casino malaysia
casino malaysia
Конститутсия - кафили суботи миллат

wrapper

Конститутсия – санади тақдирсози миллат, кафили суботи миллат, шоҳсутуни давлати соҳибиихтиёр, шиносномаи ҳастии давлат ва бахтномаи миллат аст. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, танзимгари муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Конститутсия сарчашмаи асосии дигар қонунҳо ба ҳисоб рафта, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад.
Конститутсия санади бунёдиву созандаи ҳукуқӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти давлату кишвар ва ҷомеаи мутамаддину мамолики мутараққӣ ба ҳисоб меравад.
Тамоми санадҳои дигари давлат дар асос ва доираи раводиди он таҳия ва қабул карда мешаванд. Зеро санади меъёрию ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мувофиқ нест ё ба он хилофат мекунад, қувва ва ё эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Ин санади муқаддас ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон мебошад, зеро халқ дар муҳокимаи он фаъолона ширкат варзида, таклифу дархостҳои муфид пешниҳод намуданд. Барои исботи гуфтаҳо рӯ меорем ба марҳилаҳои қабули Конститутсияи кишвар.
Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз муқаддима 10 боб ва 100 модда буд интишор намудани он ба воситаи рӯзномаҳои даврӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия намуд ва дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳоду таклифҳои мардум ворид гардида ба инобат гирифта шуд. Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ, балки як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Россия ва ҳоказо баҳои сазовор гирифт.
Дар нимаи аввали моҳи июли соли 1994 комиссияи конститутсионӣ варианти ислоҳшудаи лоиҳаро барои муҳокима ва баррасӣ ба Шӯрои Олӣ пешниҳод намуд. 21-22 июли 1994 Конститутсия дар Иҷлосияи 19-уми Шӯрои Олӣ муҳокима гардид ва ба райъпурсӣ тавсия карда шуд. Ин санади сарнавиштсозу ҳаётан муҳим бори аввал дар ҳаёти мардуми тоҷик 6 ноябри соли 1994 бо тариқи демократӣ, яъне бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардум якдилона қабул гардид.
Эътиборан аз ҳамин рӯз ба тариқи анъана ҳар сол ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Се даҳсола аст, ки Конститутсияи мо дар ҷумҳурӣ ҳамчун пойдевори давлати соҳибистиқлол ва маҳаки пешрбарандаи тараққиёт дар сохторҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ арзи вуҷуд дорад. Боиси тазаккур аст, ки моҳият ва муҳтавои ин санади тақдирсоз дар боби аввали он сабт шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид ва мувофиқи моддаи 6-и он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.
Яке аз нуқтаҳои асосии Конститутсия – ин эътирофи гуногунандешии (плюрализми) сиёсӣ ва бо ин роҳ таъмини иштироки васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа дар идора намудани корҳои давлатӣ мебошад, ки дар моддаи 8-и Конститутсия дарҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки дар замони Шӯравӣ қувва ва ядрои пешбарандаи ҷомеа ин ҳизби коммунистӣ мансуб меёфт. Ин ҳизб ҳамчун ҳизби ягона амал мекард, арзи вуҷуд намудани ҳизбҳои дигарро Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ манъ менамуд. Ҳоло дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ ва теъдоди зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва дар пешрафти ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Қобил ба ёдоварист, ки моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳим мебозад. Пеш аз ҳама, бо мақсади дар ҳаёти кишвар таъмин намудани раванди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар моддаи мазкур ривоҷи соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ дарҷ карда шуд. Дар асоси талаботи ин модда қонуну қарорҳои дахлдор дар ин самт қабул гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи ҳаёти кишвар нақши муҳим касб намудаанд. Ҳамчунин рақобати озоди иқтисоди бозоргониро низ меъёри зикршуда таъмин менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Дар Конститутсия мавқеи забони давлатӣ мақоми хосаро ташкил медиҳад, ки моддаи 2-и он пурра ба ин масъала бахшида шудааст. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Махсусан, тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003, ки тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардиданд, онро такмил дода, пурратар сохт. Хосса, моддаи 5-и он ҷиддан тағйир ёфт ва мувофиқи ин тағйирот Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд. Муҳтавои ин модда аз он иборат аст, ки ҳеҷ гуна неъмат, манфиати шахси мансабдор ё мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд баланд буда наметавонад. Дар воқеъ, меъёрҳои мутаззакира ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд. Дар солҳое, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони сахти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санади асосӣ бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар дар баробари дигар омилҳо нақши ҳалкунанда бозид.
Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ тариқи райъпурсии умумихалқӣ, дар он ҷой додани принсипу арзишҳои демократию умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият, гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир боиси эътироф гардидани Тоҷикистон аз тарафи мамолики мутараққию ҷомеаи мутамаддин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва барқарор намудани равобити сиёсию иқтисодӣ бо онҳо нақши муҳим бозид.
Инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксар кишварҳои мутараққӣ ва демократии дунё баҳои баланд гирифта, дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарин ва демократитарини давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо эътироф шудааст.
Бояд қайд намуд, ки бо эҳтирому эътиқод ба иқдоми мутазаккира ҷомеаи мутамаддин барои аз вазъияти носозгори ба амал омада берун кашидани Тоҷикистон ҷиддан саъй карданд. Сабаби ба зудӣ аз байн бурдани бӯҳрони сиёсӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар дар баробари азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қабули Конститутсия ва дастгирии давлатҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалӣ боис гардид.
Ҳамчунин меъёрҳои он ба дили мардуми андӯҳгин як шӯълаи умеду боварӣ ба фардои рушди устувори кишвар афрӯхт. Зеро, мардуми аз ҷангу ҷидол хасташуда, дигар ба риояи қонунҳо ва ҳатто ба Конститутсия боварӣ надоштанд.
Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тибқи боби 10 (моддаҳои 98,99,100) танҳо бо роҳи гирифтани раъйи халқи Тоҷикистон сурат мегирад ва ягон аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳи одамон бо роҳи зурӣ ва ё фишор наметавонанд ба он тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва ё аҳдофи бадхоҳонаи худро амалӣ созанд.
Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми тоҷик санади тақдирсоз  ва кафили суботи миллат мебошад. Ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад ва аминем, ки он барои пояндагии Тоҷикистону тоҷикистониён асрҳо хидмат мекунад.
 
 
 
Абилзода Гуландом Сардор-номзади
илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи
фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia