casino malaysia
casino malaysia
Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

Масъалаҳои вобаста ба муайян намудани сиёсати иҷтимоии давлат назар ба асрҳои пеш дар замони муосир диққати аксарияти пажуҳишгарон ва сарварони давлатҳои хурду калонро бештар ҷалб намудааст. Дар моддаи 1 вобаста ба сиёсати иҷтимоии кишвар омадааст:” Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.[1] Дар марҳилаи муосири инкишофи иттиҳодияи ҷаҳонӣ фаҳмиши мубраме пешниҳод мешавад, ки қисми асосии дилхоҳ давлатро сиёсати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки дар идоракунии давлат мақоми махсусро ташкил медиҳад. Давлат дар марҳилаҳои инкишофи худ метавонад ба он ё дигар самти дигари сиёсати иҷтимои афзалиятнокиро раво бинад.
Мустаҳкамии системаи иҷтимоии тамоми ҷомеа ба сифати омили қобилияти рақобатпазирии сиёсати иҷтимоӣ, дар қонеъгардонии талаботи мушаххаси ҳаёти инсон баромад менамояд. Дар ин ҳолат мақомоти идоракунӣ нақши асосиро дар амалисозии сиёсати иҷтимоӣ мебозанд. Вазифаи асосӣ ва пойсутуни онро қонеъсозӣ, инчунн ба эътиборгирифтани талаботи иҷтимоӣ-иқтисодии ҳамаи ҷомеа, давлати мушаххас, марзи мушаххас, фарди мушаххас ташкил медиҳад.
Дар адабиётҳои илмӣ сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун мавзуи таҳқиқоти ҳамаҷониба пажуҳиши худро ёфтааст, аз ҷумла, табиати он, таркиб, шаклҳои гуногун ва механизмҳои ҳамкориҳои он ва ғ.
Сиёсати иҷтимоӣ дар қатори дигар навъҳои вазифаҳои сиёсат ба монанди сиёсати иқтисодӣ, дохилӣ, сиёсати байнидавлатӣ, синфҳо, миллатҳо, экология, иҷтимоӣ, илмӣ-техникӣ, маъмурӣ, идеологӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд.
Сиёсати иҷтимоӣ фаъолияти давлат ва дигар институтҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки бо инкишофи тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ, беҳтаршавии сифат, шароит ва шакли ҳаёти одамон, таъмини баъзе аз қисматҳои талаботи ҳаёти онҳо ёрию дастгирии зарурии шаҳрвандон, муҳофизати онҳо равона шудааст.
Фаъолияти давлат оид ба қонеъгардонии талаботи иҷтимоии одамон ҳамчун сиёсати иҷтимоӣ муайян мегардад. Натиҷаи ниҳоии сиёсати иҷтимоии давлат бо шарофати на танҳо фаъолияти институтҳои давлатӣ ва худи давлат, балки субъектҳои дигар, ки сиёсати иҷтимоии худро дар ин ё дигар сатҳе, ки дар мувофиқа бо давлат мебаранд, амалӣ мегардад. Бо вуҷуди ин, нақши калидии сиёсати иҷтимоӣ танҳо ба давлат нисбат дорад, чунки субъектҳои дигари хусусӣ дар чаҳорчӯбаи вазифаҳои муайян намудаи давлат амал мекунанд.
Мақсадҳои иҷтимоӣ дар давлати демократӣ аз манфиатҳои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маншаъ гирифта ташаккул меёбанд. Давлат дар ҷомеаи муосир субъекти ҷомеаи муосир мебошад ва таъмини қонеъгардонии талаботҳои моддӣ ва маънавии аъзоёни он, ба танзими раванди тафриқаи табақаҳои ҷомеа равона карда шудааст. Давлат сиёсати иҷтимоиро дар шакли фаъолияти мақсаднок аз рӯи ноилшавии мақсадҳои иҷтимоӣ танҳо бо ба вуҷуд омадани вазифаи иҷтимоӣ ҳангоми муайян шудани вазифаи иҷтимоӣ, яъне пайдоиши масъулият ва уҳдадориҳо дар назди давлат оид ба қонеъгардонии талаботҳои иҷтимоии шаҳрвандон амалӣ месозад. Асоси таркибии сиёсати иҷтимоии давлатро инкишофи сохтори вазифаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Дар ҳолати таҳаввулоти давлат аз шакли одӣ ба мураккаб, яъне бевосита гузариши сиёсати иҷтимоӣ ва элементҳои сиёсати иҷтимоии гузариши сиёсати иҷтимоӣ тағйирот ба вуҷуд меояд. Ба сифати элементҳои сиёсати иҷтимоӣ субъект, объект, муносибатҳои субъекту объект, мақсад ва механизмҳои он дониста мешавад.
Бо ёрии институтҳои иҷтимоӣ амаликунии вазифаҳои иҷтимоии давлат рух медиҳад, ки дар навбати худ дар сатҳи гуногуни ташкилиамалӣ мешаванд. Мақомотҳои давлатӣ ва муассисаҳо ба субъектҳои сиёсати иҷтимоии давлат тааллуқ доранд. Онҳо майдони ҳуқуқӣ ва иҷтимоии иттилоотиро ташкил намуда, бо ёрии онҳо хизматрасониҳои модӣ ва иҷтимоиро, ки шахсиятҳо эҳтиёҷ доранд, пешнҳод менамоянд. Нақши давлат дар чунин ҳолат аз таъмини натиҷаҳои комёбиҳои муносиби дахлдор аз ҳисоби имкониятҳои гуногуни механзмҳо иборат аст. Дар ин ҳолат давлат баъзе ташкилотҳои ғайридавлатиро истифода мебарад, аз ҷумла, иттифоқи касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фондҳо, ширкатҳои сиёсӣ, муассисаҳои гуманитарӣ, ассосиатсияҳоро барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ даъват менамояд. Сиёсати иҷтимоии давлат ин фаъолияти иҷтимоии давлатиест, ки кӯшиши мақсадҳои муайянро дорад ва дар навбати худ аз ҳолати мушаххаси таърихӣ, захираҳои мустаҳками молиявӣ, кӯшишҳои таблиғотӣ ба натиҷаҳои муайяни иҷтимоӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати дохилӣ дар қонунгузорӣ таҷассум ёфтааст, аз ҷумла, дар барномаҳои махсус, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва танзими муносибатҳо дар ҷомеа ба воситаи ҳамкориҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва манфиатҳои онҳо дида мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки давлат, ҷомеа ва инсон дар фазои ягонаи иҷтимоӣ фаъолият менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки дар сатҳи шаҳрвандӣ инсон бо табиат, одамони дигар, ҷомеа ва давлат таъсири мутақобила дорад. Қисми асосии манфиатҳои инсонро соҳаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ дарбар мегирад, ки соҳаи асосии онро маориф, тандурустӣ, маданият, бозори меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва ғ. ташкил медиҳад.
Чӣ тавре дар боло қайд кардем, сиёсати иҷтимоӣ, сиёсати яке аз рукнҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ буда, он бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба монанди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ зич алоқаманд мебошад. Агар дар ҷомеа ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баланд бошад, дараҷаи ҳаёти иҷтимоӣ низ пеш рафта, баланд мегардад. Бинобар ин, ҳар як давлат сиёсати иҷтимоиеро бояд пеш гирад, ки ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандонаш серу пур ва ором бошад. Инро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд мекунанд: «Давлат ва ҷомеа ҳамон вақт устувор ва пойдор мегардад, ки фаъолияти тамоми шохаву рукнҳои он ба мақсади беҳбудии зиндагӣ ва осӣдагиву оромии мардум сафабар шуда бошад. Аз ин рӯ, мо соҳаи иҷтимоиётро ҳамеша яке аз афзалиятҳои сиёсати дохилии давлат мешуморем ва дар ин самт мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешем».
Бояд қайд намоем, ки вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ баъди 33 соли  соҳибистиқлолӣ ҳоло рӯ ба беҳбудии зиёдеро овардааст, аммо иқтисодиёти мамлакат то дараҷае имконияти ба пуррагӣ ҳал кардани масъалаҳои вобаста ба қашшоқӣ, ҳифзи иҷтимоии мардуми камбизоатро фароҳам наовардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани ин падидаи номатлуб саъйу кӯшиш карда истодааст. Масалан, моҳи августи соли 2012 сафи нафақахӯрони ҷумҳурӣ 571 ҳазор нафар зиёдтар буд ва  Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ чораҳои заруриро андешид. Самараи  ҳамин кӯшишҳо буд, ки сатҳи камбизоатй аз 65 % и солҳои пешин ба 45% фароварда шуд. Барои бунёди давлати иҷтимоӣ, ки ин мақсад дар Сарқонуни кишвар муқаррар гаштааст, бояд ҳамаи сохторҳои давлатӣ кӯшиш намоянд. «Дар сиёсати иҷтимоии давлат, - зикр менамоянд Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - кафолати ҳадди ақали кумакҳои иҷтимоӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон мавқеи асосӣ дорад. Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи иҷтимоӣ пеш аз ҳама ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини иҷрои чорабиниҳо дар бораи беҳдошти саломатии мардум, аз ҷумла, занону кӯдакон, рушди маориф, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо на танҳо аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошанд, балки ҳукуматҳои маҳаллӣ низ вазифадоранд дар доираи салоҳият ва имкониятҳои худ барои амалӣ шудани ин сиёсат кӯшишҳои ҷиддӣ намоянд».
Сиёсати иҷтимоии давлат самти сиёсати давлатро муайян мекунад ва ҳамзамон омили асосии тақвияти режими сиёсии мавҷуда ба ҳисоб меравад. Дараҷаи дастгирии низоми мазкур аз ҷониби аҳолӣ ба самаранокии стратегияи сиёсати иҷтимоии он вобаста аст. Сиёсати иҷтимоӣ ин тарзи барқарорсозии муносибатҳои байниҳамдигарии гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад, ки онҳо баҳри дастрасшавӣ ба захираҳои ҷамъият ва ҳифзу устувор намудани мақоми иҷтимоиашон ҷаҳд меварзанд. Дар Тоҷикистони муосир тарҳи иҷтимоӣ - демократии сиёсати иҷтимоӣ амалӣ карда шуда истодааст. Вобаста ба марҳалаи рушди ҷомеа афзалиятҳои иҷтимоӣ низ дигаргун мешаванд. Дар кишвари мо ҳоло раванди азнавтақсимнамоии функсияҳо байни давлат ва ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ ҷараён дорад, яъне баробари давлат ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои мухталифи субъектҳои дигари сиёсати иҷтимоӣ гашта истодаанд.
Дар замони муосир тамоюли инсонгароёна ва демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ дар ташаккул аст. Ин ба он мусоидат менамояд, ки давлат барои инкишофи маълумотгирӣ, хизмати тиббӣ, баланд шудани дараҷаи зиндагӣ ва маданият маблағи зиёдтар ҷудо кунад. Сиёсати иҷтимоӣ ба оромии сиёсии ҷомеа мусоидат менамояд ва ба ин худи давлат ҳам манфиатдор аст. Чунончӣ, дар моддат 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:”Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад”
Чӣ тавре қайд кардем, сиёсати иҷтимоӣ, яке аз рукнҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ буда, он дар бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба монанди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ зич алоқаманд мебошад. Агар дар ҷомеа ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баланд бошад, дараҷаи ҳаёти иҷтимоӣ низ пеш рафта, баланд мегардад. Бинобар ин, ҳар як давлат сиёсати иҷтимоиеро бояд пеш гирад, ки ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандонаш серу пур ва ором бошад. Дар моддаи 38 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ  истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад” (моддаи 38 саҳ. 20).
Тағйироти асосҳои иқтисодии ҳаёти ҷамъиятӣ ба самту сурати амалисозии мақаду вазифаҳои сиёсати иҷтимоии давлат таъсири бағоят бузург мерасонанд. Сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат моҳиятан пайвасти якдигар буда, ҷараёни ҳама гуна сиёсати иҷтимоӣ ба стратегияи рушди ҳаёти иқтисодии кишвар ва дастрас ё дастнорас будани захираҳои он ба аҳолӣ бунёд меёбад.
Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӣаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд:
  • аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
  • аз 1-уми июли соли 2024 маош вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракуни давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
  • - инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шаванд;
  • Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.”. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳури”. Душанбе, 28 декабри соли 2023, саҳ. 49).
Рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини сатҳи сазовори зиндагии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии кишвар, таъмини раванди рушди устувори мамлакат тибқи Стратегияи миллии рушд, стратегияҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавию маҳаллӣ вобастагии мустақим дорад. «Аз ин рӯ, - қайд шудааст дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки барои амалӣ намудани Стратегияи миёнамуҳлати ҷорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд».
Амалӣ гардонидани стратегияҳои миллии рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бояд бо дарназардошти талаботи зайл таъмин карда шавад: Якум, мақсадҳо, афзалиятҳо ва самтҳои асосии ин санадҳо барои дигар барномаҳои мӯҳлатноки давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ, инчунин барои барномаҳои кӯмаки беруна ба кишвар заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Дуюм, стратегияҳои мазкур бо роҳи таъмини рушди босуръати иқтисодиёт, ки ба истифодаи самарабахши захираву имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин сармояи беруна асос ёфтааст, татбиқ карда мешаванд.
Сеюм, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи шарикони рушд дар асоси принсипи баробарҳуқуқии бахши давлатӣ ва хусусӣ сурат мегирад.
Чорум, бо мақсади ташаккули низоми рушди миллӣ салоҳият, вазифа ва нақши мақомоти марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ такмил дода мешавад, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрваидӣ ба ҷараёни муҳокимаи қарорҳои қабулшаванда ва татбиқи онҳо таъмин мегардад.
Сиёсати демографӣ ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат аст. Онро, асосан илми демография меомӯзад. Демография илмест, ки қонуниятҳои афзоиш, муҳоҷирати аҳолӣ, таносуби синну солӣ ва ҷинсиятро меомӯзад. Ин раванд бо сиёсат робитаи ногусастанӣ дорад. Проблемаҳои демографӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як давлати ҷаҳон қарор дорад. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Танзими оила - кафолати рушди устувори ҷомеа» зикр менамоянд, ки проблемаи демографӣ бо муаммоҳои глобалии ҷаҳон дар як қатор меистад. Масъалаи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ (14 фоиз) ва камшавии истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ (64 фоиз), маҳдудияти захираҳои табиию геополитикии кишвар боиси таваҷҷуҳи бештар мегардад.
Бояд қайд намоем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, 5,3 мллион нафар дар соли 1991 ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расидааст. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳури”. Душанбе, 28 декабри соли 2023, саҳ. 47).
Самаранокии амалисозии сиёсати демографии кишвар, пеш аз ҳама, ба сатҳи фарҳанги демографии аҳолӣ, махсусан, ҷавонон вобаста аст. Самти сиёсати демографии Тоҷикистони муосир ба он нигаронида шудааст, ки «тадриҷан паст кардани дараҷаи таваллудшавӣ ва баробари он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, дарозумрии мардум» таъмин карда шавад. Барои суботи вазъияти демографии ҷумҳурӣ чунин чораҳо заруранд: дарки фарҳанги демографӣ аз тарафи аҳолӣ;
  • маълумоти аҳолиро оиди вазъи демографии кишвар бештар кардан;
  • механизмҳои ғайримаҷбурии танзиму банақшагирии оиларо таҳия намудан;
  • таҳияи механизмҳои танзими муҳоҷирати аҳолӣ;
  • ғамхории пайваста оид ба баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ.
Барои ин роҳҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни омма бештар бо роҳ мондан зарур аст. Аммо дар давлати демократӣ ҳеҷ гоҳ бо роҳи қонун ё қарори ҳукумат зиёдшавии аҳолиро манъ кардан мумкин нест, чунки ин хилофи озодиву ҳуқуқи инсон мебошад.
 
Ҳакимов Р.М. н.и.с., дотсент Ходими
калони илмии Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСЊ АМИТ
 
[1] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Текст ] Душанбе, “Нашриёти Ганҷ”. С.4.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia