casino malaysia
casino malaysia
КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ҲУҚУҚӢ-СИЁСИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

wrapper

 
25-уми октябри соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Конференсияи байналмилалии «Конститутсия санади ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории миллӣ» бо роҳбарии директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. ва иштироки олимони шинохтаи тоҷик, муҳаққиқони илми ҳуқуқшиноси муассисаҳои илмию таълимӣ ва мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ва ҳориҷӣ баргузор гардид. Конфронсро профессор Маҳмадизода Н.Д. кушода, сухани табрикотиро ба ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Саломиён М. дод. Саломиён М. табрикоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба саҳми ҳозирин расонида, аз ҷумла қайд намуд, Соли равон, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юмин солгарди ин санади тақдирсози миллат ҷашн гирифта мешавад ва соли 2024 ба ин муносибат ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд, таваҷҷуҳ ба ин масъала мубрамияти хоса касб кард.
Пешвои муаззами миллат, воқеан нақши таърихии Конститутсияро дар ташаккул ва рушди далватдории нави миллии Тоҷикистон дуруст арзёбӣ намуда дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 таъкид карданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи навин соли 1994-ум, чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шоҳроҳи кишвардорию, сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён мисли ташкили як ҷомеаи сиёсии адолатпаравару давлати намунавии инсондӯст ва сулҳхоҳ муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон дар мувозонаи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихӣ ва ҳамоиши мавзуни онҳо бо арзишҳои башарӣ дар партави Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати созишӣ ва мусолиҳавӣ сурат гирифт.
Конститутсия дар ҳамон даврон на танҳо заминаи бунёдии ҳуқуқии роҳи ягона ва асосии халосии давлат ва миллат аз кашмакашию нооромиҳо гашт, балки ба ҳайси як ҳуҷҷати тақдирсози миллӣ ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ин ҳуҷҷати таърихӣ дар ояндаи дуру наздик шоҳроҳи муътадили давлатдории моро ба чашми мардуми олам дар худ таҷассум намуд. Дар ҳамон шароит рӯ овардани Роҳбари давлат ба қабули Конститутсияи халқӣ, алорағми конститутсияҳои классикӣ, ки баъд аз инқилобҳои буржуазӣ қабул шуда буданд, ҳикмати бузургӣ созандагӣ ва таърихофариро дошт. Маҳз механизмҳои конститутсионӣ ҳукумати навро барқарор, ҳокимиятро расмӣ ва заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро имконпазир гардонд.
Таҷрибаи истиқлолият собит сохт, ки ҳар як аз равандҳои давлатсозӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои ҷамъиятию дақиқро дар сатҳи донишгоҳҳою сохторҳои илмии кишвар хостор аст. Насли нави донишманд, хирадманд, технологӣ, мафкурасози давлатмеҳвар барои рушди давлати миллӣ ногузир шудааст. Дар баробари ин барои насли нав зарур аст, ки ба чанд масъалаҳои меҳварии рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳи хос дода, вазифаҳои аввилиндараҷаи давлатдориро бо рисолати таърихӣ бояд дарк ва ҳазм намоянд.
Насли нави давлатсозро, ки дар раванди қабули қарорҳои таърихӣ қарор дорад зарур аст, ки дар самти ғояи давлатсозӣ ва рушди равандҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир барои худ муайян намояд, ки кадом масъалаҳои муҳимми тақдирсозро, бояд сараввал ба инобат гирад? Албатта, фаҳм ва расидан ба ҳалли ин масалаҳои матраҳшуда кори ватандори содиқу донишманд аст. Насли оянда бояд дар баробари ватандӯст будан донишманду эҷодкор ва мутахассиси варзида бошад, ки мушкилу масъалаҳои ҳалталаби миллатро ҳал карда тавонанд. Дар ин ҳама созандагию эҷодкориҳо рушд ва васлияти таърихии давлатдориро бо таҷрибаи бой ва ғании Пешвои муаззами миллат, сулҳу ваҳдат, оромию амният ҳамчун намои ҳидоятсоз ҳифз ва такмил бахшидан ногузир мегардад. Ин ва дигар саволҳою хостаҳои ормонии муҳимми ҳар шаҳрванди озоди кишвар аз ҳар яки мо ҳуқуқшиносону давлатшиносон ҷавобҳои саҳеҳ, ҳақиқӣ ва мутобиқ ба манфиатҳои миллиро интизор аст.
Дар ин маҷро муайян намудани мафҳуми давлатдории тоҷикон ҳамчун падидаи хоси сиёсии дорои ҷараёни вижаи пайдоиш, рушд, дарк, фаҳм ва омӯзиши табиати давлати миллии мо ҳамчун феномени сиёсӣ ва ҳуқуқи конститутсионӣ, дурнамои рушди ҷомеаи адолатноки мо ва эҳтимолияти тавсеаёбии шаклҳо, намоҳои он дар доираи муқаррароти Конститутсия, омодагии ҳуқуқии давлат ба таҳдиду хатарҳои замону макон, шинохт ва эҳтироми Конститусия ҳамчун шоҳроҳ, ганҷинаи хайри ҷамъият, манбаи орзую ормони миллат ва рӯҳи қонунгузории кишвар, аз масъалаю вазифаҳоеанд, ки дар муҳимтарин нуктаҳои давлатсозӣ маҳаки ба сони ҳувият ва худшиносии сиёсӣ ва ҳуқуқии насли нав нақши бориз ва арзанда дошта метавонанд.
Бо дарки ин масъулиятҳои шаҳрвандӣ, бо эҳсоси фараҳмандӣ аз шаҳрвандии ин кишвари тозаистиқлол, бо шарофатмандӣ аз пайраву дастпарвари мактаби сиёсии Пешвои миллат будан, бо эҳсоси решаи ғании фарҳанги миллӣ ва таҷрибаи бойи давлатдории ниёгон, бо дарки вазифаю масъулиятдорӣ назди бузургони гузашта ва эҳсоси ҷавобгарӣ дар назди наслҳои оянда, зарур шуморидем, ки ба яке аз ин шоҳсутунҳои пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллиамон – Конститутсия андешаҳои худро дар ҳамбастагӣ бо назари бузургони илми ҳуқуқ дар партави давлатсозии миллиамон баён намуда бошем. Бошад, ки ин гуфтаҳо то ҳадде барои мафкураи миллии мо ва васлияти он бо амалияи ҳуқуқӣ мутобиқ ба талаботи арзишҳои конститутсионӣ хидмат намояд.
Ин нуктаи айнияти миллӣ ва ҳамоҳангии он бо айнияти конститутсионии давлат ҳифзи ҳуқуқии арзишҳои бунёдии давлати миллӣ дар партави конститутсияи халқист. Айнияти конститутсионӣ қолаби миллии ҳуқуқии ҳастӣ ва рушди фарҳангии миллати сиёсии мост, ки давлат ва соҳибихтиёрии моро аз ҳуҷумҳои бемаънии ҷаҳонишавӣ, алвонҷи бемавқеи инқилобҳои ранга ва таҳдидҳои густариши ҳуқуқу озодиҳои ғайриахлоқии фарҳанги бегона дифоъ менамояд.
Хулоса ин аст, ки миёни ҳама дастовардҳои истиқлолият Конститутсия мавқеи хосаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва васлгарии арзишҳои бунёдии давлатро дорад. Дар охир ман ба корӣ конференсия муваффақиятҳо таманно менамоям ва боварӣ комил дорам, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосири Тоҷикистон доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ноиби Президент аз номи худ низ ба аҳли нишаст 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, ба кори конфронс муваффақият таманно намуд. Дар кори Конференсия олимони шинохтаи тоҷик, муҳаққиқони илми ҳуқуқ академик, д.и.ҳ, профессор Маҳмудзода М.А., узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З., профессор Имомов А.И., Судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуломзода И.Ш., муовини директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Камолзода Б.Р. ва дигарон баромад намуда, вобаста ба нақши Конститутсия чун санади ҳуқуқӣ-сиёсӣ дар рушди давлатдории миллӣ сухан карда, қайд намуданд, ки дар давраи муосир дар аксари давлатҳои ҷаҳон конститутсия ҳамчун арзиши муҳим, яке аз рамзҳои давлатдорӣ, олоти расмӣ ва қонуни гардонидани сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ дониста шуда, ба афкор ва ахлоқу кирдори инсон таъсири калон дорад. Амали Конститутсия ҳамчун маркази низоми ҳуқуқӣ на фақат ба қонунгузорӣ ва умуман санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, балки ба ҳамаи дигар сатҳи ҳуқуқӣ паҳн мегардад. Конститутсия ба тарзи меъёрӣ ба ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ-қонунгузорӣ, ҳукуматӣ, идоравӣ, санади мақомоти маҳалии давлатӣ ва худидора таъсир дорад. Он мақсад ва усулҳои ҳуқуқ-эъҷодкунӣ ва рушди робитаҳои низомбунёдкуниро муайян намуда, имкон медиҳад, ки самти мазмунии конститутсия равшан карда шавад. Конститутсия қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ мебошад, ба он ҳамаи нишонаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ хос аст, ҳамаи дастовардҳои низоми ҳуқуқӣ ба он таъсир доранд. Ба сифати маркази низоми ҳуқуқӣ, сармашқи таркибии он, низоми устуворкунӣ ва ба тартиб даровардани низом буда, ба рушди он мусоидат менамояд.
Дар конференсия таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтааст ва имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ки тоҷикон миллате мебошанд, таърихи тулонии давлатдорӣ доранд ва дастгоҳи давлатиро ташаккулу рушд дода, дар сурати зарурӣ бо роҳи ислоҳот ва таҳаввулот барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар кардани идоракунии ҷомеа ва вазъи иқтисодию сиёсии мардум истифода бурдаанд. Роҳи ягона ва асосии баромад ва инкишофи ояндаи давлатдории мо маҳз дар ҳамин арзиши марказӣ, ки моддаи 5-и Конститутсияи кишвар онро ҳадаф ва арзиши олӣ ҳисоб кардааст, нуҳуфтааст.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia