 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Файласуфи фарҳанги ҳунар (чанд андеша дар мавриди файласуф ва андешаманди миллӣ, устод Саъдулло Раҳимов)

    Дар мақола дар бораи яке аз олимони бошахсияту бонуфузи илму фарҳанг – файласуфу санъатшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди кино ва театри тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич сухан меравад.
Муҳтарам Саъдулло Раҳимов мутаваллиди шаҳри Бухоро (1951) буда, дар хонаводаи бошахсияту бо фарҳанг тарбия ёфтааст. Падари Саъдулло Раҳимов Хайрулло Раҳимов - номзади илмҳои педагогӣ ва профессори Донишгоҳи педагогии ба номи Садриддин Айнии ш. Душанбе буда, солҳо дар он ҷо кору фаъолият намуданд. Худи Саъдулло Раҳимов хатмкунандаи  факултаи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, ки пас аз хатми он соли 1983 дар шаҳри Москва дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои СССР аз рӯи ихтисоси «Зебоишиносӣ» («Эстетика») рисолаи номзадии хешро дифоъ намудааст. Олими закию боирода дар соли 2007 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Андешаҳои фалсафӣ-эстетикии зардуштия» бо муваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа шуданд. Муфассал ...
Хондан 646 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Марди хирад, олими тавоно

  Дар ин мақола дар бораи ҳаёту фаъолият ва осори олими намоён, ходими давлатӣ ва сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, муҳаққиқи шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик, профессор ва академики Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Кароматулло Олимов чанд сухане арз карданием.
   Кароматулло Олимов дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, айёми кудакию навҷавонии хешро дар ҳамон ҷо гузаронидаанд. Падарашон  ба унвони духтури суннатӣ-мардумӣ ба табобати мардуми диёри хеш машғул буданд. Модари бузургвори Кароматулло Олимов фарзанди мударриси шинохтаи ибтидои асри ХХ Киромии Истаравшанӣ буда, аз занҳои босаводу донишманд ва донандаи шеъру адаб буданд. (Ёдашон ба хайру рӯҳашон шод бошад). Устод Кароматулло тарбияи чунин падару модарро гирифтаанд, ки ҳамчун як шахсияти комилу солим ва дорои фазилатҳои хосеанд, ки ифтихори мардуму миллатамон мебошанд. Аз ин ҷо, «Кароматулло Олимов инсони комиланд – барои дӯстон беҳтарин рафиқу ҳамсафар, барои шогирдон – накутарин устоду мураббӣ ва барои фарзандону наберагон – мушфиқтарин падару бобоянд. Ин хислатҳои эшон мерос аз волидайни зиёӣ, самараи тарбият дар оилаи фарҳангӣ… аст»[1]. Муфассал ...
Хондан 905 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia