casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолияти давлатӣ мояи ифтихори миллат аст

wrapper

Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ барои ҳар як халқу миллати ҷаҳон неъмати беҳтарин ва гаронмоя арзёбӣ шудааст. Расидан ба истиқлолият орзуи деринаи миллатҳои озодандеш, хосса тоҷикон буд. Истиқлолият калиди бахткушои миллат, иди пирӯзиҳои он аст. Инак, 33 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол аст. Дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ноил гардид, хеле бузург аст.
Бояд зикр кард, ки қабули «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» 9 сентябри соли 1991 ва дар ин замина таъсисёбии давлати миллӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакату миллатро ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ кард, аз ҷумлаи санадҳои муҳимми меъёрӣ-ҳуқуқии мамлакати мо ба ҳисоб мераванд.
Ҳар як миллату давлат барои соҳибистиқлолии худ мубориза мебарад, зеро истиқлолият мояи ифтихор, кафолати амнияти кишвар, заминаи пешрафтҳо мебошад. Дар баробари ин, ба даст овардани соҳибистиқлолӣ таърих дорад, ки амалигардии ормонҳои деринаи миллатро инъикос мекунад.
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад ҷомеаи озодандеши моро бедортар намуда, сарнавишти миллати тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Ба арсаи байналмилалӣ баромадани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Фақат дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Алҳол пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо бо ин давлатҳо роҳандозӣ шудааст. Ба туфайли сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 190 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва аъзои қариб ҳамаи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамин тавр, сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар замони Истиқлолият самараи нек ба бор овард.
Мутаассифона, дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба раванди бунёдкорӣ ва давлатсозӣ дар ҷумҳурии тозабунёди мо бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ монеа гардид. Ин ҷанги таҳмилӣ ба сари миллати мо мусибати гарон овард, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии шаҳрвандон шуда, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат кашид. Ин барои миллати мо на танҳо доғи таърихӣ, балки фоҷиа буд.
Маҳз ҷаҳди солимфикрон, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, иқдомҳои оқилонаи Сардори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастии кишварҳои дӯст буд, ки давлату миллати мо аз фалокат наҷот ёфт. Ҳукумати навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аркони давлатдории миллиро эҳё намуда, ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарорсозӣ, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон оғоз бахшад.
Саҳифаҳои таърихи навини кишвар, рушди љомеаи мо тасдиќи он аст, ки соњибистиќлолии давлатї ифтихори миллати тољик, сарбаландии шањрвандони мамлакат аст. Ба шарофати Истиқлолият, мо ба давраи нави таърихамон ворид шудаем, ки ҳамчун давраи рушди босуботу бемайлони иқтисоду сиёсат, илму маориф ва фарҳанги миллӣ муаррифӣ мешавад. Ба туфайли кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон услуби нави миллии идоракунии давлатӣ такмил ёфта, дар меҳвари он модели нави давлатдории миллии тоҷикон бунёд карда шуд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар ин марҳилаи ҳассос Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуд. Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат стратегияҳои ҳадафноки миллиро, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар, баҳри муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат зина ба зина амалӣ мегардонад.
Дар ин давраи таърихӣ пешрафти илм ва маориф низ хеле назаррас аст, ки натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Маҳз дар замони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардид. Ба туфайли таваҷҷуҳу ғамхориҳо сол аз сол некӯаҳволии кормандони соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ афзуда, сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ овард ва илму маърифат боло рафт. Афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ номбар шудани маориф аз нигоҳи давлат дар замони имрӯза моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намоем.Чунин баҳогузорӣ далели он аст, ки маориф ва илм ҳақиқатан дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва Истиқлоли давлатї нақши муҳим мебозад.
 
Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia