Ташаббусҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон
- Панҷшанбе, Окт 31 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба фаъолияти сиёсӣ, идоракунии давлат оғоз бахшидан, дар баробари коркарди модели сулҳофарӣ ва татбиқи он дар кишвар, қадами устуворро низ дар самти барқарор ва густариш додани робитаҳои созандаи тарафайн бо кишварҳои ҷомеаи башарӣ гузоштанд. Маҳз, ин иқдоми созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат ба он мусоидат кард, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи башарӣ гардида, бо беш аз 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намояд, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардад. Хусусан, муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои тарафайни ҳасана бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфтанд.
Бо талошу кўшишҳои оқилона ва созандаи Президенти кишвар таҳкиму густариш ёфтани ҳамкориҳои бисёрҷониба бо шарикони стратегии кишвар - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ғайра далолат аз шарики боэътимод будани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак дод.
Дар асоси татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, табодули таҷриба ва тарбияи мутахасассион дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико аз мавқеи устувор доштани кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва тақвият бахшидани муколамаи фарҳангҳо дар ҳал ва баррасии масъалаҳои глобалӣ аз ҳадафҳои муассири Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.
Муносибатҳои шарикӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ бешак дурнамои рушди Тоҷикистонро вусъат бахшида истодаанд.
Ба туфайли оқилона ба роҳ мондани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои миллат тавонистанд, ки дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии амният, бавижа, обу экология ва тағйирёбии иқлим саҳми беназир гузорад, ки ин боз ба тақвият ёфтани муколамаи фарҳангҳо заминаи босубот ва устуворро хоҳад гузошт. Махсусан, модули сулҳ ва фарҳанги сулҳофарии тоҷикон, ки бевосита ба Пешвои миллат иртибот дорад, дар ҷомеаи муосири инсонӣ ба як мактаби омўзониданӣ табдил ёфт. Дар робита бо ин пешниҳоди Пешвои миллат ба СММ доир ба мавзуи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аз ташаббуси ҳафтумини хусусияти глобалидошта маҳсуб меёбад, ки ҳадафи он таъмини амнияту субот дар кишварҳои ҷомеаи инсонӣ мебошад, ки мазмуни онро ғояи баҳамоӣ, ҳамдилӣ, дасти мадад расонидан ба якдигар, рафъи ихтилофу низоъ ташкил медиҳад.
Бояд иқрор шуд, ки маҳз аз соли 2000-ум Тоҷикистон қадам барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат гузошта, дар ҳама самтҳо ба дастоварду муваффақиятҳо нойил гардид. Бар замми ин бо пешниҳоди масоили характери умумибашарӣ дошта, аз ҷумла, обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби намояндагони бештари давлатҳои аъзои СММ пазироӣ ёфтанд, худро яке аз кишварҳои пешгом ва фаъол нишон дод. Аз ҷумла, пешниҳодкунандаи чунин ташаббусҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ гашт:
- соли 2000-ум пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба СММ оид ба эълон намудани соли 2003 - Соли байналмилалии «Оби тоза». Маҷмааи умумии СММ моҳи декабри соли 2000-ум қатъномаи онро қабул намуда буд.
- даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон намудани солҳои 2005-2015. Қатъномаи онро Маҷмааи умумии СММ 23-юми декабри соли 2003 қабул намуд.
- дар асоси қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 20-уми декабри соли 2010 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013» қабул карда шуд.
- даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028». Қатъномаи онро Маҷмааи умумии СММ 21-уми декабри соли 2016 қабул карда буд.
- оид ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намудан. Қатъномаи онро Маҷмааи умумии СММ 14-уми декабри соли 2022 қабул карда буд.
- 2-юми майли соли 2024 Маҷмааи умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди эълон намудани Рўзи байналмилалии морхўр якдилона қабул кард. Морхўр – бўзи пармашох, ҳайвони нодир буда, дар баландкўўҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Ўзбекистон зиндагӣ карда, ба рўйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат дохил мешавад. Ҳифзи кардани он барои зебогии экосистема, гуногунии биологӣ, рушди сайёҳӣ ва ғайра муҳим мебошад.
Дар баробари ин ташаббусҳои пурарзиши сатҳи умаумибашарӣ дошта, бо талошҳои бевоситаи Президени кишвар барои эҳё, ҳифзи ёдгориҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштаи миллат аз ҷониби ЮНЕСКО чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда шуданд, ки аз муаррифии фарҳанги воло ва нобиғаҳои миллати тоҷик дар байни ҷомеаҳои башарӣ бозгў мекунанд. Бавижа:
- соли 1995 - таҷлили 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ;
- соли 1996 – 675 солагии адиби маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ;
- соли 1999 – таҷлили ҷашни 1100-солагии таъсиси нахустин давлати тоҷикон – Сомониён;
- соли 200 –ум 960 солагии Умари Хайём;
- соли 2003 – 1000 – солагии Носири Хусрави Қабодиёнӣ;
- соли 2006 – Соли тамаддуни ориёӣ;
- соли 2008 – таҷлилии 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ;
- соли 2015 – 3000-солагии шаҳри Ҳисор;
- соли 2020 – 5500 – солагии Саразми бостон.
Ҳамзамон, 21-уми март иди байналмилалӣ эълон гардидани ҷашни миллии тоҷикон Наврўз.
Ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият дохил шудани дастовардҳои миллии тоҷикон: Шашмақом (соли 2008), ҷашни Наврўз (соли 2010), хўроки миллии «Оши палов» (2016), ҳунари гулдўзии «Чакан» (2018), мусиқии «Фалак» (2021), ҷашни «Сада» (2023).
Сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ кафили хушбахтии аҳолӣ дар ҳамаи давлатҳои ҷомеаи муосир мебошад. Бинобар ин, пешниҳоди нави ҷониби Тоҷикистон дар ин арсаи бархурд ва ҷангҳои даҳшатноки байни кишварҳо оид ба қабули «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» саривақтӣ ва вусъатдиҳандаи раванди муколамаи фарҳангҳо дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Зеро Президенти кишвар барои давлатҳои муосир нишон доданд, ки ба ҷуз аз сулҳ, дасти ҳамдигарро фишурдани сарони кишварҳои ҷангзада, роҳи дигаре барои ҳаллу фасл ва рафъи мушкилот вуҷуд надорад.
Аз ин рў, ҳадафи аввалиндараҷаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бояд он бошад, ки ҷангҳоро пешгирӣ кунанд, барои ҳалли низоъу ихтилофот роҳҳои мусолиматомезро ҷўё шаванд, мардуми сайёраро ба ҳам наздик кунанд, дўстии байни халқҳоро вусъат бахшанд. Зеро раванди пуртаззоди геосиёсӣ, шиддат гирифтани ҷангҳою низоъҳои мусаллаҳона нишон медиҳанд, ки ҳадафи давлатҳои ихтилофангез ба даст овардани манфиат, баланд бардоштани ҷойгоҳи худ ҳамчун кишвари муқтадир дар арсаи байналмилалӣ аст.
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи
фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- АҲМАДЗОДА ДИЛНОЗА ДАВРОНАЛӢ
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- От независимости к процветанию: роль Конституции Таджикистана в построении государства
- Конституция – основа гражданского права. (Размышления о речи Президента Республики Таджикистан на торжественном заседании в честь 30-летия принятия Конституции Республики Таджикистан)
- Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон