casino malaysia
casino malaysia
Нақши институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ

wrapper

Рӯзҳои наздик, аниқтараш 21 ноябри соли ҷорӣ дар беш аз 70 кишвари узви ЮНЕСКО Рӯзи фалсафа ҷашн гирифта мешавад. Ин идро ба ҳамаи мутахассисони соҳа муборакбод гуфта, ҳамзамон лозим мешуморем, ки дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мухтасаре пешниҳод намоем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муҳимтарин муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Институт татбиқгар ва ҳамоҳангсози таҳқиқотҳои бунёдии фалсафӣ, сиёсӣ, давлатшиносӣ ва ҳуқуқӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Таърихи таъсиси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 1951, аз рӯзи ба имзо расидани қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (аз 08.03.1951, №166) доир ба таъсиси Шуъбаи фалсафа, оғоз мегардад. Дар сохтори муассисаи навтаъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон Шуъбаи фалсафа ҳамчун қисми бунёдии илмҳои ҷомеашиносии Академия ташкил шуда, он ба сохтори АИ РСС Тоҷикистон аз 1 апрели соли 1951 ҳамчун муассисаи таҳқиқотии мустақил дохил карда шуд. Ин Шуъба соли 1991 ба Институти фалсафа ва ҳуқуқ ва минбаъд аз соли 2011 ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов табдили ном намуд. Академик А.М. Баҳоваддинов, узви вобастаи Академия Ғ.А. Ашӯров, академик М.Д. Диноршоев аз зумраи роҳбарон-заминагузорони ин Институт ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин дар рушду такомули Институт дар солҳои гуногун олимони шинохтаи соҳа М.Осимӣ, М. Раҷабов, С.А. Раҷабов, К. Олимов, Ф.Т. Тоҳиров, Н. Рустамов, А. Шарипов, Н. Одилов, Н. Арабзода, Х. Додихудоев, Ш. Шоисматуллоев, А. Муҳаммадхоҷаев, М. Султонзода, М. Ҳазратқулов, А. Самиев, А.Н. Муҳаммад, М. Музаффар, А.М. Маҳмудзода, Р.М. Маҷидов, Виборнова, Х. Усмонзода, Н. Содиқӣ, Ш.М. Менглиев, М.З. Раҳимзода, А.И. Имомов, А. Шамолов, М.Т. Маҳмадҷонова, И.Б. Буризода, К. Бекзода, Ш. Абдуллоев, Т. Муродова, К. Аскардаев ва даҳҳо мутахассисони варзида саҳм гузоштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки таъсиси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АМИТ ба солҳои истиқлолияти кишварамон рост омад. Аз ин лиҳоз, мавзуҳои таҳқиқотии Институт низ ба ин падида алоқамандии ногузаштанӣ дошта, масъалаҳои ташаккули миллати тоҷиқ худшиносии миллӣ, фарҳангу ҳувияти миллӣ, таҷрибаи таърихи давлатдорӣ, таъмини заминаи ҳуқуқии раванди дигаргуниҳои ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ин муддат, дар қаринаи тағйироти куллии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, такомули асосҳои методологӣ ва назариявии таҳқиқотҳои илмӣ сурат гирифт. Барои таҳқиқи амалии масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ҳавасмандии олимон зиёдтар шуд ва талоши инъикоси падидаҳои ҳаёти ҷомеа дар осори олимони Институт мазмуну мундариҷаи навро ба худ касб кард.
Бояд қайд намоем, ки ходимони илмии Институт солҳои охир бо ҷиддият ба таҳқиқи масъалаҳои бунёдии давлати миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат дар ҷомеа, шаклгирии низоми навини иҷтимоӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хосса изҳор мекунанд. Дарки муассири ин мавзуҳо дар ҷомеа бидуни бедории шуури таърихии аъзоёнаш ғайри имкон аст. Натиҷаи таҳқиқотҳои амиқ ва фаъолонаи файласуфон, сиёсатшиносон ва ҳуқуқшиносони тоҷик ин теъдоди зиёди монография ва мақолаҳои онҳо, таҳия ва ба чоп омода намудани осори фалсафию ҳуқуқии ниёгонамон мебошад.
Умуман, ходимони илмиии Институт дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 440 китобу монография, ҳазорҳо мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла дар нашрияҳои хориҷӣ, ба табъ расондаанд. Дар ин муддат садҳо кадрҳои ҷавон шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураро дар самтҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, сотсиология ва ҳуқуқшиносӣ хатм намуда, соҳибунвон гардидаанд.
Дар соли сипаришуда дар Институт зиёда аз 130 нафар корманд фаъолият доштанд. Аз ҷумлаи ходимони илмӣ 2 академики АМИТ (К.Олимов, М.А. Маҳмудзода), 5 узви вобастаи АМИТ (А.Н. Муҳаммад, Ш. Шоисматуллоев, М.З. Раҳимзода, М. Музаффар, Х. Усмонзода), 39 нафар доктори илм, 47 нафар номзади илм мебошанд.
Сохтори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ аз се бахш (фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ), ки 14 шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар бар мегирад, таркиб ёфтааст. Ҷузъҳои таркибии сохтори Институт: Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқ; Шуъбаи таърихи фалсафа; Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ; Шуъбаи фалсафаи фарҳанг; Шуъбаи омӯзиши масъалаҳои фалсафии дин; Шуъбаи сотсиология; Шуъбаи сиёсатшиносӣ; Шуъбаи масоили муносибатҳои байналмилалӣ; Шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир; Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ; Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ; Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ; Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ; Маркази синошиносӣ мебошанд.
Ҳадафи асосии фаъолияти ходимони илмии Институт аз таҳия ва пешниҳоди методологияҳои ҷадиди омӯзиши самтҳои афзалиятноки фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшносӣ ва ҳуқуқ иборат мебошад.
Дар айни замон самтҳои асосии фаъолияти илмии Институт аз инҳо иборатанд: пажӯҳиши масъалаҳои фалсафа, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ, геополитика, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, сотсиология, давлат ва ҳуқуқ.
Дар Институт 15 лоиҳаи илмӣ (дар шуъбаҳои онтология, гносеология ва мантиқ, таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи фарҳанг, масъалаҳои фалсафаи дин, сотсиология, сиёсатшиносӣ, масоили муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ, масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи давлатӣ, ҳуқуқи хусусӣ, маркази синошиносӣ), ки ҳар яке моҳияти бунёдӣ доранд, инчунин 1 лоиҳаи грантӣ (дар шуъбаҳои масоили муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ) мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Бояд қайд намуд, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандони илмии Институт тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, дар асоси мавзӯъҳои таҳқиқотии бахшҳо сурат гирифтаанд. Инчунин дастовардҳои муҳимми илмӣ-таҳқиқотии ходимони илмии Институт дар монографияҳо, мақолаҳои илмиашон рӯи чоп омадаанд. Аз он ҷумла, дар соли 2024 кормандони илмии Институт зиёда аз 40 китобу монографияи илмӣ, зиёда аз 400 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба чоп расонданд. Бояд қайд намуд, ки кормандони илмии Институт дар ин соли ҳисоботӣ дар семинари илмӣ, мизи мудаввар, конференсияву симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо 153 гузоришҳои пурмазмун иштирок намуданд. Ходимони илмии Институт инчунин дар 240 барномаи радиоиву телевизионӣ ширкат варзида, дар матбуоти даврӣ нисбати масъалаҳои мубрами ҷомеа ва ҷаҳони муосир мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таълиф намуданд.
Ходимони илмии Институт таҳти роҳбарии профессор Н.Д. Маҳмадизода дар иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030” саҳми назаррас доранд. Тибқи ин нақша, таҳия ва ба чоп расондани 7 монографияи дастаҷамонаи илмӣ дар назар дошта шуда, кор дар ин самт вусъат гирифтааст.
Натиҷаҳои асосии бадастовардаи ходимони илмии шуъбаҳои Институт ба ҷомеа тавассути табъу нашр, суханрониҳо дар конференсияву симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ ва амалӣ, баромадҳо бо радио ва телевизион пешкаш карда мешаванд. Дар самти татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар хоҷагии халқ Институт саривақт ба дархостҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобу пешниҳодҳои зарурӣ ирсол менамояд. Ходимони Институт бо макотиби олии кишвар тавассути фаъолияти омӯзгорӣ, тайёр кардани кадрҳо, таҳия кардани китобҳо ва дигар маводҳои дарсӣ ҳамкории наздик ва пайваста доранд. Институт инчунин дар соҳаи густариши муносибатҳои байналмилалии илмӣ, табодули иттилоот ва кадрҳои илмӣ, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисон ҷаҳду талош дошта, бо муассисаҳо ва марказҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ робита дорад ва барои рушди муносибатҳои мазкур ҳамеша ҳавасманд мебошад.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки Институт ба тайёр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад. Феълан, дар Институт 49 магистрант, 42 докторант аз рӯи ихтисос – PhD, 160 унвонҷӯ таҳсил менамоянд. Ба онҳо китобхонаи соҳавии Институт хизмат мерасонад.
Дар Институт соли 2024 чор Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносї, сотсиология ва сиёсатшиносӣ фаъолият карданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин шуроҳо тайи солҳои охир даҳҳо нафар аспиранту унвонҷӯён рисолаи номзадӣ ва рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.
Институт дорои маҷаллаҳои бонуфузи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» мебошад, ки дар феҳрасти маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия сабти ном карда шудаанд. Дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмии Институт дастовардҳои навини олимони соҳа, ходимони илмӣ ва унвонҷуёни ватанию хориҷӣ нашр мешаванд.
Дар фарҷоми сухан ёдовар мешавем, ки роҳбарият ва кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдом доранд, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои тоза истиқбол гиранд. Мо боварӣ дорем, ки коллективи Институт иқдомҳои худро бомуваффақият амалӣ хоҳад сохт.
 
Назар Муъмин Абдуҷалолдоктори илмҳои
фалсафа, дотсент, сарходими Шуъбаи
фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia