casino malaysia
casino malaysia
Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ

wrapper

Маълум аст, ки ҳар як давлат ба воситаи механизмҳои идоракунии давлатӣ идора карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол идоракуниашро ба воситаи механизмҳои идоракунии давлатӣ ба амал мебарорад. Дар илмҳои сиёсӣ зери мафҳуми механизмҳои идаракунии давлатӣ, дар назар дошта мешавад, Конститутсия, Ҳокимияти Қонунгузор, Ҳокимияти иҷроия, Ҳокимияти Судӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, Милиция, ва ғайра.
Дар байни механизмҳои идоракунии давлатӣ, Конститутсия дар ҷои аввал меистад, ва дилхоҳ шуморабандии онҳо бояд аз он оғоз гардад. Зеро Конститутсия моҳиятан қоидаҳои тартиботи сиёсиро дар ҷомеа мауйян намуда, тартиби кори системаи сиёсии ҷомеа ва баҳамтаъсиррасонии элементҳои онро муқарар менамояд.
 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз  механизмҳои асосии идоракунии давлатӣ, аввалин маротиба 6 – ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Миллати тоҷик имрузҳо дар остонаи 30 - умин солгарди қабули қонуни асосии кишвар қарор дорад.
Бо назардошти рушди ҷомеа ва ташаккули низоми сиёсии мамлакат борҳо зарурати такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки дар зарфи 29 сол, се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба қонуни асоси кишвар таъғиру иловаҳо ворид гардид.
  Мувофиқи таъғиру иловаҳои дар соли 1999 ба Конститутсия ворид шуда, дар системаи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, парламенти як палатагӣ ба парламенти касбии дупалатагӣ иваз гардид. Но вобаста ба он, ки дар ҳамон замон буданд, сиёсатшиносоне, ки ба зарурияти парлумони дупалатагӣ дар Тоҷикистон шубҳа доштанд, ва онро монеае дар кори системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ медонистанд, вале довари асосӣ – вақт, нишон дод, ки парлумони дупалатагӣ на монеа, балки дар такмили кори системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ саҳми назаррасе гузоштаистодааст.
Таъғироти соли 2003 ум ба Конститутсия ворид гардида, муҳлати ваколати Презедентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 5 ба 7 – ва судҳоро аз 5 ба 10 сол дароз намуд. Агар мо равандҳои иҷтимоию-сиёсӣ ва воқияти ҷамъиятии ҳамон замонро пеши назар орем, зарурати ин таъғиротҳоро дарк хоҳем кард. Дар он замон вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ва сиёсии мамлакат талаби ҳокимияти пурқувват ва ҳукумати тавоноеро менамуд. Илова бар ин барои тамини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳури таҳкими ҳокимияти судӣ зарур буд.
Бо такя ба гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки таъғиру иловаҳое, ки солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия ворид карда шудаанд, заминае барои такмили систамаи сиёсии мамлакат гардиданд. Таъғиротҳо асосан ба такмили се шохаи ҳокимияти давлатӣ - Қонунгузор, Иҷроия ва Суддӣ равона гардида буданд. Дар ин замина баҳри рушди шакли нави муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
 Мувофиқи тағйироти соли 2016 ба Конститутсия воридгардида, минбаъд дар қаламравӣ мамлакат фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмон додани ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва диннӣ доштаро манъ гардонид. Муқаррар карда шуд, ки тадавлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва  шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи дастгиррии молиявӣ кардани ҳизбҳои сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд. Талабот ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таъини дар кишвар аз ҷумла мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олӣ, ва судяҳо то 5 сол поин карда шуд. Ҳамзамон талабот барои савганд ёдкардани аъзоёни ҳукумат ва вакилони маҷлиси Олӣ ҷори гардида доуталабоне, ки мақоми душаҳрванди доранд ба ин мансабҳо роҳ дода намешаванд. Илова бар ин дар системаи сиёсии мамлакат элементи нав - ниҳоди Пешвои миллат ҳамроҳ карда шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди Пешвои миллат, ҳамчун як ниҳоди иҷтимои-сиёсӣ бо мақсади тақвият ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, якпорчагию тамомияти арзӣ, сулҳу суббот ва пойдории давлат, таҳкими низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таъсис дода шудааст.
 Дар ҷорӣ намудани тартиботи нави сиёсии дар мамлакат таъсири равандҳои номатлуби сиёсии солҳои охир дар дохил ва хориҷӣ кишвар рафтаистода бараъло ба назар мерасад. Мо дар таҷрибаи давлатдории хеш, дидем, ки ҳизби сиёсии хусусияти дини дошта ва дастгирии молиявии чунин ҳизб аз хориҷи кишвар ба тартиботи сиёсии ҷомеа халал ворид карда, қоидаҳои бозиҳои сиёсиро, ки Конститутсия ва қонунҳои конститутсиони муайян менамоянд, вайрон менамуд. Он тағйиротҳое, ки вобаста ба синну соли мансабҳои интихобӣ ва таинӣ ворид гардидаанд, имкон медиҳанд, то ҷавонони мамлакат битавонанд ба ин ё он мансаби давлатии интихобӣ талош варзанд.
 Дар мавриди элементи нави системаи сиёсӣ – ниҳоди Пешвои миллат, метавон гуфт, ки равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавии рафта истода, ки аксарияти онҳо пешгуинашаванда ҳастанд, зарурати пайдошудани чунин ниҳодро тақозо менамуд. Зеро ин ниҳод имконият медиҳад, ки зимни тасмигириҳо дар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тасмимҳои дуруст ва оқилона гирифта шавад, то, ки дар ҷаҳонни пуртаззод соҳибистиқлолӣ, якпорчагӣ, сулҳу суббот ва асосҳои сохтори конститутсионӣ дар мамлакат нигоҳ ва тақвият дода шуда, рушди бо суботи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ таъмин ва шароити зиндагии арзанда ва инкишови озодона барои ҳар як инсон фароҳам оварда шавад.
Дар маҷмуъ ҳамаи се тағйироти ба Конститутсия воридгардидаро ба назаргирифта, метавон гуфт, ки онҳо барои ташаккули системаи сиёсии ҷомеа, такмили низоми давлатдорӣ равонагардида буданд. Илова бар ин тартиботи нав, фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ инчунин созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои дар асоси ақидаҳои миллӣ ва динӣ дар қаламравӣ мамлакатро манъ намуда, дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсиро аз ҷониби давлат ва шахсини ҳуқуқию шаҳрвандони хориҷӣ манъ намуд. Ин тағйирот ҳаргиз маънои маҳдудкунии озодиҳои динӣ ва эътиқодиро надошта, балки бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ ворид карда шуданд. Аҳамияти онро бошад воқеияти имрӯза собит намуда истодааст.
Хулоса таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи муҳимме гардиданд барои такмили системаи сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ. Дар ташаккул ва такмили системаи сиёсии ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ чунин омилҳо нақши асоси бозидаанд:
- иваз шудани парлумони як палатагӣ бо парлумони дупалатагӣ, таҳкими ҳокимияти иҷроия ва низоми судӣ;
- ҷорӣ намудани қоидаҳои тартиботи нави сиёсӣ - манъи фаъолияти ҳизбҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмондиҳии ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва диннӣ дошта дар қаламравӣ ҶТ;
- манъи дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҶТ;
- поин кардани талабот оид ба синну соли мансабҳои давлатии интихобӣ ва таини;
- ҷори намудани талабот оиди савганд ёдкардани аъзои Ҳукумат ва вакилони Маҷлиси Олӣ,
- роҳ надодан ба мансабҳои давлатӣ шахсони дорои душаҳрвандӣ;
- ташкили ниҳоди Пешвои миллат.
Бо такя ба гуфтаҳои болло метавон гуфт, ки дар заминаи таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, системаи сиёсии ҷомеаи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ва такмил ёфта давлатдории милли низ рушд кардааст. Охириҳо имрӯз ҷавобгу ба воқеъияти ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик мебошанд. Умедворам онҳо минбаъд низ дар таъмини тартибот ва суботи сиёсии ҷомеаи тоҷик ва баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ саҳми босазоеро мегузоранд.
 
 
Муродов Субҳонҷон Абдуқодирович
Номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи
сиёсатшиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia