casino malaysia
casino malaysia
Нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилу ташаккули парлумони касбӣ ва густариши дипломатияи парлумонӣ

wrapper

16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони мардумӣ дар шароити барои ҷумҳуриамон ниҳоят мураккаб, тақдири минбаъдаи миллатро ба сиёсатмадорӣ ҷавон ва огоҳ аз вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд. Маҳз дар ҳамин ҷаласа шакли идораи президентӣ мувақатан боз дошта шуда, аз ҷониби вакилон шакли идораи ҷумҳурии парламентӣ дастгирӣ гардид.  Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз лаҳзаи аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, самти минбаъдаи фаъолияти парлумонро ҳамчун мақомоти созандаву ваҳдатофар ва манбаи қабули қонунҳои дар ҳақиқат ифодакунандаи иродаи халқ мушаххас намуданд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи фаъоляти давлат – давлати демокративу ҳуқуқбунёд мушаххас гардида, ба шароити истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шуд.
6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври райъпурсӣ қабул намуд. Тибқи Конститутсияи  мамлакат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии қонунгузори мамлакат муқаррар гардида, иҷлосияҳои он ба таври  даъватӣ баргузор мегардиданд. Интихоботи вакилон ба даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1995 баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар ин марҳила бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ва дастгирии сохторҳои байналмилалӣ ба таври мусолиҳаомез ҳал намудани низоъи мусаллаҳонаи дохилӣ пеша гардида, аввалин музаффариятҳо дар ин роҳ ба даст омада буданд.
Дар ин давра собит гашт, ки парламенти даъватӣ  дигар ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, барои дар сатҳу сифати баланд қабул намудани қонунҳо зарурати ташкили  парламенти касбӣ  ба миён омад.
Бо дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 дар мамлакатамон райъпурсии умумихалқӣ баргузор гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи ин тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пазируфта шуда, барои ба сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо шароит фароҳам оварда шуд. Маҷлиси Олӣ ба мақомоти доимоамалкунанда табдил ёфта, он ҳамчунин мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, хислати касбӣ доштани фаъолияти он муайян карда шуд.
27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва вакилони  парлумони касбӣ интихоб гардиданд.
Баъдан, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМБК ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардида, аз чор як ҳиссаи аъзои онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.
27 марти соли 2000 аввалин ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон ва 17 уми апрели ҳамон сол Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардида парлумони касбӣ дар мамлакат расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Яке аз хусусиятҳои хоси Маҷлиси миллӣ аз он иборат мебошад, ки  аъзои он аксаран аз намояндагони воҳидҳои марзиву маъмурӣ иборат мебошанд. Аз ин рӯ, Маҷлиси миллӣ зимни фаъолияти худ манфиати намояндагони воҳидҳои марзиву маъмуриро ба назар гирифта, назару андешаи онҳоро ҳангоми ҷонибдорӣ намудани қонунҳо ба эътибор мегирад.
Хусусияти хоси парлумони доимоамалкунандаи касбӣ аз он иборат мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи интихоботӣ ба таври озод иштирок намуда, вобаста аз овозҳои бадастомада дар парлумон курсиҳоро ба даст меоранд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар пешрафти кори парлумони касбии Тоҷикистон нақши бузург доранд, зеро маҳз онҳо иродаву манфиатҳои табақаи гуногуни ҷомеаро зимни қабули қонунҳо ҳифз менамоянд.
Аз соли 2000-ум инҷониб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои нахустини ҳайати нави Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иштирок намуда, ҷиҳати баланд бароштани сатҳу сифати  қонунҳо ва ба талаботи замон ҷавобгу будани онҳо ба вакилони тозаинтихоб  дастуру ҳидоятҳои судманро ироа менамоянд.
Зикр кардан бомаврид аст, ки дар таъсиси парлумони касбӣ ва дар сатҳи Конститутсионӣ муқаррар намудани мақому мартабаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши баѓоят калон доранд. Чунончи:
Тибқи моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба вазифа таъин ва ё озод намудани Сарвазири ҷумҳурӣ ва дигар аъзои Ҳукумат барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад.
Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад, номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд, бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод менамояд. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод намуда, фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол менамояд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи Конститутсия халқ соҳибихтиёрии худро бевосита ва ё ба воситаи  вакилони худ амалӣ мегардонад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ ифодакунандаи соҳибихтиёрии халқ мебошанд. Бинобар ҳамин эълон шудааст, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаҳои якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд (моддаи 6). Маҷлиси Олӣ ягона мақомоти дастаҷамъиест, ки аз номи халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад.
Ҳаминро илова кардан зарур аст, ки Президент дар бораи вазъи кишвар дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳое, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (моддаи 70). Ҷиҳати амалисозии ин меъёри Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо Паёми худ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ“ баромад менамояд, ки ин аз арҷгузорӣ ва мавқеи хоссаи конститутсионии парлумони касбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамаи мисолҳои овардашуда, аз мавқеи баланди конститусионии парламенти касбӣ дар сатҳи конститутсия гувоҳӣ медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъкид намуданд, ки    « ... аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо ва таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва сатҳу сифати амалишавии онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 дар назди вакилони мардумӣ вазифа гузошт, ки «фаъолияти онҳо набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад. Яъне вакилон вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода ва пешниҳод намоянд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парламенти касбӣ ҳамкории зич дорад, зеро ӯ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доро буда, ба ғайр аз ин ба воситаи намояндаи ваколатдори худ дар Маҷлиси Олӣ дар ҳамаи ҷараёнҳои қонунгузорӣ ширкат меварзад. Ҳамчунин дилхоҳ қонун пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Бевосита бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат дар фаъолияти парламенти касбии доимоамалкунанда таҷрибаи таҳияи ҳуқуқи миллӣ роҳандозӣ гардид, ки самараи онҳо барои таъмини шароити арзандаи зиндагии сокинони кишварамон беназир аст.
Бо роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ, ҳамчунин аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқии Ассамблеяи САҲА, Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва Парламентҳои Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Ассамблеяи парлумонии Осиё гардид.
Маврид ба зикр хос аст, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бинои нави Парламенти мамлакат ба истифода дода шуд, ки бо тамоми шароити муосири кории байналмилалӣ ҷавобгу мебошад. Дар бинои мазкур дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, муҳиммтарин чорабиниҳои сатҳӣ байналмилалӣ гузаронида мешавад. Дар санаи 10-11 октябри соли 2024 баргузор гардидани Конференсияи байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «30 солагии Клнститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иштироки раисони парламенти 7 давлати ҷаҳон,  далели бевоситаи маҳбубияти парлумони мамлакат мебошад.
Бояяд қайд намуд, ки зимни сафарҳои давлативу расмӣ ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи густариш додани робитаҳои байнипарлумониро ба роҳ монда, дар дустии халқҳои ҷаҳон бо халқи тоҷик тавассути намояндагони халқ нақши муҳимеро бозида истодааст. Ҳамзамон, ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ташаккул ёфтани дипломатияи байнипарлумонӣ гашта истодааст, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани нақши Парламент дар мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  илова ворид карда шуда, ҳар сол дар мамлакат 26 сентябр – Рӯзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд  карда мешавад.
Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосгузори   парламенти касбӣ дар мамлакат буда, дар ташаккули ин мақоми олии  қонунгузор ва  дипломатияи парламентарии кишварамон нақши асосиро бозид, ки ин ба баланд гардидани сатҳу сифати қабули қонунҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии он мусоидат намуда истодааст.
 
Ходими калони илмии Шӯъбаи
ҳуқуқи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
номзади илмҳои  ҳуқуқшиносӣ                                                   Идизода Ф.Ф. 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia