Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории миллӣ
- Сешанбе, Ноя 05 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Давлат ҳамчун ташкилоти махсуси ҳокимияти сиёсӣ ва субъекти муносибатҳои байналхалқӣ бо санади эъломиявии истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешавад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро муқаррар мекунад. Дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва пешрафти ҷамъият гаштаанд.
Конститутсия ин пеш аз ҳама, ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.[1.]
Табиист, ки баробари мушарраф гардидан ба Истиқлолият, ҳар як давлатро зарурати татбиқ намудани ислоҳоти дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар, ба хотири ҷавобгӯ сохтани вазъи ҳуқуқӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба талаботи ҷомеаи навин пеш меояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, вобаста ба дигаргун шудани авзои ҷомеа ва раванди инкишофи таърихии он, яъне бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳамвора марҳилаи эъмори давлатдории сифатан нави миллӣ ва заминагузории ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардида, тадбирҳои муҳиму мақсаднок дар доираи ислоҳоти бузурги тамоми ҷанбаҳои зарурии ҳаёти ҷомеа ба роҳ андохта мешавад.
Бинобар ин яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд, ин аз нав қабул намудани Конститутсия гардид, зеро Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ метавонад, ба сифати яке аз нишонаҳои аввалин ва муҳимтарини мустақилияти давлат дар ҳаёти миллат нақши муассир дошта бошад. Ғайр аз ин зарурату муҳимияти Конститутсия боз дар он ифода меёбад, ки он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сиёсию иҷтимоии хусусияти барномавидошта, ҳолати ҳуқуқӣ ва дурнамои инкишофи ҳозираю ояндаи ҷумҳурӣ ва давлатро дар сатҳи эътибори олии ҳуқуқидошта муайян менамояд. Конститутсияи нав дар Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии сохтори давлатдории миллиро ба вуҷуд оварда, моҳияту мазмун ва мақсади онро муайян намуд.[2]
Албатта ин Конститутсия бунёди давраи давлатдории нави миллии тоҷикон мебошад. Дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда шакл, моҳият, мазмун, ҳадаф ва вазифаҳои он муайян карда шудаанд. Дар баробари ин Конститутсияи мазкур аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмигардонии давлатдории навини миллат, хотимаи давраи ибтидоии давлатдории миллии тоҷик, анҷоми давраи шуравии сотсиалистии ташкилу инкишофи давлати Тоҷикистон аст. Ин принсипҳо дар мазмуну таъиноти Конститусия равшан ифода ёфтаанд. Дар дебочаи он эълон шудааст, ки халқи Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушди камоли онро дарк намуда, ҳамин Конститутсияро қабул менамояд.[3]
Дар сатҳи олии ҳуқуқи халқ ӯҳдадор шудааст, ки тақдири давлатро ба дасти худ мегирад ва барои ҳифзи мустақилият ва устувории он масъул аст.[4]. Яъне Конститутсияи амалкунанда аҳамияти бузурги таърихӣ дорад Аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ аз инҳо иборат мебошад:
- Бо қабул гардидани Конститутсияи соли 1994, даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷлисҳои Парлумон аз ҷониби вакилон, ки дар фаъолияти давлатдории замони собиқ мавҷуд буд, хотима гузошта шуд. Яъне ба нақш ва мавқеи шаҳрванд - ҳамчун унсури марказии сиёсиву иҷтимоӣ дар идоракунии давлат ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ будани онҳо эътибори констиутсионӣ дода шуда, сатҳ ва дараҷаи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа баданд бардошта шуд. Раъйпурсии умумихалқӣ унсури марказии иштироки васеи омма дар идоракунии давлатӣ гардид. Ин дигаргунии азими конститусионӣ- ҳуқуқии ҷомеаи мо гардид, ки бо ҳамин тақдиру сарнавишти халқи Тоҷикистон аз иродаи худи халқ вобастагӣ пайдо намуд;
- Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул щуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат, яъне хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, ва иҷтимоӣ эълон шуда, бо ҳамин бо иродаи халқи Тоҷикистон -ҳама гуна дигар хусусияти давлат, аз ҷумла давлати исломӣ, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд, инкор карда шуд.
- Қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид;
- Дар асоси ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд, яъне Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид;
- Қабули Конститутсия нахустин чорабинии мухими сиёсии кишвар буда, барои ҳокимияти сиёсии таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятдошта санҷиши бузург ба шумор мерафт. Қабули он, ки дар шароити басе мураккаби авзои сиёсии иҷтимоӣ доир гардид аз қобилияти баланди ташкилию роҳбарӣ ва давлатдории Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ шаҳодат медиҳад. Яъне дар дили одамон шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи дурахшони халқу миллат ва давлат пайдо шуда, халқ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.
- Қабули Конститутсия башорати ба майдони сиёсӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ воридшавии шахсият ва чеҳраи нави таърихӣ бо фаҳмишу дарки баланди арзишҳои миллӣ ва арзишҳои байналмиллалӣ мебошад. Ин бори дигар собит намудани нақш ва мавқеи шахсият дар таърих, пешниҳоди барномаи мукаммали созанда ва бунёдкорона, ташаккули элитаи сиёсӣ ва миллӣ аз қафои худ бурдани омма ва дигаргуниҳои сифати ҷомеаи алоҳида мебошад;
- Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот баҳои сазовор дод. Яъне, интихоботи мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии минбаъда дар доираи муқаррароти Конститутсия баргузор гаштанд. Шаҳрвандони кишвар дар фазои осоиштаю ором Президенти мамлакат ва вакилони мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагиро интихоб намуда, мувофиқи ҳуқуқҳои сиёсиашон ҳокимияти давлатиро ташкил ва ҳукуқҳои конститутсионии худро ба интихобот амалӣ намуданд;
- Конститутсия ҳамчун матни иборат аз дебоча, даҳ бобу сад модда ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчун организми зинда буда, рушду таҳкими фаъолияти минбаъдааш дар таҷрибаи ғании конститутсионализми Тоҷикистон дарҷ ёфтааст;
- Конститутсияи кишвар бори нахуст ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи баробарҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсия «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».
Аз ин лиҳоз, Конститутсия ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгуи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсад надорад. Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва хизмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмиллалӣ эҳтиром мекунанд.
Бо ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа беҳтар намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, раҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон–Ватану миллат, худшиносӣ,худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
Адабиёт
- Конститусияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқии давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ. –Душанбе: «Дониш, 2019. – 620 с.
- Маҷмуаи Конститусияҳои Тоҷикистон / Мураттиб Гадоев Б.С.- Душанбе, 2015. – 633 с.
- Имомов А. Нақши Конститусия дар бунёди давлатдории миллии Тоҷикон. - Душанбе, 2011. –358с.
- Соибов З.М., Изаттулозода П,Н. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (воситаи таълимӣ). – Душанбе, 2021. – 244с.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна
ходими хурди илмии шуъбаи таърихи
давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон