Ёде аз устоди файласуфони муосири тоҷик
- Душанбе, Ноя 18 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Устоди шодраврон академик Мусо Диноршоев олими барҷаста, академик, муҳаққиқи тавонои фалсафа ва таърихи он, устоди аксари муҳаққиқони фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик як шахсияти барои худ хос ва нотакроре буданд. Дар бораи шахсиятҳои бузург навиштан аз як тараф қудрату тавоноӣ ва шуҷоат даркор ва аз тарафи дигар ҳамон ахлоқи фарҳангӣ, ки баҳо додан ба устодони хеш андешаи амиқеро аз рӯи ахлоқу одоби ҳасана меҳоҳад. Вале ёди солҳои ҷавонӣ, солҳои аввали ба кор омаданам кардаму гуфтам, агар чанд ҷумлае дар бораи ин устоди илму ҳикмати тоҷик шодравон Мусо Диноршоев нанависам, аз рӯи адолат нест.
Хизматҳое, ки устод Мусо Диноршоев, барои аҳли илми тоҷик ва тарбияи илмию маънавии онҳо ва аз он ҷумла шахсан нисбати банда карданд фаромушнашаванда аст. Ман пас аз хатми донишгоҳ бо раҳнамоии устоди донишгоҳиам шодравон Нозирҷон Қулматов (ёдашон ба хайр) барои кор ба Шуъбаи фалсафа (ҳозира ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ) омадам. Маро бе ҳеҷ монеае устоди муҳтарам Ғаффор Ашуров, ки он вақт роҳбари «Шуъбаи фалсафа» буданд ба кор қабул намуда, ба бахши таърихи фалсафа, ки мудири он муҳтарам Мусо Диноршоев буданд фиристоданд. Мусо Диноршоев як шахси хоксору беозор, бо меҳру муҳаббат ва бо чеҳраи кушоди нуронӣ буданд. Маро дар қатори дигар кормандони он бахш дар яке аз мизҳои аз ҳама болотар ҷой доданд, ки аз ин муносибати бо эҳтиромонаи устоди муҳтарам сипосгузор будам. Дар муддате, ки вазифаи лабарантӣ ва ходими илмиро иҷро мекардам, дар кору зиндагиам мушкилӣ ва нораҳатиҳои зиёде ба вуқӯъ омад. Ҳамаи онҳоро бо туфайли дастгирии устоди муҳтарам паси сар кардам. Махсусан, дар интихоби мавзӯи номзадӣ хидмати устод бузург буд. Он вақт мо дар илми фалсафа ва роҳу равишҳои он ва интихоби мавзӯи ба қалб наздик нисбатан хому ноогоҳ будем ва аз ин рӯ, ба кумаку раҳнамоии устодон эҳтиёҷманд будем. Устоди арҷманд Мусо Диноршоев кори маро ҳам чун дигарон осон карданд ва ба ман мавзӯи «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрав ҳамчун рисолаи фалсафӣ»-ро пешниҳод намуданд. Ин мавзӯъ тақдиру зиндагии маро дигаргун сохт ва ба туфайли он Шуъбаи фалсафа, махсусан бахши таърихи фалсафа ва коллективи он боиси рушди илмӣ-мафкуравиам шуд. Маънавиёти бои мутафаккирони тоҷик, ба монанди Абуяъқуби Сиҷистонӣ, Муҳаммад Лоҳиҷӣ (Асирӣ), Файзи Кошонӣ, Аҳлии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Ҳаким Сафо, Маҳмуди Шабистарӣ, Сайидои Насафӣ, Маҳдии Нароқӣ ва дигарон, ки баъдан рӯи осор ва шахсияти онҳо таҳқиқ шуд, инсонро ба дунёи маънавиёт - худшиносӣ, ҳувият, сабру таҳаммул, андеша рӯи аъмоли хеш ва қаноату шукргузорӣ, хоксорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамаи ин натиҷаи ҳидояту ҳимояти устод аст, ки дар ин бора Аҳлии Шерозӣ фармудааст:
Бе тарбияти ҳаким чизе нашавӣ,
Бе хидмате аз аҳли тамизе нашавӣ.
Гар ҷаври азизе накашӣ рӯзе чанд,
Гар Юсуфи Мисрӣ, ки азизе нашавӣ.
Ҳамин тариқ, бо раҳнамоиҳои мудирамон Мусо Диноршоев ва устоди ирфониам, профессор Нодир Одилов билохира рисолаи номзадиамро дар КАЗГУ-и ш. Алма-Ато соли 1985 бо муваффақият дифоъ намудам ва ман ҳаргиз ёриву ғамхориҳои ин устодони хешро фаромуш нахоҳам кард.
Бояд гуфт, ки саҳму дастгирии академик Мусо Диноршоев дар тарбия ва ба камол расонидани аксари устодон ва файласуфону аҳли илму адаби тоҷик басо бузург буд. Аз ин ҷо, ин вазифаи шогирдон аст, ки хизмат, таҳқиқотҳо ва ҷавҳари осори онҳоро рӯи об бароранд, то ки насли имрӯза ва минбаъда ин бузургони илму фарҳанги миллатро ба фаромӯшӣ насупоранд. Агар инсон аввалин ҳарфро аз модар ёд гирад, пас нахустин донишу ангезаҳои илмро тавассути устод ба даст меорад ва илм дар навбати худ инсонро аз ҷаҳолату гумроҳӣ ҳидоят мекунад:
Тамоми ҳосили таҳсил илм аст,
Нами кишти камол аз найли илм аст.
(Ҳаким Сафо. Девони ашъор)
Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузарад, шояд инсонҳо бо таъсири омилҳои гуногуни кору зиндагӣ тағйир кунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки хизмату корҳои хубе, ки устодони илм дар ҳақи кормандону шогирдон кардаанд ва то имрӯз аз худ осори илмӣ-таҳқиқотии боарзиш дар мавзӯъҳои мухталифи фалсафа ва таърихи он ва дигар масъалаҳои илмӣ-фарҳангӣ боқӣ гузоштаанд ва боз ҳам фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ-илмии онҳо давом дорад, фаромуш кард. Мақоми устод ҳам аз падар ва ҳам аз дӯсту бародар хеле болотару афзалтар аст. Устод ҳидояткунандаи роҳу равиши зиндагии инсон, махсусан дар риштаҳои илму фарҳанг ва ахлоқу одоб ва тарбияи маънавии вай мебошад. Беҳуда нест, соликони роҳи ҳақиқат ба хотири устодони маънавии хеш аз тамоми дунё даст мекашиданд ва имрӯз ҳам мо бо туфайли ҳимояту ҳидояти ин устодон ИФСҲ-и АМИТ-ро хонаи дуюми худ – маркази илму дониш ва фарҳангу хиради воло медонем.
Шоҳиди он ҳастем, ки дар солҳои охир бисёр олимони ҷавон рисолаҳои номзадӣ навишта, бештар ба муҳаққиқони хориҷӣ берун аз кишварамон таваҷҷӯҳ намуда, иқтибосҳои зиёде медиҳанд ва корҳои онҳоро қобили қабул медонанд ва ба корҳои онҳо дар дараҷаи омӯзиш ва ё навигариҳо ва ҳатто дар ҷараёни навиштани рисолаҳои хеш маълумоти фаровоне медиҳанд. Аммо нисбати муҳаққиқони ватанӣ чашмпушӣ намуда, ба таври ноаён бо як мухтасароте аз онҳо сарфи назар мекунанд. Оё, муҳаққиқони худамон ба монанди А.Баҳоваддинов, Г.Ашуров, М.Диноршоев, Х.Додихудоев, Н.Одилов, К. Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Ҳазратқулов, М.Мирбобоев, Н.А.Қулматов, М.Раҳимов, У.Султонов, М.Султонов, С.Х.Раҳимов ва амсоли инҳо аз муҳаққиқони ҳориҷӣ камтар таърихи илму фарҳанг ва мероси илмӣ-фалсафӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-табиӣ ва ғайраи фалсафаи тоҷику форс ва таърихи онро медонанд, ки мо нисбати онҳо беэътиноӣ кунем. Ҳадаф ин нест, ки мо онҳоро, яъне хориҷиҳоро наомӯзем, лекин аз рӯи хиради худшиносӣ бояд амал кунем, яъне аввал худро бишнос, пас дигаронро. Мутафаккири бузурги халқи тоҷик Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ (Асирӣ) дар «Асрор-уш-шуҳуд»-и хеш фаромудаанд:
Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ ҳақшинос,
Хешро бишнос н-аз роҳи қиёс.
Бал зи роҳи кашфи таҳқиқу яқин,
Орифи худ шав, ки ҳақдонист ин.
Гар ба сари худ биёбӣ ту раҳе,
Ҳам зи худ, ҳам аз Худо ту огаҳӣ.
Ҳам мулк, ҳам нуҳ фалак бишнохтӣ,
Чун ба кинаи хештан раҳ ёфтӣ.
Бинобар тарғибу ташвиқ ва муаррифии осору ҳаёту фаъолияти ситораҳои дурахшони гузаштаву муосирамон ин вазифаи аввалиндараҷаи донишмандону муҳаққиқони ҷавони даврони истиқлолият аст. Пас, агар мо худамон тавассути рисолаҳои номзадию китобу мақола ва баромадҳоямон ба ҷаҳониён устодони илму фарҳанги кишварамонро муаррифӣ накунем, онгоҳ кӣ ин корро мекунад? Аз тарафи дигар агар мо ба мардум, аҳли илму адаб ва фарҳангу тамаддуни худ эҳтиром гузошта натавонем, он вақт бояд хуб донист, ки мардум ва миллати дигар моро ҳаргиз эҳтиром нахоҳем кард.
Чунон ки дар боло қайд шуд саҳми устод Мусо Диноршоев умуман дар тарбияи илмӣ-фарҳангӣ ва дастгирии олимони Иниститут ва берун аз он ниҳоят боарзиш аст ва барои намуна мисолеро аз замони мудирии устод дар бахши «Таърихи фалсафа» меорам.
Ҳамкорамон шодравон Фатҳиддин Сироҷовро духтурҳо ба бемории равонӣ нисбат доданд (ин ҳодиса хеле солҳои пеш буд) ва ба беморхонаи равонии назди боғи В.И.Ленин бистарӣ карданд. Устоди муҳтарам Мусо Диноршоев тамоми саъйяшонро карданду бо забонхати худашон бо аҳли кормандони бахши «Таърихи фалсафа» ба бемористон рафта, он касро аз он ҷое, ки метавонист зиндагиаш табоҳ шавад, наҷот доданд. Устод Мусо Диноршоев Фатҳиддин Сироҷовро ба шогирдии худ қабул намуданд ва ба ӯ мавзӯи «Масъалаҳои ҳастӣ дар «Наҷот»-и Ибни Сино» бо унвони рисолаи номзадӣ супориданд, ки Ф.Сироҷов онро бо муваффақият дар шаҳри Тошканд дифоъ намуд.
Мусо Диноршоев зиёда аз панҷоҳ шогирд (ба монанди Мирбобоев М., Раҳматуллоев Н., Сироҷов Ф., Идибеков Н., Султонов М., Комилов Р., Раҳимов М., Маҳмадов Б. ва дигарон)-ро тарбия намуда, ба камолоти илмӣ расониданд ва ҳатто ба ҷуз шогирдони хеш ҳар як нафаре, ки хоҳ аз дохил ва хоҳ аз берун аз устод кумаке хоста бошанд, он кас аз ёрӣ даст накашиданд, ҳоло чи барои навиштани кори илмӣ ва чи барои интихоби касбу шуғл ва ҳатто мушкилоти зиндагию корӣ. Ба ҷуз ин ӯро ҳамчун як устоди пешво, роҳбари хуб, мудир ва донишманд дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик мешиносем. Устод М. Диноршоев корҳои илмии зиёде дар мавзӯъҳои мухталифи таърихи фалсафа анҷом додаанд. Аз ҷумла дар бораи таълимоти фалсафӣ, табиӣ, мантиқӣ ва каломии Насируддини Тусӣ, Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Ғазолӣ, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав ва дигарҳо китобу мақолаҳои арзандае навиштаанд. Ва ҳамчунин дар таҳия ва тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Муҳаммад Закариёи Розӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки боиси ифтихор аст.
Асару мақолаҳои Мусо Диноршоев дорои арзишҳои волои илмӣ-омӯзандагӣ ва тарбиявӣ-таълимӣ буда, барои пешрафти илми тоҷик ва таъриху тамаддуни он як саҳми бузурге доранд. Таҳқиқотҳои илмии устод Мусо Диноршоев барои муҳаққиқони илми фалсафа ва таърихи он, барои магистрҳо ва донишҷӯёни бахшҳои фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик ва олимони ҷавон ҳамчун як раҳнамои омӯзишӣ ва дастурамали муфид мебошад. Лекин мутаассифона, чунонки дар боло қайд намудем баъзе ҷавонҳо ва олимони ҷавони мо инро нисбатан надида мегиранд, вале умедворем, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ олимони ҷавони моро аз ин ғафлат бедор мекунад.
Китоби Мусо Диноршоев «Ҷусторҳо дар фалсафаи Ибни Сино», ки дар ҳаҷми 512 саҳифа аст ва соли 2017 чоп шудааст, ки дар он Абуалӣ ибни Сино ва ҷанбаҳои мухталифи таълимоти ӯ, махсусан зиндагӣ ва замон, фалсафаи назариявӣ ва амалӣ, мантиқ чун фалсафа ва олати илм, саҳми Ибни Сино дар рушди фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ, сарчашмаҳои назарӣ ва низоми фалсафӣ, фалсафаи ҳастӣ ва категорияҳои фалсафӣ, фалсафаи маърифатшиносӣ, фалсафаи ҳастии иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, назарияи судур ва амсоли инҳо мавриди баҳсу таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтанд. Ин китоб ҳамчун асари доиратулмаорифӣ се асари таҳқиқотии устод Мусо Диноршоевро дар бар гирифтааст, ки дар ин бора худи муаллиф ҳам дар сарсухани китоби хеш низ гуфтаанд. Асари якум «Ибни Сино ва фалсафаи ӯ», ки соли 1980 аз чоп баромадааст; асари дуюм «Афрузандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат» (чопи с.2005); асари сеюм «Матолиби фалсафаи Ибни Сино» (чопи с.2011).
Ҳарчанд ки дар бораи ҳаёту фаъолият ва осори Ибни Сино таҳқиқотҳои зиёде шудааст, аммо чунонки худи муаллиф менависад: «Сарфи назар аз таҳқиқоти зиёд дар бораи Ибни Сино ва назариёти ӯ, ки аз ҷониби олимон ва файласуфони ватанӣ ва хориҷӣ анҷом дода шудаанд, наметавон гуфт, омухтан, таҳлил ва баррасии ақоиди фалсафӣ ва илмии ӯ ба поён расид».[1] Дар ҳақиқат аз рӯи навиштаи худи муҳаққиқ рушан мушаххас мегардад, ки бисёр масоиле, ки Мусо Диноршоев ба таври васеъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд, қариб бори аввал таҳлилу таҳқиқ мешаванд. Махсусан омӯзиши мантиқи Ибни Сино – назарияи мақулот, бурҳон ва ҷадали вай, таълимоти илмӣ-табиӣ, риёзӣ ва тиббӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ аз аҳамият холӣ нест ва муҳаққиқ дар атрофии ин масоил бештар таҳқиқ намудаанд, то ки мақом ва ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Синоро дар пешрафти фарҳангу тамаддуни миллӣ ва таърихи илму фалсафа аз нигоҳи воқеъӣ муайян карда шавад.
Мо наметавонем дар як мақолаи чанд саҳифаӣ дар бораи фаъолияти корӣ ва илмии муҳтарам Мусо Диноршоев ба таври васеъ маълумот дод, лекин умедворам, ки ин навиштаи мухтасар ҷавҳари суханро дода бошад. Дар охир, ки аҳли илм ва шогирдони ин устодони илм аз онҳо қадрдонӣ кунанд ва навиштаҳою заҳматҳои онҳоро нодида нагиранд. Дар дунё ҳеҷ вақт инсонҳои идеалӣ шуда наметавонад, чунки худи зиндагӣ дар асоси қонунҳои диалектика сохта шудааст ва инсон танҳо дар ҷараёни бархурд бо ин қонунҳо обутоб меёбад ва пешрафт мекунад. Диалектикаи ин ҷумла шарҳи зиёд мехоҳад, бинобар ин як ишорае ба аҳли фаҳм буд.
Муродова Тоҷинисо
н. и. фал., дотсент, ходими пешбари
илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи
ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
[1]Диноршоев М. Љусторњо дар фалсафаи Ибни Сино. Душанбе, 2017.-С.511