casino malaysia
casino malaysia
Мӯсо Диноршоев - донишманди соҳибзавқу навовар

wrapper

 Инсонҳо ба он хотир чашм ба олами ҳастӣ мекушоянд, ки дар зиндагӣ муваффақ бошанд, аз будани худ дарак диҳанд ё худ ҷойгоҳи хоссе дар ҷомеа пайдо кунанд. Аммо муваффақиятҳо, буданҳо ва ба даст овардани мақому манзалат бе иллате ба даст наояд. Аз инсонҳо тақозо медорад, ки худро ҷӯё, бозавқ, зирак, ҳӯшманд, мушоҳидакор, таҳқиқгар ва шомил ба дигар фазилатҳо тарбият намояд, то аз аъмолу атвораш мардум нафъе ба даст оранд, ахлоқ ва таҷрибаи рӯзгораш намунаи ибрат, маншаи асосии худогоҳӣ, дарки масъулият ва маҳсули эҷодаш ташаккулдиҳандаи тафаккур, неруи рушддиҳандаи ҷомеа ба ҳисоб равад.
Мӯсо Диноршоев аз зумраи он инсонҳои наҷиб, донишманди пухтакору мондагор ва сермаҳсулу соҳибмақом буданд, ки мудом табъи болида, ҳиммати баланди инсоншинохтӣ, лаҳни фасеҳ ва зебоӣ гуфтор, нигоҳи неки нотакрор доштанд. Ҳамчун роҳбар бошад, кордон, тавоно, таҳаммулпеша, соҳибэҳтиром, сахтгир, вале мушфиқу ғамхор буданд. Умрро зоеъи корҳои ностуданӣ накарда, ҳар як лаҳзаи онро ҳадафмандона ба омӯзиш, мутолиаи асарҳои бадеию илмӣ, сарчашмаҳои таърихӣ, таҳқиқу тарҷумаи осори классикон гузаронида, дар ин замина дониши худро фарох, ҷаҳонбиниро возеҳ, дидгоҳҳро фарох, андешаро мантиқӣ, муносибат ва баёни суханро илмӣ гардонидаанд.
Бинобар ин, ғизои маънавии бо заҳмату талошҳои ҳамешагӣ ба даст оварда, таҷрибаи ғании андӯхта фазоро барояшон ҷиҳати вуруд ба илм васеъ карда, асос гардид, ки аз саргаҳи рушд ва таҳавввули мактаби фалсафии муосири тоҷик дар пешрафти соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ, бавижа фалсафа, тарбияи кадрҳои илмҳои фалсафӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, таҳқиқи осори фалсафии гузаштагон ва муаррифӣ намудани осор ва саҳми мутафаккирони тоҷик дар ҳалли масоили рӯзмарраи ҷомеаи инсонӣ ва илми башарӣ хизмати шоён ва омӯзандае намоянд.
Ба маълумоти воқеъбинонаи донишманди соҳибфазилати тоҷик  М.Султонзода Мӯсо Диноршоев  дар  таърихи фалсафаи  тоҷик мақоми  хоссу  намоёнро  ишғол  намуда, аввалан,  дар  ин  ҷода таҳқиқгарии он  кас  нотакрор  ва  шоёни  таҳсин  аст. Дуюм, доираи  таҳқиқ,  мундариҷаи  ғоявии баррасӣ,  умқи  назар,  маҳорату  малакаи  манбаъшиносӣ,  диди
махсуси  фалсафӣ, сабку услуб ва равияи устод нотакрор ва ибратбахш аст. Шиносоӣ бо вусъати  масоили  мавҷудоти  пажӯҳишҳои  вай  касро  ба  ҳайрат  мегузорад. Олимоне ҳастанд,  ки  тамоми  фаъолияти  илмиашонро  танҳо  дар  доираи  таҳқики  ягон  мавзуъ, давра ё осори мутафаккире маҳдуд менамоянд.  Вале таърихи фалсафаи  тоҷику  форс  аз аҳди  қадим  то  давраи  навин  бо  масоилу  ҷиҳатҳои  муҳимаш  мавриди  баррасии донишманди муҳтарам қарор гирифтааст.[1]
Ҳақиқатан, академик М.Диноршоев пайваста ба омӯзиш ва таҳқиқ машғул буда, осори таълифкардаашон чӣ тавре аз мазмун ва мундариҷаашон бармеоянд гуногунҷанба буда, ҳамвора ба ин, ҳар кадом дорои арзиши баланди илмӣ мебошанд. Дар китобҳо ва асарҳои таҳқиқотии мавсуф масъалаҳои онтологӣ, гносеологӣ, мантиқ, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ ва ғайра, ки бештар ба таърихи фалсафа иртиботи зич доранд, баррасӣ ва таҳқиқ карда шудаанд. Хусусан, таҳқиқи афкори фалсафии халқи тоҷик то давраи исломӣ, таҳлил ва муқоисаи афкори фалсафии Абӯбакри Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад  Ғаззолӣ, Носири Хусрав, Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Насириддини Тусӣ, Ибни Халдун, Садриддини Шерозӣ, таҳқиқи масоили назариявию методологии андешаҳои маорифпарварӣ ва ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ ва ғайра аз масоили меҳварии таълифоти донишманди дақиқназар ба ҳисоб мераванд.
Таҳқиқоти арзишманде, ки аз ҷониби муаллиф оид ба ин мавзуъҳо таҳия ва ба нашр расонида шуданд, аз инҳо иборат мебошанд: «Фалсафаи Насриддини Тусӣ». -Д., 1968; «Омӯзиш ва таҳқиқи фалсафа дар мамолики Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Ором (ҳаммуаллиф)». - Д., 1978; «Луғати русӣ-тоҷикии терминологияи фалсафа». - Д., 1966; «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ». - Д., 1975; «Ибни Сино ва чаҳонбинии фалсафии ӯ». - Д., 1980; «Очеркҳои таърихи фалсафа (ҳаммуаллиф)». - Д., 1983; «Фалсафаи табииёти Ибни Сино». - Д., 1985; «Аз таърихи фалсафаи тоҷик». - Д., 1988; «Фалсафа (китоби дарсӣ аз ду ҷилд, ҳаммуаллиф)». - Д., 1997-1998; «Фалсафа дар аҳди Сомониён (ҳаммуаллиф)». - Д., 1999; «Носири Хусрав ва «Зод ал-мусофирин»-и ӯ».- Д., 2005; «Афрӯзандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат». - Д., 2005; «Абу Хамид Мухаммад ал-Газзали и его «Опровержение философов» //Абу Хамид Мухаммад ал-Газзали. Опровержение философов. – Д., 2008;  “Компендиум философии Ибн Сины” . – Д., 2010; «Плюралистическая философия Абу Бакра ар-Рази». – Д., 2013 ва ғайра.
Дар баробари таълифи асарҳои арзишманди илмӣ, инчунин саҳми академик М.Диноршоев дар тарҷумаи осори мутафаккирони гузаштаи тоҷику форс ба забонҳои гуногун ва дастраси хонандаи ҷомеаи муосир гардонидани онҳо хеле бузург мебошад. Дар ин самт донишманди дақиқназар намунаҳои зерини осори классикон: «Рисолаи саргузашт” (Д., 1978), «Ишорот ва танбеҳот” (Д., 1979); «Мухтасари фалсафаи Ибни Сино”- ро (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)» (Д., 2010); «Тибби руҳонӣ”-и Абӯбакри Розӣ (Д., 1991); «Зод-ул-мусофирин”- Носири Хусрав (Д., 2005); «Таҳофут-ул-фалосафа»- и М.Ғаззолӣ (Д., 2007), инчунин китобҳои дарсӣ ва илмии «Асосҳои фалсафаи марксистӣ». (Д., 1976) ва «Ошноӣ ба улуми исломӣ» (Д., 2000) ва ғайраро тарҷума кардааст, ки имрӯз на танҳо барои муҳаққиқ ва ё хонандаи тоҷик, балки барои муҳаққиқони хориҷӣ низ ҷиҳати огаҳӣ пайдо кардан аз осори нобиғагони гузаштаамон.
Ба сифати раиси Шурои диссертатсионӣ, ки тӯли солҳои истиқлолият дар маҷлисҳои он бештар аз 80 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд, кӯмаки устоди зиндаёд беғаразона буд. Холисона, пеш аз он ки диссертатсияи унвонҷӯро ба ҳимоя иҷозат диҳанд, ҳатман қисмати муқаддимавии автореферати тадқиқот: то чӣ сатҳ актуалӣ будани мавзуъ, дараҷаи таҳқиқи он, ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқот, объект ва предмет, навоварии диссертатсия, асосҳои назариявӣ-методологӣ ва аҳамияти назариявӣ-амалии онро аз назар мегузарониданд. То дар рафти баргузории ҳимоя аз ҷониби муқарризон ба ин қисмати муҳимми кори унвонҷӯ ва ба кори Шуро эродҳои ҷиддӣ гирифта нашаванд. Ин амал ҳиммати олии устод, беғаразӣ ва масъулиятнок буданашонро ба сифати раиси Шуро бозгӯ мекард.
Устоди зиндаёд бо иродаи қавӣ ва садоқати ватандорӣ на танҳо вазифаи роҳбарии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, роҳбарии Шурои дифоъро аз силсилаи илмҳои фалсафӣ ба дӯш доштанд. Дар баробари иҷрои ин вазифаҳои пурмасъулият ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ вақти пурқиммати худро низ дареғ намедоштанд. Далели ин гуфтаро таҳти роҳбарӣ ва мушовирии бевоситаашон бомуваффақият ҳимоя кардани зиёда аз 40 нафар унвонҷӯён баҳри сазовор гаштан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва 24 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии доктор илмҳои фалсафа тасдиқ мекунанд. Бар замми ин шогирдон ва дастпарварони мактабии илмии шахсияти маъруф на танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ, балки кишварҳои ҳамҷавор ва ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ ба ҳисоб мерафтанд. Аз ин рӯ, устод Мӯсо Диноршоев на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Белоруссия ва кишварҳои Афғонистону Эрон доманаи мактаби илмии худро васеъ карданд, ки то ин ҷониб ва минбаъд низ дар саҳифаи таърих ба рӯшанӣ ёд карда мешавад.
Дар баробари ин, устод М.Диноршоев солҳои зиёд узви ҳайати таҳририяи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» ва узви Шурои илмии Институти байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (МИСАИ) буданд. Зимни иҷрои ин вазифаҳо низ дар ташкили робитаҳои илмии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҷаҳон саҳми зиёд гузоштанд. Дар конференсия, симпозиум ва семинарҳои илмии ватанӣ ва байналмилалии зиёде ширкат варзида, тавассути гузориш ва маърузаҳои илмии пурмуҳтавои худ нақши илми тоҷик, мактаби фалсафии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Барои хизматҳои шоёну мондагорашон дар пешрафти соҳаҳои илму маорифи Тоҷикистон қадр карда шудан бо дипломи Иттифоқи шуравӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (1997), ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон (1988), «Ордени шараф» (1997) ва “Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ” (2011) далолат аз он мекунанд, ки устод Мӯсо Диноршоев чеҳраи намоёни илмҳои ҷомеашиносӣ, фарзанди содиқу соҳибтаҷриба ва фарзонаи миллат буданд ва номашон абадӣ аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Машғул шудан ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ, таҳқиқ ва таҳлилу муқоиса кардани афкори ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мутафаккирони гузаштаи тоҷик шуғли дӯстдоштаи устод маҳсуб меёфт. Бинобар ин, пайваста талош мекарданд, ки дастхату сарчашмаҳо, китобҳои тозанашрро пайдо карда, ҳам мутолиа кунанд ва ҳам барои дастрас намудан ба шогирдон ва муштариёни китоб нусхаи онҳоро дар рафи китобхонаи худ маҳфуз нигоҳ дорнад. Аз ин рӯ, устоди гиромӣ на фақат худ соҳиби мутолиа, балки соҳиби китоб ва китобхона низ буданд.
Омӯзиш ва таҳлилу муқоисаи таълифоти арзишмандашон бозгӯи он аст, ки Мӯсо Диноршоев муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ ва луғатномаҳо буданд. Алайҳи идеяҳои намояндагони равияи аврупоимарказӣ, ки арзишҳои фалсафии Шарқ, хусусан халқи тоҷикро рад карда, даъвои онро мекарданд, ки онҳо тамоили фалсафӣ ва озодфикрӣ надоранд, онҳоро напазируфта, бо далелҳои илмӣ дар тадқиқоти худ “Аз таърихи фалсафи тоҷик” исбот намуданд, ки ҳақиқатан Шарқ гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Афкори намояндагони гуногуни мактабҳои фалсафиаш ҳам тамоилӣ моддигароӣ ва ҳам идеалистона доштанд.
Дигар пажӯҳишҳои арзишманд ва мондагори Мӯсо Диноршоев омӯзиш ва таҳқиқи осори Абӯбакрӣ Розӣ, намояндагони мактаби машшоияи шарқӣ, ба вижа Абӯалӣ ибни Сино ва Насириддини Тусӣ мебошанд. Махсусан, дар таҳқиқ ва муаррифии осор ва хизматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар рушд ва таҳаввули илмҳои ҷомеашиносию инсонгароӣ, табиатшиносию илмҳои дақиқ устод Мӯсо Диноршоев хизмати арзанда карда, якчанд китобҳои бунёдӣ таълиф намуданд.
Китоби “Мухтасари фалсафаи Ибни Сино” (Душанбе, 2010) аз зумраи дастовардҳои назарраси илмии муҳаққиқ дар ин самт мебошад, ки дар панҷ фасл, панҷ мавзуи меҳварии таълимоти Ибни Сино, панҷ дидгоҳи ӯ: зиндагӣ ва осори Ибни Сино, сарчашмаҳои фикрӣ ва низоми фалсафии Ибни Сино, мантиқи Ибни Сино, фалсафаи Ибни Сино (фалсафаи ҳастии мутафаккир, фалсафаи маърифати донишманд, фалсафаи ҳастии ҷамъиятии Ибни Сино) ва илоҳиёти Ибни Сино доир ба масоили ваҳдати вуҷуд ва имконулвуҷуд, назарияи файз, дар бораи нубувват, назарияи илми илоҳӣ ва назарияи маъод таҳлилу таҳқиқ шудаанд. Далелҳо, таҳлилҳо беасос набуда, дар асоси сарчашмаҳои муътамад, осори таълифкардаи мутафаккир баррасӣ шуда, пешкаши хонанда гардонида шудаанд.
Ба маълумоти Мӯсо Диноршоев мутафаккири шинохтаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино «мутафаккири мутабаҳҳири сатҳи ҷаҳонӣ буда, низоми мавзуни фалсафиеро эҷод кардааст, ки ҳама асл ва фаръҳои улуми замонаш - мантиқ, табииёт, риёзиёт, фалсафаи уло (илми куллӣ) ва илоҳиётро шомил аст. Ӯ тавассути чунин низоми фалсафии фарогир дар рушду камоли афкори фалсафии Шарrу Ғарби асрҳои миёна, даврони Эҳё ва замони нав таъсири нозудуданӣ гузошт. Рӯҳи Ибни Сино бар афкори фалсафии мамолики исломӣ то ба ҳол мавҷ мезанад». Бузургии ин нобиғаи давр, ҳакими ҳикматшинос инчунин дар он ошкор мегардад, ки «Ҳам ҷонибдорон ва ҳам ҳарифони ӯ ҳангоми тадвини назариёти худ аз осори вай ғизои маънавӣ мегирифтанд ва оби ҳаёт нӯш мекарданд. Шогирдон ва пайравони мутафаккир Абӯубайди Ҷузҷонӣ, Ибни Зайла (Зайло), Баҳманёри Озарбойҷонӣ, Умари Хайём, Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Насируддини Тӯсӣ, Бобоафзали Кошонӣ, Қутбуддини Шерозӣ ва дигарон хатти ақоиди ӯро дар асрҳои 11-14 ҷонибдорӣ карда ва идома дода, ба рушди тафаккури илмӣ-фалсафӣ ва маҳдуд кардани шуури хурофотӣ мусоидат намуданд».
Баръакси гуфтаҳои қаблӣ бо хулосаи дақиқи акдемики зиндаёд Мӯсо Диноршоев «Ҳарифони Ибни Сино дар шахси мутакаллимон Муҳаммади Ғаззолӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ, Фахруддини Розӣ, Қутбуддин ибни Ҳасани Ровандӣ, Алоуддини Тусӣ, Муслиҳуддини Хоҷазода ва дигарон бар зидди назариёти илмию фалсафии Ибни Сино хуруҷ карда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки онҳоро бекурб ва беэътибор намоянд. Бо ин амали худ онҳо ба ҳадди зиёд садди роҳи пешрафти илму фалсафа дар кишварҳои исломӣ гардиданд» ва ғайра.
Таҳқиқ ва таҳлили осору афкори фалсафии Носири Хусрав аз зумраи он таҳқиқотҳое мебошад, ки аввалин маротиба аз ҷониби Мӯсо Диноршоев анҷом дода шудааст. Китоби «Зод- ул-мусофирин»-и Носири Хусрав аз шоҳкориҳои М.Диноршоев мебошад, ки соли 2005 ба забони русӣ тарҷума гардид. М. Диноршоев ба тарҷумаи русии ин китоб сарсухане, таҳти унвони «Насири Хусрав и его Зад-ал-мусафирин” дар ҳаҷми панҷоҳ саҳифа навиштаанд. Дар сарсухани китоб нахуст замони зиндагонии Носири Хусравро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зимни пешгуфтори мукаммалу пурмуҳтавояш роҷеъ ба мубрамият ва зарурати омӯзишу баррасӣ ва таҳқиқи мавзуи баррасишаванда: сатҳ ва дараҷаи омӯзиши мавзуъ, мақсаду вазифаҳои таҳқиқоти анҷомшудааш дақиқан мулоҳиза ронда аст. Ӯ нахустин саҳм ва рисолати таърихию фарҳангии Носири Хусравро дар куҳантарин сарчашмаҳо ва китобҳои  муътабару нодири таърихӣ-фарҳангӣ ва далелу бурҳонҳои қавии илмӣ-мантиқӣ ба таври амиқу ҳамаҷониба ошкор сохтааст.
Бавижа, зимни таҳлили афкори фалсафии Носири Хусрав муҳаққиқ  қайд мекунад, ки масъалаи маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ дар китоби "Зод-ул-мусофирин" аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад, ки мутафаккир дидгоҳи худро оид ба ин мавзуъ муфассал баён намудааст. Аз омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи мавзуъ муаллиф ба он назар меояд, ки моҳияти назарияи маърифати ҳиссии Носири Хусрав ҳамоҳанг ба корбурди машшоиёни юнонӣ ва шарқӣ, инчунин, ба навафлотуниён қаробати наздик дорад.  Носири Хусрав дар  назарияи маърифати ҳиссӣ нафси инсониро барои шинохт ва маърифати чизҳои маҳсус ба панҷ қисм: 1) биноӣ, 2) шунавоӣ, 3) буёӣ, 4) басовоӣ ва 5) зикр ҷудо намудааст.
Мӯсо Диноршоев дар анҷоми сарсухани китоб бошад, қайд менамояд, ки ақидаҳои Носири Хусрав доир ба  маърифатпазирии олам, тавассути шаклҳои маърифати ҳиссӣ, бахусус идрок, ки он сарчашмаи инъикоси олами ботинию зоҳирӣ дониста мешавад ва он тавассути эҳсос ва қабл аз тасаввур дар раванди маърифати ақлӣ ҳамчун абзори асосии маърифати ақлонӣ хизмат мекунад, робитаи мутақобилаи дигар шаклҳои маърифати оламро ва ашёро таъмин месозад. 
Инчунин, омӯзиши мафҳум ва истилоҳоти фалсафӣ дар забони тоҷикӣ аз  солҳои 20-уми қарни XX, оғоз ёфта, то имрӯз аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи илмҳои фалсафӣ идома дорад. Аз миёни онҳо “Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти фалсафӣ”-и Мусо Диноршоев ва Зарина Мусоевна яке аз шоҳкориҳои наҷиб наҷиб дар самти истилоҳотсозии фалсафӣ дар замони истиқлол ва як асари муҳимми илмӣ метавон ҳисобид. 
Рӯзноманигори тоҷик Султони Ҳамд[2] оид ба муайян кардани нақши М.Диноршоев дар рушд ва таҳаввули мактаби фалсафии муосири тоҷик ҳангоми дар ҳаёт будани устоди зиндаёд як мусоҳибаи ҷолиби илмӣ ва объективонаро ташкил менамояд. То аз забони худи устод фаҳмад, ки эшон дар асарҳои таҳқиқотии худ чӣ навигариҳо дар илми фалсафа ворид карданд ва онҳо барои рушди имрӯзи илми фалсафа чӣ нақш бозида метавонанд. Дар мусоҳибаи мазкур баҳс, асосан доираи баррасии ҳафт масъалаи муҳим меравад. Аз ин рӯ, барои ба хонанда такроран дастрас гардонидани матлаби донишманди нотакрор мазмуни суханҳои ироакардаашонро ба таври зайл манзур медорем:
1) Яке аз навигариҳои асосие, ки дар асарҳои худам баён кардам, аз ин иборат аст, ки собит кардам, ки дар таърихи фалсафаи тоҷик равияи материалистӣ ҳам вуҷуд дорад. Ақидаи шарқшиносон ва файласуфони ғарбӣ аз он иборат буд, ки дар мамлакатҳои шарқи мусалмонӣ, хусусан дар фалсафаи ба ном араб, ақидаҳои фалсафӣ ва хусусан, ақидаҳои материалистӣ вуҷуд надорад. Масалан, Гегел, Бертран Рассель ва як иддаъ шарқшиносон ақида доштанд, ки фалсафаи мамлакатҳои мусулмонӣ ҳамон фалсафаи динии онҳост. Ман дар заминаи баррасии назариёти зурвонияи моддигаро, даҳрия ва табоия барин мактабҳои фалсафӣ, ки пеш аз ислом вуҷуд доштанд ва дар давраи ислом ҳам то як муддате идома карданд, ба исбот расондам, ки дар таърихи фалсафаи мо тамоюли материалистӣ вуҷуд доштааст. Ба ғайр аз моддиёт дигар чизро эътироф намекарданд. Моддиётро абадиву азалӣ ва ҳамешагӣ ҳисоб мекарданд. Ақидаи аз ҳеҷ офарида шудани оламро қабул надоштанд. Илова бар ин мо дар таҳқиқоти худ нишон додем, ки дар таълимоти дигар мактабҳои фалсафӣ, ба мисли мактаби фалсафии асҳоби ҳаюло, ки намояндагони машҳураш Ибни Ровандӣ ва Абӯбакри Розӣ буданд, ҳамин унсурҳои материалистӣ ҷой доштанд. Дар фалсафаи машшоъ ҳам ҳамин гуна унсурҳо вуҷуд доранд, ки бо далелҳои мушаххас дар китобҳои «Философия Насриддина Тӯсӣ», «Натурфилософия Ибн Сины», «Аз таърихи фалсафаи тоҷик», «Компендиум философии Ибн Сины», «Матолиби фалсафии Ибни Сино» баён шудаанд.
2) Дигар навигарие, ки мо дар таҳқиқотҳои худ баён кардем, аз он иборат аст, ки дар заминаи таҳлили ҳамаҷонибаи осори Ибни Сино бар хилофи файласуфон ва шарқшиносони ғарбӣ исбот кардаем, ки Ибни Сино як олими мубтакир ва мухтариъ буд, на муқаллиди соддаи Афлотун, Арасту ва Форобӣ.
Дар асарҳое, ки дар ҳамин мавзуъ навиштаам, собит кардам, ки фалсафаи Ибни Сино бегумон дар пояи мероси файласуфҳои пешин ба вуҷуд омадааст, лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ муқаллиди соф ва сирфи Арасту ё Афлотун бошад. Дар заминаи далелҳои бисёр исбот кардаам, ки Ибни Сино назарияи мусул ва тазаккури Афлотунро, ки ҷавҳари фалсафаи вай мебошад, қабул надошт. Илова бар ин бо далелҳо собит кардам, ки мусулгароии риёзии Фисоғурис (Пифагор) ва Афлотунро ҷиддан рад мекард. Бинобар ин, мо гуфта наметавонем, ки вай муқаллиди сирфи Афлотун буд. Дар мавриди муносибати Ибни Сино бо Арасту исбот кардам, ки Шайхурраис пеш аз ҳама такя ба фалсафа ва мантиқи Арасту дошт, вале дар айни замон навигариҳои зиёде ҳам дар мантиқ, ҳам дар табииёт, ҳам дар риёзиёт ва ҳам дар илоҳиёт ворид кардааст. Мантиқи Арасту, асосан ва аслан илм дар бораи қиёс аст. Дар назари Ибни Сино мантиқ на фақат илм дар бораи қиёс, балки инчунин илм дар бораи лафз, қазия ва бурҳон низ мебошад.
Мантиқи Арасту, аслан мантиқи қазияҳои ҳамлист. Ибни Сино дар зимни мантиқи қазияҳои ҳамлӣ, антиқӣ қазияҳои шартиро низ муфассал баррасӣ кардааст. Дар мантиқи Ибни Сино навъҳои қиёсҳое баррасӣ шудаанд, ки Арасту ба онҳо ё танҳо ишора кардааст, ё аслан онҳоро таҳлил накардааст, чун қиёси хулф ва мусовот. Ман дар таҳқиқотҳоям собит кардам, ки фалсафаи Ибни Сино на танҳо дар риштаи мантиқ, балки дар риштаҳои фалсафаи табииёт, илми куллӣ ё назарияи фалсафа, илоҳиёт ё фалсафаи уло, фалсафаи амалӣ низ навигариҳои зиёде ворид карда, фалсафаи машшоъро ба зинаи баландтар иртиқоъ додааст. Масалан, ман собит кардам, ки Ибни Сино дар фалсафаи табииёти худ масъалаи айният (объективият)-и ҳаракат, макон, замон ва қадимияти оламро нисбат ба Арасту пайгиронатар баррасӣ мекунад, назарияи сабабиятро нисбат ба Демокрит, ки тасодуфро комилан рад мекунад, воқеъбинонатар ҳаллу фасл менамояд.
Дар навиштаҳоям собит кардам, ки Ибни Сино дар назарияи маърифат (шинохт) ҳам, ки онро дар қисмати мантиқ ва фалсафаи табииёт баррасӣ мекунад, ихтироти зиёд пешкаш кардааст. Масалан,  назарияи таҷриди ӯ ва маърифат чун инъикос аз ҳамин қабиланд. Дар риштаи назарияи фалсафа Ибни Сино истилоҳи илоҳиётро ба ҷои «метафизика» ҷорӣ мекунад ва бар хилофи Арасту онро ба ду қисм - илоҳиёт ба маънои ахас, яъне илоҳиёти соф ва илоҳиёт ба маънои ом, яъне ба маънои фалсафа ҷорӣ менамояд. Дар «Ҳикмати машриқия»-и худ Ибни Сино фалсафаро бо номи «илми куллӣ» аз «илоҳиёт» комилан ҷудо мекунад ва дар роҳи таъмини истиқлолияти фалсафа аз илоҳиёт (теология) гоми фаррохтар мебардорад. Илова бар ин дар қисмати фалсафаи амалӣ Ибни Сино нисбат ба Афлотун ва Арасту дар мавриди таҳлили масъалаҳои ҷамъиятшиносӣ назарияҳои инсонпарвариро васеъ баён мекунад.
Аз назари Афлотун ва Арасту ғуломон ҳайвони гӯёи корианд. Ибни Сино собит менамояд, ки ғуломону хидматгузорон ҳам ба мисли озодагон инсонҳои комилъиёранд. Ибни Сино нисбат ба Афлотун ва Арасту масъалаи мавҷуди ҷамъиятӣ будани инсонро бештар таҳқиқ мекунад. Дар ҳамин ҷо тафовути инсонро аз ҳайвон нишон медиҳад. Яке аз фарқиятҳои асосии инсон аз ҳайвон дар мавҷуди гӯё будани ӯ аст. Дуввум инсон тавассути ҳамкорӣ бо ҳамдигар метавонад дар ҷомеъа зиндагонии хушро ба роҳ монад. Инсони алоҳида дар ҷомеа наметавонад зиндагии хуш ташкил кунад. Ба ҳалокат дучор шуданаш мумкин аст. Ҳаминҳо ақидаҳое ҳастанд, ки Ибни Сино онҳоро дар қисмати илоҳиёт дар мавриди фалсафаи амалӣ бисёр равшан ва возеҳ баён мекунад.
Ҳамин тавр, бо назардоши фикрҳои баёншуда равшан мегардад, ки фалсафаи Ибни Сино нисбат ба фалсафаи Арасту як фалсафаи ибтикорист, як зинаи нав дар рушди фалсафа аст. Бинобар ин, ақидае, ки Ибни Синоро шореҳи соддаву муқаллиди сирфи Афлотун ё Арасту медонанд, комилан ботил аст.
3) Сеюм навигарие, ки мо дар таҳқиқоти худ баён кардаем, аз исботи нодуруст будани ба куфр ва илҳод айбдор кардани файласуфони машшоъ, хусусан Форобӣ ва Ибни Сино аст. Дар ин масъала ба хусус Муҳаммад Ғаззолӣ дар асарҳояш «Таҳофут-ул-фалосифа» ва «Ал- Мунқиз мин аз-Залол» пофишорӣ кардааст.
Мо дар навиштаҳои худ исбот кардаем, ки Муҳаммад Ғаззолӣ ва пайравонаш ба ин хулосаи нодуруст дар натиҷаи нафаҳидан ё фаҳмидан нахостани назарияҳои воҷиб-ул-вуҷуд ва имкон-ул-вуҷуд, хусусияти дониши илоҳӣ ва назарияи мабдаъ ва маъоди машшоиён расидааст. Чун баёни бештари ин масъала дар доираи ин мусоҳиба намегунҷад, хонандаи муҳтарам, закӣ ва ҳушмандро ба мутолиаи бобҳои марбутаи китобҳоямон «Компендиум философии Ибн Сины» ва «Матолиби фалсафаи Ибни Сино» даъват мекунем.
4) Ин ақидаро мо ҳам исбот мекунем, ки фалсафаи машшоъ ҳарчанд, ки ба мухолифати сахти калом ва тасаввуф дучор шуд, ҳаргиз намурд, тамоман аз байн нарафт. Балки масалан, дар осори намояндагони мактаби фалсафии Исфаҳон Мирдомод, Лоҳиҷӣ ва дигарон идома ёфт. Мирдомод, масалан, дар асараш «Қабасот» дар заминаи ақоиди Ибни Сино назарияи ҳудуси даҳрӣ ва сармадиро пешкаш кард.
5) Дар адабиёти таҳқиқӣ ақидае вуҷуд дорад, ки Ибни Сино аз ҷиҳати қавмият (миллат) турк (олимони Ӯзбекистон,Туркия) ё араб аст (Ориф Томир,Тунис). Мо дар заминаи далелҳои муътамад дар «Компендиум философии Ибн Сины» ва «Матолиби фалсафии Ибни Сино» исбот кардаем, ки Ибни Сино як тоҷик (форс)-и асил аст ва мероси ӯ пеш аз ҳама ба он ва сипас ба тамоми ҷаҳониён мутааллиқ аст. Барои иттилоъи бештар аз хонанда хоҳиш мешавад, ки ба фаслҳои марбутаи китобҳои ёдшуда муроҷиат кунад.
6) Устоди мо А.М.Баҳоваддинов дар асарашон «Очерки по истории таджикской философии» (Душанбе, 1961) ин гумонро пеш овардаанд, ки фалсафаи тоҷик дар асрҳои 13-14 хусусияти ташреҳӣ (шарҳнависӣ) дошт ва дар айни замон илова мекунанд, ки «шояд омӯзиши амиқи адабиёти фалсафии ин давра ин гумони моро рад хоҳад кард. Мо аз ин танҳо шод хоҳем шуд, зеро шиносоии муқаддимотӣ бо осори мутафаккирини асри 14 ҳисси нобовариамонро ба ин гумон тақвият меддиҳад». Дар ҳақиқат, омӯзиши амиқи осори мутафаккирони ин давра, чун Фахриддини Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Абҳарии Самарқандӣ, Котибии Қазвинӣ, Бобоафзали Кошонӣ, ки осори онҳоро мо омӯхтаем, нишон медиҳанд, ки онҳо танҳо аз ҷиҳати шакл ва услуб хусусияти ташреҳӣ доранд.
Аз ҷиҳати мазмун осори ин мутафаккирон хусусияти баҳсӣ дошта дар онҳо ақидаҳои бикр ва тоза кам нест. Масалан, Насириддини Тӯсӣ (1201-1274) дар асарҳояш «Асос-ул- иқтибос», «Мусореъ-ул- мусареъ» ва «Талхис-ул-муҳасал» дар мавриди нақди назариёти каломии Фахриддини Розӣ ва радди фалсафа аз ҷониби ӯ ақидаҳоеро пешниҳод мекунад, ки як зинаи нави тараққиёти фалсафаи машшоъро ташкил медиҳанд. Хусусан,  ақидаҳои ӯ дар бораи тараққиёти тадриҷии дониш, хусусияти маънавӣ  (идеалӣ)-и инъикоси олам дар зеҳн ва ақли инсон ва саъйҳои ӯ дар бобати риёзӣ кардани мантиқ бисёр ҷолибанд…
7) Мо бар хилофи як идда олимони шарқию ғарбӣ дар таҳқиқоти худ собит кардаем, ки «Ҳикмати машриқия»-и Ибни Сино «Ҳикмат-ул-ишроқ»-и Сӯҳравардӣ ирфон нест. Азбаски сухан дар ин мусоҳиба ба дарозо накашад ва ҳусну қубҳи ақоиди маро дар ин боб хонанда хуб дарк кунад, ӯро ба мутолиаи боби шашуми «Матолиби фалсафии ибни Сино»- «Дар бораи таҳаввули ақоиди фалсафии Ибни Сино» даъват менамоям.
 
 
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи
фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
[1] Диноршоев М. Ҷусторҳо дар фалсафаи Сино. Душанбе, 2017.- с.241
[2] http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/7056-m-dinorshoev-quflkushoi-hama-darhost-ilm-1985.html

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia