Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 - умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Бо пешвои миллат ифтихор дорем” бо иштироки кормандон, докторантон ва магистрантон Институт бо шиорҳои “Президенти мо – ифтихори мо!”, “Пешвои миллат - Раҳбари маорифпарвар”, “Пешвои миллат - сулҳофару ваҳдатовар” ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро Директори Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳимми таърихиву тақдирсоз самимона табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронии Директори Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара тазаккур дода шуд, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳӣ тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид.
Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.
Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз барои мардуми шарифамон фоли нек ҳисобида шуд ва халқи тоҷик дар симои ин абармард наҷотбахши воқеии миллатро дарёфт. Ин марди хирад ҳамчун Роҳбари фозил давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Гуфта шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, мардумсолор ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои бемислу мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар рафти ҳамоиш инчунин муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Маҳманазари Ҳотам ва чанд нафар намояндагони Институт баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Таъкид гашт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.
Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ, баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбуб заҳмати пурсамар хоҳанд гузошт.
Дар фарҷом бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии докторантон ва магистрантони Иниститут тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва шинос намудан бо фаъолияти фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд.
Аз дидан намудани ин осорхона олимони ҷавон бо худ як ҷаҳон таассурот бардошта, маълумотҳои зарурӣ бо худ гирифтанд.