casino malaysia
casino malaysia
Марди хирад, олими тавоно

wrapper

  Дар ин мақола дар бораи ҳаёту фаъолият ва осори олими намоён, ходими давлатӣ ва сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, муҳаққиқи шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик, профессор ва академики Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Кароматулло Олимов чанд сухане арз карданием.
   Кароматулло Олимов дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, айёми кудакию навҷавонии хешро дар ҳамон ҷо гузаронидаанд. Падарашон  ба унвони духтури суннатӣ-мардумӣ ба табобати мардуми диёри хеш машғул буданд. Модари бузургвори Кароматулло Олимов фарзанди мударриси шинохтаи ибтидои асри ХХ Киромии Истаравшанӣ буда, аз занҳои босаводу донишманд ва донандаи шеъру адаб буданд. (Ёдашон ба хайру рӯҳашон шод бошад). Устод Кароматулло тарбияи чунин падару модарро гирифтаанд, ки ҳамчун як шахсияти комилу солим ва дорои фазилатҳои хосеанд, ки ифтихори мардуму миллатамон мебошанд. Аз ин ҷо, «Кароматулло Олимов инсони комиланд – барои дӯстон беҳтарин рафиқу ҳамсафар, барои шогирдон – накутарин устоду мураббӣ ва барои фарзандону наберагон – мушфиқтарин падару бобоянд. Ин хислатҳои эшон мерос аз волидайни зиёӣ, самараи тарбият дар оилаи фарҳангӣ… аст»[1].
  Кароматулло Олимов соли 1964 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуда, ҳамон сол ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ дохил мешаванд. Соли 1971 дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Саноии Ғазнавӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Фалсафаи Хуросон» (Таҳлили таърихӣ-фалсафӣ) дар шаҳри Тошканд бо муваффақият дифо намуданд.  
Кароматулло Олимов аз соли 1967 то соли1969 бо унвонҳои ходими хурд, ходими калон, ходими пешбари илмӣ ва мудири сектори таърихи фалсафа дар «Шуъбаи фалсафа» (ҳозира ИФСҲ)-и АМИТ фаъолият ва мудирият кардаанд[2].   
Зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти академик Кароматулло Олимов гуногунҷанба аст. Ӯ солҳои 1974-1977 ба ҳайси сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон иҷрои вазифа намудаанд. Баъдан дар солҳои 1980-1984 дар шаҳри Кобул ба унвони роҳбари гурӯҳи мутарҷимонҳои Мушовирони Ҳизби коммунист дар Кумитаи марказии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон(ҲХДА) ва тарҷумон-маслиҳатчии мушовири махсуси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ дар назди котиби генералии ҲХДА Бабрак Кормал (ш.Кобул) ва ҳамчунин котиби дуюми сафорати Иттиҳоди Шуравӣ адои вазифа намудаанд.
  Ҳамин тариқ, устод Кароматулло Олимов дар бахшҳо ва соҳаҳои гуногун фаъолияту роҳбарият намудаанд, аз ҷумла: мудири бахши Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1985-1990); Мушовири идеологии КМ ҲКТ (1990-1991); мудири кафедраи фалсафаи АИ ҶТ (1992-2000); котиби якуми Кумитаи щаҳри Душанбеи ҲК Тоҷикистон (1996-2000); узви комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000); намояндаи Маҷлиси шаҳри Душанбе  (1996-2000); Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004); Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа (2004-2007); Раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои ЮНЕСКО (2001-2012); Директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2008); Директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «2008-2010); Ноиби Президенти Академияи илмҳои ҶТ, - Раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (2010-2016); узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (2010-2016) ва дар феъли ҳозир сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ  фаъолият доранд.
  Таҳти роҳбарии академик Кароматулло Олимов аспирант ва докторантҳои зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Аз ҷумла Содиқова Н.Н.-доктори илмҳои фалсафа, Зиёев Х.-доктори илмҳои фалсафа, Зиёев И.-доктори илмҳои фалсафа, Мирзоев Ғ.-номзади илмҳои фалсафа, Диноршоева З.-номзади илмҳои фалсафа (ҳоло доктори илмҳои фалсафа), Муҳаммадхоҷаева П.-номзади илмҳои фалсафа, Асрорӣ М.-номзади илмҳои фалсафа, Муллобоева Д.-номзади илмҳои фалсафа ва гурӯҳи унвонҷӯёни хориҷӣ рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои фалсафаро гирифтанд.
  Чунонки мебинем академик Кароматулло Олимов як шахсияти ҳаматарафа дар соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, иҷтимову сиёсат, роҳбарияту ҳидоят ва ҳамчунин тарбияи шогирдону кадрҳои илмӣ ҳамчун як олиму муҳаққиқи таърихи фалсафаву ирфон, шарқшинос, сиёсатшинос кору фаъолият намуданд. Аз он ҷумла дар таҳқиқи афкори фалсафаи ниёгон саҳми арзандае гузошта, паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абулмаҷди Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Мустамлии Бухороӣ, Абдураҳмони Суламӣ, Абдулкарими Қушайрӣ, Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ, Носири Хусрав ва дигар мутафаккиронро ҳаматарафа баррасӣ намуда, дар шакли китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ дастраси аҳли илму адаб ва хонандагон намуданд. Устод Кароматулло Олимов шахси ҷӯяндаву омӯзанда буда, ҳикмати Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар мутафаккирону донишмандонро омӯхта, таълимот ва равишҳои пешгирифтаи онҳоро баррасӣ намуда,   ҷавҳари онро ба худ гирифтанд.  
  Академик  Кароматулло Олимов зиёда аз чорсад китобу мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навиштаанд, ки метавонем чанде аз китобҳои муаллифро ном бибарем: «Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ» (Душанбе,1973), «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» (1988), «Тасаввуфи Хуросон» (таҳлили таърихӣ-фалсафӣ, ба забони русӣ) (Душанбе,1994)[3],  «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ» (Душанбе,1995), «Баррасиҳо дар тасаввуф» (Душанбе,1999), «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ» (Душанбе,2014), «Олами ирфон» («Мир суфизма»), (Душанбе,2014.-670с.), тарҷумаи китоби «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер Навоӣ ба забони тоҷикӣ (Душанбе,2018), «Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат» (Душанбе,2018), «Машъали роҳи хирад» (бахшида ба100-умин солгарди академик А.Баҳоваддинов) (Душанбе,2011), «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» (Душанбе, 2013), «Таърихи фалсафаи тоҷик» (ба забони русӣ, муҳаррир ва ҳаммуаллиф), силсилаи мақолаҳо дар бораи таърихи фалсафа, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, проблемаҳои мубрами фарҳангию сиёсии дохилӣ ва дунёи муосир арзиши муҳиме доранд. Бо саъю талоши ӯ аввалин бор «Таърихи фалсафаи тоҷик» дар се ҷилд ба забони русӣ («История таджикской философии с древнейших времён до ХУ века», т.1,2,3) ба нашр расид. Ҳамчунин муаллиф дар таҳия ва нашри осори Абуалӣ Ибни Сино ва тарҷумаи асарҳои ӯ ба забони русӣ саҳми арзандае доранд. Аз он ҷумла китоби Абуалӣ Ибни Сино «Мабдаъ ва маод» ва рисолаи «Азҳавия»-ро ба забони русӣ аввалин бор тарҷума намуда, дастраси аҳли илму адаб намудаанд. Ҳамчунин китоби «Ишорот ва танбеҳот»-и Абуалӣ Ибни Синоро (бо ҳамкории Кишвар Аскардаев ва Оля Зиёваддинова) аз форсӣ ба тоҷикии кириллӣ баргардонидаанд. Дар баробари инҳо «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер Навоиро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудаанд.
  Кароматулло Олимов мақолаҳои зиёде доир ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ навиштанд, ки дар онҳо мақом ва ҷои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин дастовардҳо бузург медонанд.
Нақши академик Кароматулло Олимов дар ҳифзи мероси ниёгон, мероси  фарҳангӣ, маданӣ-тамаддунии кишварамон ниҳоят бузург мебошад, ки далели ин фикр мақолаи ӯ «Защита культурного наследия во время вооружённых конфликтов» шуда метавонад. Мақолаи ӯ бо унвони «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва аҳамияти он дар омӯхтани шеваи давлатдорӣ ва роҳбарӣ» дорои аҳамияти актуалӣ буда, хидмати Хоҷа Самандари Тирмизиро дар роҳу равиши давлатдорӣ баррасӣ намуданд, ки барои замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест.    
  Кароматулло Олимов муҳаббату завқ ба шеъру адабро аз волидайни худ, махсусан модари гиромиашон мерос гирифтаанд. «Паёми садоқат» (Душанбе, наш.: «Адиб», 2014.-194с.) маҷмӯаи шеърҳои он кас мебошад, ки мавзӯҳои гуногуни замону ҳаёти шахсии худи шоиру муҳаққиқи фалсафаву ирфонро дар бар мегирад.
  Бояд гуфт, ки зери назари устод Кароматулло Олимов бисёр маҷмуа, рисолаҳои илмӣ ва адабию маълумотӣ ба чоп расиданд ва дар айни ҳол муқарризи китобҳои зиёде буданд.  
Хизмати  устод Кароматулло  Олимов аз ҳама бештар дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик бузург аст. Ӯ дар осори худ исбот карданд, ки таърихи фалсафаи тоҷик ва таълимоти мутафаккирони он бою ғанӣ буда, пур аз дурдонаҳои  илму маърифат, маънавиёту  гуманизм, ахлоқу одоби ҳасана ва амсоли инҳо мебошад, ки дар тарбияи насли муосир ва ҳидояти онҳо дар роҳи дуруст нақши босазое мебозанд. Дар айни замон ӯ муҳаққиқи тасаввуфу ирфон мебошад, ки корҳои зиёде анҷом доданд ва исбот намуданд, ки тасаввуфу ирфон ҷанбаҳои муҳими фалсафӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, худшиносии миллӣ дошта, дар тарбияи инсон ва ба камолот расонидани он нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, муҳаққиқ менависад, ки «…халқи тоҷик ба ҷаҳони тамаддун чунин нобиғаҳоеро ба мисли Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Имом Ғаззолӣ, Закариёи Розӣ, Саноӣ, Аттор, Хайём, Ҷомӣ, Биноӣ, Низомулмулк, Байҳақӣ, Наршахӣ, Мавлонои Румӣ (Балхӣ), Сайидо, Аҳмади Дониш додааст…». Ва «танҳо номбар кардани ин бузургон ва садҳо адибону олимон, таърихнигорону сиёсатмадорон дар вуҷуди  ҳар тоҷики воқеан дорои эҳсосу идроки миллӣ бояд ангезаи бузурги ифтихор ва масъулиятро бештар намуда, тааллуқ доштани худро ба ин миллат, ба ин забон, ба ин фарҳанг ҳамчун тӯҳфаи олитарини сарнавишт ва таърих бояд донад»[4]. Аз тарафи дигар хизмати бузурги Кароматулло Олимов дар он аст, ки он кас тавонистанд таъриху фарҳанг ва илму тамаддуни мардуми тоҷикро на танҳо ба аҳли илму адаби ватанӣ, балки берун аз кишвар ба дигар миллату кишварҳои  хориҷӣ  муаррифӣ намоянд. Иртиботи илмӣ-ҳамкории Кароматулло Олимов бо Институти фалсафаи Москва, Донишгоҳи технологӣ ва идораи Москва (филиали Мелеуз – МГУТУ) ва Донишгоҳи педагогии давлатии ба номи Акмуллои Башқордостони ФР ва баромадҳои ӯ дар бораи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дар назди устодону донишҷӯёни он ҷо мисоли равшани фикри боло шуда метавонад.
  «Тасаввуфи Хуросон» аз асарҳои барҷастаи  устод Кароматулло Олимов буда, соли 1994 ба табъ расидааст, ки дар он нахустин бор дар илми таърихи фалсафаи тоҷик ҳаёту осор ва таълимоти орифони барҷаста ва машҳури асрҳои 1Х-Х11 ба таври васеъ ва ҳаматафа мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Муаллиф масъалаҳои муҳими  таълимоти суфиён ва орифони Хуросон - ҳастӣ, маърифат, ахлоқ, маънавиёт ва иҷтимоиётро тибқи равиш ва методологияи  пешқадами илми муосири фалсафӣ ва ҷаҳонбиниву арзишҳои умумибашарӣ таҳлилу таҳқиқ намудааст. Ҳамчунин таҳқиқоти ӯ дар бораи ҳаким Саноии Ғазнавӣ, ки аз бузургони илму адаби асрмиёнагӣ буд, дорои арзиши воло мебошад. Ва чунонки худи муҳаққиқ қайд мекунанд осори Саноии Ғазнавӣ оинаи равшани муборизаҳои фикрӣ ва тазодҳои феодалии асримиёнагӣ, баёнгари тараққӣ ва вусъати бештари он дар олами исломи он давра мебошад. Мувофиқи навиштаи худи муаллиф ҳаким Саноии Ғазнавӣ маснавиҳои зиёде навиштааст, ки бузургтарин ва муҳимтарин асари ӯ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» буда, бештар аз даҳ ҳазор байт буда, масоили фалсафӣ, ирфонӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва адабиро дар бар гирифтааст[5]. Муҳаққиқ ҷаҳонбинии Саноии Ғазнавиро рӯи масъалаҳои ҳастӣ, ирфонӣ, иҷтимоӣ ба таври васеъ таҳлилу баррасӣ намуда, мақоми ӯро дар таърихи илму фарҳанги тоҷик нишон медиҳад. Ин буд, ки 850-умин солгарди Саноии Ғазнавӣ ба феҳристи санаҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардидаст, ки аз бузургии шахсият ва мақоми баланди мероси пурарзиши ӯ дар қатори шоҳкориҳои назми ҷаҳонӣ аст, ки ифтихори муштараки мардуми форсизабонон, махсусан тоҷикон мебошад.   Аз ин рӯ, ӯ таъкид менамояд, ки «барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ», солим ва худогоҳии воқеӣ омӯхтани илмҳои ҷомеашиносӣ, фалсафа, ахлоқ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ ниҳоят зарур аст[6].
  Асарҳои илмии Кароматулло Олимов дар Эрону Афғонистон, Узбакистон, Олмон, Лаҳистон, ИМА, Руссия ва дигар мамлакатҳои ғарб чоп шуда, ҳастии илму фарҳанг ва таърихи бою ғанӣ доштани тоҷиконро боз як бори дигар дар байни мардуми хориҷ собит мекунад. Махсусан баромадҳои ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалии илмию фарҳангшиносӣ, ки масоили умдаи илми фалсафа ва таърихи ташаккулёбии онро мавриди баҳсу мунозира қарор додааст, арзишҳои хоси худро дорад.
Осори гаронбаҳои ин олими тавонои тоҷик дар омӯзишу баррасии масъалаҳои мубрами фалсафа, махсусан фалсафаи тоҷик ва дигар риштаҳои илм ҳамчун чароғи ҳидоят барои дӯстдорони илму адаб ва олимони ҷавони кишварамон мебошад.
Академик Кароматулло Олимов дар баробари олиму муҳаққиқ буданашон боз дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор ва хизмат намудаанд. Аз он ҷумла дар вазифаҳои вазири фарҳанг ва мушовири давлатии Президенти XТ адои хизмат намудаанд. Ҳамчунин чанд сол ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарвари Шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии Академияи илмҳои Ҷумҳуриро низ ба уҳда доштанд.    
Кароматулло Олимов солҳои 2001-2012 раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои ЮНЕСКО буданд ва дар ин муддат як қатор корҳои муҳимеро барои фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик анҷом доданд. Махсусан ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО о ворид намудани шоҳасари мусиқии мардуми тоҷик «Шашмақом» (Париж, 2003), ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО дохил намудани Саразм, ба феҳристи ёдгориҳои табиӣ ЮНЕСКО дохил шудани «Боғи миллии Тоҷикистон» ва баргузории Рӯзи Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоштаанд.
  Кароматулло Олимов дар тарбияи шогирдони зиёде, аз ҷумла номзадҳои илмҳои фалсафа ва докторҳои илм хидмати босазое намудаанд. Чандин солҳо ба сифати Раиси Шурои диссертатсионии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви шуроҳои дигари диссертатсионӣ ва илмӣ дар тайёр кардани кадрҳои дорои унвонҳои олии илмии номзад ва доктори илмҳои фалсафа масъулияти ҷиддиро ба уҳда доштанд.
Кароматулло Олимов Сармуҳаррири «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010-2016), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои ҷумҳуриву хориҷӣ, аз ҷумла «Ахбори ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», муовини Раиси Шурои илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», маҷаллаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Оренбург «…Инновация. Инвестиция» мебошад. Ҳамчунин Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Покистон, узви Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, узви Раёсати Кумитаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сармуҳаррири «Донишномаи Истаравшан» мебошанд. Бо ташаббуси академик Кароматулло Олимов дар деҳаи Боғи Калони шаҳри Истаравшан ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
  Академик Кароматулло Олимов барои хизматҳои шоистаашон бо орденҳои «Нишони фахрӣ»-и Иттиҳоди Шуравӣ (1982), «Шараф» дараҷаи 1 (2003), бо медалҳои ҷашнии Раёсати Шурои Олии ИҶШС, нуқрагии «Мавлоно» ва «Ибни Сино»-и ЮНЕСКО (2007, 2009), медалҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон «Аз халқи миннатдори афғон» (1997), бо унвони Сафири сулҳи ҷаҳонӣ (Ню-Йорк. 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), дипломи «Барои саҳми шахсӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ» (СПб, 2013), ҷоизаи байналмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ (2016), грамотаҳои фахрии АИ ҶТ ва ғайраҳо мукофотонида шудаанд.
  Академик Кароматулло Олимов олим, муҳаққиқ, файласуф, бародару ҳамкор, дӯсти хубу бошахсият ва меҳрубону хоксор мебошанд. Ҳамаи ин сифату хусусиятҳо натиҷаи тарбияи хонаводаи дорандаи ахлоқи ҳасанаву фарҳанги воло мебошад. Мӯҳтарам Кароматулло Олимов ҳамин анъанаи хонаводагии хешро давом дода, фарзандонашонро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ, хоксориву одамгарӣ тарбия намуда, соҳиби касбу ҳунар намудаанд. Албатта, дар ин ҷо саҳми оилаи он кас кам нест, зеро ки танҳо модар аст, ки пастиву баландӣ ва мушкилиҳои зиндагиро бар души худ мегирад.  Фарида – духтур дар таваллудхонаи №1 ш. Душанбе кор мекунад; Фаррух Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа менамояд; Фаросат – мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи омӯзгори ҶТ ва писари хурдии он кас Ғуфрон дар шаҳри Москва фаъолия доранд . Дар охир мехоҳам бародари муҳтарамамон Кароматулло Олимов  бо аҳли хонаводаашон ҳамеша тансиҳату шодоб ва хушбахту рӯҳбаланд бошанд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки бигзор нури илму ахлоқи ирфонӣ зиндагии он касро саршор аз маърифату заковат ва паймонаашонро пур аз бодаи хиради оламафрӯз намояд.                         
Муродова Т.
номзади илмҳои фалсафа,
Ходими пешбари илмии
  Шуъбаи таърихи фалсафаи
ИФСҲ-и АМИТ
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Фарҳод Раҳимӣ, Хуршед Зиёев. Муҳаққиқ, сиёсатмадор ва инсони комил. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Душанбе, 2014.-С.7
  2. Дар бораи зиндагӣ ва феҳристи осори академик К.Олимов муфассал ниг.: «Китобномаи шарҳиҳолӣ» (Матн).-Душанбе, 2014.-122с. Ва «Ҳисоботи аъзои АИ ҶТ» солҳои 2008-2018
  3. Тасаввуфи Хуросон ҳамон соли 1994 дар шаҳри Тошканд низ ба забони русӣ нашр гардида буд.
  4. Абӯсаид Абулхайр ва мақоми ӯ дар афкори иҷтимоӣ ва ирфонии халқи тоҷик. Ниг.: Олимов Кароматулло Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Душанбе, 2014.-С.73
  5. Олимов Кароматулло. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Ахтари тобноки ирфон ва адабиёти тоҷик. Душанбе, 2014.-С.52
  6. Олимов К. Иҷлосияи ХVI-и Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги миллӣ. Ниг.: Олимов К. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. Душанбе, 2014.-С.205, 206

Матни шарҳи шумо…

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia