МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
- Панҷшанбе, Ноя 07 2024
- Навидҳо
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 3 декябри соли 2024 баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон», бахшида ба Рўзи ҳуқуқи инсон ба нақша гирифтааст.
Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки ба нақшаи мавзуи конференсия ҳавасманданд, метавонанд иштирок намоянд.
Дар рафти конференсия муҳокимаи масъалаҳои мубрами ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба нақша гирифта шуда, дар ин замина мавзуъҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар – шиносномаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- Эъломияи Куруши Кабир – аввалин санади ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон;
- Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ;
- Шурои ҳуқуқи инсони СММ ва Шарҳи универсалии даврии давлатҳои аъзо оид ба ҳуқуқи инсон;
- Кумитаҳои шартномавии СММ ва гузоришҳои миллии давлатҳо оид ба ҳуқуқи инсон;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон;
- Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ҳамчун арзиши олӣ;
- Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон;
- Ниҳоди миллӣ оид ба ҳукуқи инсон дар Тоҷикистон;
- Рушди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон;
- Ҳифзи ҳуқуқи занон ва кўдакон дар конунгузории миллӣ;
- Масоили мубрами ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ;
- Масоили мубрами ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон.
Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ.
Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед. Мавод бояд ба мавзуҳои кори конференсия мутобиқат намояд.
Барои иштирок дар кори конференсия то 25 ноябри соли 2024 дархост (ниг. замимаи 1), шакли электронии фишурда (тезис) ва ё мақола (ниг. замимаи 2) қабул карда мешаванд.
Маводи ирсолгардидае, ки берун аз доираи масъалаҳои конференсия буда, нодуруст тартиб дода шудаанд ва дархостҳое, ки баъд аз 25 ноябри соли 2024 ирсол карда мешаванд, баррасӣ намегарданд.
Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмуаи кори конференсия дар назар аст.
Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.; This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Суроға: х. Рудакӣ, бинои 33, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Мақолаҳо ба суроғаи ш. Душанбе, х. Рудакӣ, бинои 19 (бахши ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ) утоқи №6 ирсол карда шаванд.
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед, тавассути телефонҳои 221-65-72; 221-56-89; 98-10-67-122; 98-10-31-678 дар тамос бошед.
Ашхоси масъул: Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович, Раҷабов Саидумар Адинаевич.
Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!
Кумитаи тадорукот
04.11. с.2024
Замимаи 1
ДАРХОСТ
барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон»
(ш. Душанбе, 3 декабри соли 2024)
1. |
Ном, насаб ва номи падар (пурра) |
|
2. |
Ҷои кор, вазифа |
|
3. |
Дараҷа ва унвони илмӣ |
|
4. |
Номи мавзўъ |
|
5. |
Шакли иштирок (бевосита/ғоибона) |
|
7. |
Суроғаи электронӣ ва рақами телефон |
|
Замимаи 2
ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД
- Мақола ва ё фишурда (тезис) ба шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар намуди чопӣ ва ё ин ки электронӣ пешниҳод карда мешавад.
- Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф(он) бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ замима шаванд.
- Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.
- Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. doc
- Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 16 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷўён ва адъюнктон) бошад.
- Ҳаҷми фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 саҳифа бошад.
- Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman андозаи 14 бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.
- Сноска дар шакли поварақ (постраничный).
- Дар дохилӣ матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.
- Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.
- Барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи аслии матн (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.
НАМУНА БАРОИ ТАРТИБ ДОДАНИ МАҚОЛА
Муродзода Ардашер Алишер
ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
[1] Шарофзода, Р.Ш., Шокиров, Ѓ.А. Иттилоотонии фаъолияти њуќуќэљодкунї: таљрибаи Љумњурии Тољикистон ва давлатњои дигари аъзои ИДМ / Р.Ш. Шарофзода, Ѓ.А. Шокиров // Ахбори ДДЊБСТ. Силсилаи илмњои љомеашиносї. – Хуљанд, 2021. – 4 (89). – С. 138.
[2] Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» аз 28 декабри соли 2023 // [Захираи электронї] - Манбаи дастрасї: http://president.tj/node/32191 (санаи мурољиат: 31.01.2024).
Матлабҳои дигар аз Институт
- Баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» дар вилояти Хатлон
- Ёде аз устоди файласуфони муосири тоҷик
- Флаг в космосе
- Парчами миллии Тоҷикистон: таърих ва моҳияти он ҳамчун рамзи давлатӣ
- БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ