casino malaysia
casino malaysia
Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар  замони соҳибистиқлоли тоҷик

wrapper

Тоҷикон миллати куҳанбунёди ориёи ҳастанд, ки таърихи тулонии давлатдорию рушди падидаҳои ҳуқуқиро соҳибанд ва он мояи ифтихори мост. Дар таърихи рушди худ, миллати тоҷик сарчашмаҳои ҳуқуқие қабул ва эътироф намудааст, ки ба ҷараёни зиндагонии онҳо мувофиқу мутобиқ буда ва аз ин сабаб, садсолаҳо ва аз он ҳам бештар ҳаёти худро тибқи онҳо ба роҳ монда, тавонистааст, ки ҳаёти озодонаю пурмасъулияти  ҷомеаи худро боз ҳам рангинтару ботароват ва пур аз меҳру  ҳурмат  ва ободонию шукуфоӣ гардонад.[1]  
Таҷлили ҷашни Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ватани мо дар арафаи 30-юмин солгарди он қарор дорад, барои ҳар як шаҳрванди кишвар дастоварди таърихи ва ҷашни муқаддас  маҳсуб меёбад. Истиқболи ин ҷашни сиёсӣ бори дигар собит менамояд, ки шаҳрвандони мамлакат бо пешрафти  давлату давлатдорӣ, ба ояндаи худ ва фарзандон бе тафовут набуда, сиёсати созандаву бунёдкорона, таъмин ва таҳкими суботи сиёсиву иҷтимоиро дар заминаи боэътимоди рушди давлатдории миллӣ мепазирад. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи  иҷтимоиро ҳадафи ниҳоии хеш қарор дода, бо дар назардошти зарурати қабули санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз дар моддаи аввали он хусусиятҳои сохтори давлатиро мустаҳкам намуданд. Ҳамчун давлати иҷтимои ба ҳар шахс шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро кафолат додааст. Шахсе, ки сарнавишти миллат, санади бахту саодати миллӣ ва шиносномаи таърихи миллати тоҷиконро аз оташи таърих берун кашида, ба дасти миллат супорид. Шахсе, ки ба ҷонбозиҳои худ миллатро соҳиби шиносномаи давлатӣ, соҳиби аркони  давлатдорӣ ва соҳиби давлати соҳибистиқлол гардонид. Ин шахсияти бузургу абармарди миллати тоҷик шоҳсутуни давлати соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.[2]
Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем. Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсия барои инкишофи босуръати давлатҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Аз ҷумла, Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 таърихи тулонӣ дошта, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули онҳо гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бо мутобиқгардонӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат то ҳол амал мекунанд, ки аз муҳимият ва боэътимод буданашон шаҳодат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳилаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.
Хушбахтона, ватани азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсия устувор ва ҳокимияти конститутсинонии пойдор дорад. Конститутсия барои давлати соҳибистиқлоли мо ин воқеаи бениҳоят муҳим ба шумор рафта, самтҳои рушди ҳуқуқӣ ва аз он ҷумла дар самти мустаҳкам намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро муайян намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳиллаи нави тарақиёт ва пешрафта қарор дорад, ва ба назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъияти пеш аз ҳама ба танзими ҳуқуқи, фарҳанги ҳуқуқи, маърифати ҳуқуқи ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки  тарбияи ҳуқуқи ва маърифати ҳуқуқи яке аз самтҳои  муҳиму пешрафтаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, асоси ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.  
Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад (моддаи 1 Конститутсия ҶТ). Зеро қонун ва ҳуқуқ  дар давлатӣ ҳуқуқбунёд, ҷавҳари ҳамагуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда волоиятӣ қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд.[3]  Ҳуқуқ падидаи мураккаби ҳаёти ҷомеа буда, паҳлуҳои гуногун шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳасти дорад.
Албатта ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиатҳои ҳамаи одамон хизмат намуда, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаи иҷтимоиро таъмин менамояд.
Дар ҷаҳони муосир барои дилхоҳ давлат ва ҷамъият масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон басо омили муҳим ба шумор рафта, худи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба сифати вазифаи калидии давлат шинохта мешавад. Дар баробари ин таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба сифати яке аз принсипҳои идораи давлатӣ шинохта шуда, ки ин барои  баҳодиҳии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт низ муҳим мебошад.
Ҳар як шаҳрванди мамлакат  бояд риояи бечунучарои қонун,  маърифати ҳақуқи, ва фарҳанги ҳуқуқиро хуб дарк намояд. Дар моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст,ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳарвандро давлат  эътироф риоя ва ҳифз меанояд». [4]
Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи қонунҳоро дуруст дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Яъне , озодӣ, ин масъулият мебошад. 
Чуноне, ки дар қисми 3 моддаи 14-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.- Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқи озодиҳои дигорон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.  
Мувофиқи таҳлили коршиносон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз комилтарин ва пешрафтаи Конститутсияҳои ҷаҳон буда, дар шумораи панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил мебошад. Он тамоми меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва тамоми ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро форо мегирад. Барои ба даст овардани чунин Конститутсияи комилу устувор ва барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихори худ, миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаеро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт.[5]
Соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон аст, ки ҳар ҷашну рузҳои ид ҳамчун рўйдоди бузурги таърихӣ ба эҳсоси баланди ватандўстиву ватандори аз ҷониби мардуми шарафманду меҳнатдўсти Тоҷикистон ба хушнуди пазируфта мешавад. Рузи Конститутсия  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҷашнҳои таърихие мебошад, ки ба мардуми азияткашида ва ифтихорманди тоҷик сулҳу ваҳдат, хушбахтӣ, ризоияти миллиро оварда ба пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ асоси воқеӣ гузошта истодааст.Бо ифтихор бояд қайд намуд, ки 30 сол инҷониб халқи тоҷик Рузи қабули Конститутсия – бахтномаи миллати худро дар фазои сулҳу осоиштагӣ сарбаландона ҷашн мегиранд.
 
 
Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод.
 ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи
 давлат ва ҳуқуқи Иниститути фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.Баҳоваддинови Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон.
 Email:This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
 
 
[1] Э.Б.Буризода Таљрибаи давлатдории тољикон ва наќши он дар ташаккули давлатдории миллї, Конститутсия ва конститутсионализм дар Тољикистон. Конститутсияи Љумњурии тољикистон ва рушди соњањои њуќуќ дар давраи истиќлолият  Душанбе 2020.Сањ 52 
[2] Ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва њуќуќ Давлатмуродзода Б.Д .
[3] Моддаи1-уми  Конститутсия Љумњурии Тољикистон соли 1994
[4] Моддаи 5-ум  Конститутсия Љумњурии Тољикистон соли 1994.
[5] Муртазозода Љ.С. Ѓояњои Эмомалї Рањмондпо раванди тањия ва татбтиќи Конститутсияи ЉТ.  Конститутсияи Љумњурии тољикистон ва рушди соњањои њуќуќ дар давраи истиќлолият  Душанбе 2020.Сањ 70   

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia