Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди падидаҳои конститутсионӣ
- Сешанбе, Ноя 05 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Азбаски мақола дар арафаи 30-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия ва Соли маърифати ҳуқуқӣ нашр мегардад, кулли хонандагон ва дар симои Шумо, кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии 30-умин солгарди Рӯзи Конститутсия ва Соли маърифати ҳуқуқӣ табрику таҳният гуфта, саломатӣ, хонаободӣ, комёбиҳои беназир дар кору фаъолият, зиндагии шахсиву оилавӣ ва ҷамъиятиатон таманно дорам. Бигузор Конститусия ва Парчами Тоҷикистон дар фазои давлати ҳуқуқбунёдамон абадан танинандоз бошад.
Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ бо Конститутсия алоқамандии зич дорад. Чӣ тавре Шумо огаҳӣ доред, Пешвои миллат маҳз ба хотири таҷлили 30-солагии Рӯзи Конститусия ва барои тарғибу ташвиқӣ донишҳои ҳуқуқӣ дар Паёми аз 28 декабри соли 2023 соли 2024-ро ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Албатта,эълон намудани соли маърифати ҳуқуқӣ сабабҳои объективии худро дошта, тақозои замони муосир мебошад. Агар ба пешманзари эълон шудани соли маърифати ҳуқуқӣ назар андозем, дар қатори масоили мушкили ҷаҳонӣ якчанд ҳодисаҳои нангине аз қабили террору куштор дар кишварҳои гуногун сар зад, ки дар аксари онҳо тоҷиконро гунаҳкор карданд. То кадом дараҷа тоҷикон дар ин ҳодисаҳо даст доранд ва дар ҳақиқат онро мақсаднок иҷро кардаанд ва ё бо супориши мақомоти кишварҳои хориҷӣ, албатта мавзуи баҳсу тафтиш бояд бошад, вале назарсанҷиҳо исбот намудааст, ки «80% одамон иттилооти аввалинро қабул мекунанд ва ҳатто Шумо исбот намоед, ки ҳақиқат дигаргуна аст, дигар боварҳои худро тағйир намедиҳанд». Аз ин сабаб, ин ҳодисаҳо ба имиҷи давлати мо зарба зада, давлатҳое чун Туркия ва Дубай виза ҷорӣ намуда ва барои қабули шаҳрвандони мо талаботи бештар ва қатъӣ гузоштанд. Аз ҷониби дигар, рафтани ҷавонони ҳануз бекасбу кори мо ба хориҷи кишвар, махсусан ба давлатҳои ИДМ давом дорад. Ашхосе, ки дар мактаби таҳсилоти умумӣ дониши кофӣ нагирифтааст, чӣ гуна метавонад, худро дар кишвари дигар ҳимоя намояд. Ҳамин гуна масоили гуногуну мураккаби дигар ба миён омадааст, ки ташаккули донишҳои ҳуқуқиро аз ҳар яки мо талаб дорад.
Аз ҷониби дигар мазмуни мафҳуми мазкукр бояд ошкор карда шавад. Истилоҳи «Маърифати ҳуқуқӣ» бо Конститутсия кишвар алоқамандии бевосита дорад. Бояд қайд намоем, ки истилоҳи маърифат ва маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа ва муҳаққиқон бо маъноҳои гуногун дарк ва истифода мешавад. Маърифат кардан пеш аз ҳама - омузиш, шинос шудан, дарки воқеият, таълиму тарбия, омузиш аст. Аз ин нуктаи назар, маърифати ҳуқуқӣ ин шиносоӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва низоми муосири ҳуқуқӣ мебошад, ки асоси онро Конститусия ташкил медиҳад.
Вале барои ҳуқуқшинос ин мазмуни маҳдуди истилоҳ мебошад. Албатта, аз ҷанбаи илмӣ бояд таносуби байни таълими ҳуқуқ, тарбияи ҳуқуқӣ, дониши ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, маданият ва ё тамаддуни ҳуқуқӣ ва як қатор мафҳумҳои дигар аз қабили сатҳи психологияи ҳуқуқӣ ва идеологияи ҳуқуқиро аз ҳам бояд фарқ кард, чунки матн ва мазмуни ҳар яке аз категорияҳои назарияи ҳуқуқ аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд. Вале дар мазмуне, ки дар Паёми Президенти омадааст Маърифати ҳуқуқӣ маънои хеле фароху васеъ дорад ва беҳуда нест, ки аксарияти онҳое, ки имрӯз оид ба маърифати ҳуқуқӣ сухан мегуянд, ҳамин шарҳи васеъро истифода мебранд.
Махсусан барои омма истилоҳи мазкур маънои хеле васеъ дорад ва дар ҳамин маъно соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо ҳамчун омузишу дарки ҳуқуқ, шиносоӣ бо низоми ҳуқуқӣ, балки ҳосил кардани малакаву маҳорати истифодаи меъёру принсипҳои ҳуқуқ, риояи талаботи он, инчунин дар лаҳзаҳои зарурӣ истифода бурдану ҳимоя намудани ҳукук, озодӣ ва манфатҳои худ, давлат ва ҷомеаро дорад.
Имрӯз таҳти мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» мо кушиш дорем, то кулли муносибатҳои бо ҳуқуқ вобастаро дар бар гирифта, як шахсияти комилан аз ҳуқуқ огоҳ, малакаву маҳорати истифодаи онро дошта, нафаре ки меъёрҳои ҳуқуқиро на танҳо медонад, дарк мекунад, юалки истифода ва риоя мекунад мефаҳмем. Албатта, натиҷаи охирни маърифати ҳуқӯқӣ дар мазмуни илмиаш низ ҳамин натиҷа аст. Ин андешаи нав оид ба истилоҳи мазкур мебошад, ки бо ёрии он якчанд мақсади ҷомеаи муосир бароварда мешавад.
-Пеш аз ҳама, азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ, яъне рӯ овардан ба ҳуқуқ ва пайравӣ аз принсипи қонуният ва волоияти қонун;
-маҳорату малакаи истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ ва истифода бурда тавонистан аз механизмҳои амалисозии ҳуқуқ,
-Риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқӣ, яъне арзиши асли пайдо кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти шахс, дар лаҳзаҳои мувофиқ рӯ овардан ба ҳуқуқ ва фаъол будан дар истифодаи он, ки ба мақсадҳои ҷамъият ва давлат низ мутобиқу мувофиқ меояд.
Дигар масъала, масъалаи алоқамандии падидаи маърифати ҳуқуқӣ бо Конститутсияи амалкунанда дар он ифода меёбад, ки маърифати ҳуқуқӣ бо фарҳанги ҳуқуқӣ сарукор дошта, аз он вобаста мебошад. Аз ҷониби дигар фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба фарҳанги фардии шахсият таъсири муайян расонида боиси ташаккули маърифати ҳуқуқии шахс мегардад.
Дар ин махмун маърифати ҳуқуқӣ падидаи яксон ва яклухт набуда, он дараҷа ва сатҳҳои гуногунро дорад. Маърифати ҳуқуқӣ чӣ дар дараҷаи психологияи ҳуқуқӣ ва чӣ дар дараҷаи баландтарини он - идеологияи ҳуқуқӣ амал намуда, ҳар яке аз ин дараҷаҳо хусусияти хоси худро дорад. Масалан, маърифати ҳуқуқии аксарияти аҳолии кишвар дар сатҳи психологияи ҳуқуқӣ, яъне дар сатҳе қарор дорад, ки мардум аз эҳсосот, идеяҳои ҷудогона, намунаи лаҳзаҳои воқеии амали ҳуқуқ, донишҳои умумӣ оид ба падида ва меъёрҳои ҳаётии ҳаррузаи ҳуқуқӣ иборат мебошад ва ҳамин гуна дарки воқеияти ҳуқуқиро истифода мебарад.
Дар дараҷаи идеологияи ҳуқуқӣ – шуури касбӣ аллакай дараҷаи баланди маърифати ҳуқуқӣ ҳосил гардида, шахс дар ин самт таҷриба ҳосил намуда, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқро медонад, маҳорату малакаи истифодаи онҳоро дорад. Ҷомеа ва давлати тоҷикон кушиш дорад, то маърифати ҳуқуқии халқи Тоҷикистон ба ҳамин дараҷа наздик бошад.
Конститутсия дар таърихи тоҷикон нақши муҳим бозида қонуни асосии кишвар мебошад, ки кулли муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Қонунии асосии мо санади муҳимтарини ҳаёти моб уда, онро санади тақдирсоз меноманд. Чаро. Дар ҳақиқат на танҳо барои он кӣ имрӯз мо тибқи онро ҳаёти худро ба роҳ монда ниҳодҳову аслҳои онро амалӣ месозем. Балки барои он ки дар арафаи қабул шудани Конститутсия вазъияти кишвар бениҳоят хатарнок ва муташанниҷ боқӣ монда, дар кишвар ҳар як гуруҳ, ҳизб, ҳатто минтақа ва маҳалҳо идеали бунёди давлати хосро доштанд. Яке мехост давлати исломӣ созад, дигар мехост ба сохтори социал-комуннистӣ баргардад, сеюми давлати ҳуқуқбунёд созад. Баъзеҳо маслиҳат медоданд, ки Конститусия, не як санади интиқолӣ (гузариш) қабул кунем, то мардум ором гардида ва ғайра.
Қабули қарор оид ба раъйпурсии умумихалқӣ ва қабули Конститутсия лаҳзае буд, ки аксариятро ҷонибдори андешаву ниҳодҳои конститутсионӣ намуд. Бо қабули Конститутсия ҳама баҳсҳо хомуш гашта, афкори сиёсиву ҳукуқӣ ва баҳсҳои минбаъда ҳатто бо мухолифони оштинопазир ба доираи масоили ба миёнгузоштаи Конститусия ворид гардиданд. Ана аз ин сабаб, Конститусия барои мо санади тақдирсоз аст, ки миллати моро бо ҳам ҷамъ овард, омили ваҳдати андеша, таълимоти давлатдорӣ гардид ва моро аз хатари нестшавӣ нигоҳ дошт.
Масъалаи дигаре, ки бо маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, психология ва идеологияи ҳуқуқӣ вобаста аст, дар кутоҳтарин муддат дар кишвар паиҳам пешниҳод намудани консепсияҳои нави давлатдорӣ мебошад, ки барои махсусан омма ҳазм кардани онҳо хеле душвор буд.
Давоми ҳазорсолаҳо консепсияи давлати динӣ ва назарияи динии пайдоиши давлат ҳукмрон буд ва ҳамагон онро аллакай ҳазм намуда, дар доираи он садҳо насли тоҷик зиндагӣ ба сар бурда буд.
Мо давоми 120 соли охирро агар гирем чанд консепсияи давлатдорӣ барои мо пешниҳод гардид.
- Дар Аморати Бухоро ибтидои асри ХХ давлати монархӣ, яккаҳоким, дин - идеологияи расмии давлат, хоҷагидории феодалӣ.
- Ба ғайр аз Аморати Бухоро, минбаъд халки тоҷик дар доираи амали Конститусияҳои қабулшуда ҳаёт ба сар мебарад. Аҷибаш он аст, ки ҳар яки ин Конститутсияҳо Дебоча ва ё қисмати муқаддимавӣ доштанд. Дебоча ва ё қисмати муқаддимавии Конститусияҳои аз аввалин то охирин як хусусият доранд. Онҳо консепсияи нави давлатдориро пешниҳод мекунанд, ки маърифати ҳуқуқии на танҳо таҳиягарони матн, балки мақсадҳои ҷомеаро низ ифода мекарданд. Аз матни Конститутсия ва махсусан дебочаи он сатҳи маърифати ҳуқӯкии ҷомеа, илм ва таълимоти ҳуқукиро дарк кардан мумкин аст. Вале, барои омма ҳазм намудани коеспепсияи нав кушишу ғайрати зиёдеро талаб мекард. .
- Бо таъсиси давлати Шуравӣ бо шиори ҳамаи ҳокимият ба Шуроҳо, консепсияи давлати сотсиалистӣ. Таъсиси давлат бо идеологияи ягона, диктатураи пролетариат, ҳизби ҳукмрон, давлати иҷтимоӣ, ки тибқи Конститутсия истисмори одам аз тарафи одамро манъ мекард, замин барои ҳама тақсим карда шуда, минбаъд колхозу совхозҳо ба вуҷуд оварда шуд, ҳамагӣ барои мо андеша ва ниҳодҳои нав ба шумор мерафтанд.
- Дар дохили таърихи марҳилаи шуравии рушд ҳар як давра консепсияи навро пешниҳод мекард. Масалан, солҳои 1924-1929 консепспсияи ҷумҳурии мухтори пешниҳодшуда буд, ки истиқлолияти маҳдудеро соҳиб буд, ки соли 1931 нисбат васеъ гардида, онро танҳо ҳокимияти макразии Иттиҳоди Шуравӣ маҳдуд менамуд.
- Агар ба Дебочаи конститусияҳои солҳои 1978, бо тағироти соли 1991 ҳамон Конститусия ва Дебочаи Конститусияи соли 1994 назар андозем, мо консепсияҳои гуногуни давлатдориро мушоҳида менамоем, ки барои оммаи халқ онро дарк намояд, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим омад.
Дар Дебочаи Конститусияи соли 1978 консепсияи давлати мутараққии сотсиалистӣ бо нишонаҳои зерин: тақсими ҷаҳон ба лагери сотсиалистӣ ва капиталистӣ, сохтмон ва ҳифзи музаффариятҳои сотсиализм, ҳокимияти ҳизби ҳукмрон ва давлати ҳизбӣ, иттиҳоди коргару деҳқон, ғояҳои ғояҳои муҳимтарин буданд
Агар ба Дебочаи конститутсияи соли 1978[1] бо тағйирот аз соли 1991 назар андозем, дар он муқаррар гардида буд, ки «Бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он, бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ ба худмуайянкунӣ, бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқи одамони тамоми миллатҳои сокини ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон, халқи Тоҷикистон ҳамин Конститутсияро эълон мекунад».
Яъне соли 1991 дар назди ҷомеа масъулияти таърихӣ барои тақдири худро ба дасти худ гирифтани халқи тоҷик, сохтмони давлати миллии тоҷикон, худмуайянкунӣ ва истиқлол бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ ба худмуайянкунӣ, бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқи тамоми миллатҳои сокини ҷумҳурӣ, таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон мақсадҳои Конститутсия эътироф мегардид.
Дар Дебочаи Конститустия аз соли 1994 чунин андешаҳо инъикос ёфтааст: Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Тибқи Дебочаи конститутсия дар соли 1994 Тоҷикистон «ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, таъмини соҳибистиқлолӣ ва рушду камоли халқро вазифаи худ дониста, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медод.
Қайд кардан зарур аст, ки Конститутсияи соли 1994 андешаҳои беҳтарини конститутсияи пештараро давом дод.
Чӣ тавре дар адабиёти илмӣ қайд гардидааст, Конститутсияи соли 1994 сохтори нави давлатию ҷомеа, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим халқро сарчашмаи ҳокимият эътироф намуда, барои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс арзиши олиро эътироф намуд.
Назарияи ҷумҳурӣ, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин иҷтимоӣ дар шакли нав барои тоҷикон мақсад гузошта шуд. Сохтору таркиби механизми давлатӣ иваз гардида, мавқеи ҳизби ҳукмрон аз Конститутсия хориҷ ва гуногунии мафкуравӣ эътироф гардид. Дар Конститутсия ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо эътироф гардид.
Барои ба вуҷуд омадани донишҳои комилу бонизом, яъне донишҳои системанок бояд қайд намуд, ки халқи Тоҷикистон бояд донад, ки Конститутсия моли меросии миллати ориёӣ низ мебошад. Агар мо ба Конститутсия чун санади муҳимтарини меъёрӣ-ҳуқуқии эътибори олии ҳуқуқидошта назар кунем, дар ҳақиқат он дар Рими қадим аввалин маротиба ҳамчун санади ҳуқуқӣ эътироф шуда, дар ШМА ва Фаронса аввалин маротиба бо шакли муосираш қабул шудааст.
Вале агар моҳиятан нигоҳ кунед, Конститусия санадест, ки арзиш ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, муносибатҳои ҳокимиятиро танзим мекунад ва ҳокимияти давлатиро танзим ва чаҳорчубаи фаъолияти онро муқаррар менамояд. Дар ин мазмун тоҷикон аз қадим чунин санадҳоро доштанд. Аз як тараф, Авестою Қуръон чунин хислат доштанд, аз ҷониби дигар, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир кулли ин хислатҳоро дар худ дошт. Дар он аксари ҳуқуқҳо эътироф ва кафолат дода шуда буданд. Он на танҳо аввалин санад оид ба ҳуқуқи инсон аст, балки ҳуқуқ ва озодиҳо ҷузъи муҳимтарини конститутсияҳо ба шумор меравад. Конститутсияи мо аз моддаи 5, 14 то 47 (1/3) ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Пас, ин Эъломияро аввалин Конститутсияи тоҷик шуморидан мумкин аст.
Яъне, маърифати ҳуқуқӣ ҷанбаҳои гуногун дошта, дар ҷараёни ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, ки сад соли охир аз тариқи конститусияҳо танзим мешавад, бо масоили консепсияҳои амалкунанда ва мақсадҳои ҷомеа мутобиқ ва мувофиқ рушд мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ падидаи доимо дар ташакул буда, бо рушди ҷомеа мақсаду мазмуни он тағйир меёбад. Ҳар марҳила талаботи худ, консепсияи нави маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва арзишҳои маънавиро пайравӣ намуда, аз шахсият ва шаҳрванд тарғибу ташвиқ ва дарки онро талаб мекунад. Аз ин сабаб, новобаста аз мазмуну сохтор ва мақсад моҳияти маърифати ҳуқуқӣ тағйир намеёбад. Падида ва раванди «маърифати ҳуқуқӣ» барои тарбияву таълими шахсияти сиёсӣ, шаҳрванди фаъоли ҷомеа ба таври ҳамешагӣ зарурат дорад.
Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири
шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи АМИТ, д.и.ҳ., профессор
[1] Конститутсияи (Қонуни асосии)Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон. 14 апрели соли 1978 дар сессияи њаштуми ѓайринавбатии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати нуҳум қабул шудааст. // Маљмўаи конститутсияҳои Тоҷикистон (Муҳаррири масъул Гадоев Б.С. –Душанбе, 2015. (633 с.). –С.260 – 305.